04:07:45 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Дарвоз

Худи ҳамин рӯз сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз идома ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи ноҳия шумораи зиёди сокинон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

janob-dar-darvoz-875421Дар маркази ноҳияи Дарвоз деҳаи Қалъаи хумб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои чорошёнаи хонаҳои истиқоматӣ ва филиали бонки Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Тоҷиксодиротбонк” иштирок кард.

Тавре маълум гардид, масоҳати умумии бинои истиқоматӣ 2 ҳазору 485 метри мураббаъро дар бар гирифта, маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 8 миллиону 263 ҳазору 958 сомонӣ мебошад. Филиали бонки Тоҷиксодиротбонк дар масоҳати умумии 347 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Бо кушодани бинои нави филиали Тоҷиксодиротбонк 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Фармоишгар Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» ва пудратчии иншооти замонавӣҶамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Евразия» буда, бинои хонаҳои истиқоматӣ бо системаи гармидиҳии алоҳида пайваст мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо аз моҳи июли соли 2013 оғоз гардида, моҳи июли соли 2015 ба охир расид.

Хонаҳои истиқоматӣ дар масоҳати умумии 1 ҳазору 802 метри мураббаъ бунёд шуда, аз 30 хона, аз ҷумла 9 адад хонаҳои якҳуҷрагӣ ва 21 адад хонаҳои ду ҳуҷрагӣ иборат мебошад. Хонаҳо дар асоси шартнома ва бо нархи дастрас ба сокинони ноҳияи Дарвоз фурухта шудааст.

Баъди ифтитоҳи бинои чорошёнаи хонаҳои истиқоматӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳия оғоз бахшид.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосии ба Вазорати маориф ва илм пешбинигардида бунёд мегардад. Фармоишгар - Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пудратчӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дарвоз-Сохтмон»-и ноҳияи Дарвоз мебошад.

Бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз аз 3 ошёна иборат буда, дар ошёнаи 1-ум - 4 дафтари корӣ, дар ошёнаи 2-юм - 5 дафтари корӣ, 1 утоқи кори мудир бо қабулгоҳ ва дар ошёнаи 3 - юм толори маҷлисгоҳ барои 80 ҷой ва 3 ҳуҷра ҳамчун меҳмонхона ҷойгир карда шудааст.

Арзиши лоиҳавии иншоот 2 миллиону 481 ҳазор сомониро ташкил дода, он бояд соли 2017 бо сифати баланд ва ҷавобгу ба талаботи замон ба истифода дода шавад.

Мавриди зикр аст, ки дар корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ -  сокинон аз худи ноҳияи Дарвоз ҷалб гардидаанд, ки ин ҳам як тадбири муҳим дар роҳи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо кормандони бахши маорифи ноҳия, ки дар маҳалли сохтмони Шуъбаи маориф ҷамъ омада буданд, оид ба рушди соҳаи маориф, тадбирҳои Ҳукумати кишвар баҳри пешрафти ин бахши пешбарандаи ҷомеа, дастгирии аҳли зиё андешаронӣ карда, аз омӯзгорон беҳтар кардани сифати таълиму тарбияро талаб намуд.

Баъди оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Даштаки ин ноҳия ташриф оварда, аз корхонаи коркарди санги “Карона - мармар” боздид ба амал овард.

Корхонаи саноатии Карона - мармар аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ аз Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз сохта шудааст. Дар корхона зиёда аз 30 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

Таҷҳизоти муосири корхонаи мазкур аз хориҷи кишвар дастрас гардида, тамоми амалиёти коркарди санги мармарро худи дастгоҳ иҷро менамояд.

Барои татбиқи лоиҳаи таъсиси корхона, ки аз чанд марҳила, аз ҷумла ҷиҳозонидани коргоҳ бо дастгоҳҳои муосир,  ноҳияи Дарвоз, коркард бо сифати аълои ҷавобгу ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва содироти он ба хориҷ иборат аст, дар маҷмуъ 4 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳудуди корхонаи Карона мармар Президенти Џумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи коргоҳи замонавии Карона- Гавҳарнигор иштирок намуд.

Аснои шиносоӣ аз кори коргоҳ ба сарвари Давлат иттилоъ дода шуд, ки аз 75 намуд сангҳои нимқиммат ва қимматбаҳо ороишоти гуногун тайёр карда мешавад.Айни ҳол 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, пас аз фаъол намудани хатҳои нави истеҳсолӣ шумораи кормандон афзун мегардад.

Роҳбарияти корхонаи Карон-Гавҳарнигор бо мутахассисони Украина фаъолияти худро ба роҳ монда, нақша доранд нозукиҳои ин касбро дар таҷҳизоти навтарин ба мутахассисони маҳаллӣ омузонанд.

Президенти Џумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона дастур доданд, ки сангҳои нимқиммат ва қимматбаҳо дар сатҳи баланд коркард шуда, ба бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти баландсифату рақобатпазир пешниҳод карда шавад.    

Баъди ифтитоҳи корхонаи Карона - мармар аз деҳаи Даштак Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Умараки ин ноҳия омада, дар вазъияти тантанавӣ бинои Маркази омӯзиши ҳунарҳои кохи бонувон бо номи Меҳри модарро, ки барои 200 нафар пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ намуд.

Маркази бонувон бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. Кохи бонувон аз 3 ошёна иборат буда, ба таври замонавӣ сохта шудааст. Дар он таълимгоҳ, корхонаи муосири дӯзандагии либосҳои миллию аврупоӣ ва коргоҳи қолинбофӣҷойгир карда шудааст.

Дар баробари ин дар ошёнаи дуюми Кохи бонувон намоишгоҳи либос, хонаи ақди никоҳ, кошонаи ҳусн ва маркази таълимоти дизайнерӣ мавҷуд аст.

Ошёнаи сеюми Кохи бонувон аз ошхона барои коргарони марказ, инчунин барои меҳмонҳо иборат буда, дар ин ҷо ҳамчунин маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ-таомпазӣ, қаннодӣ ва хизматрасонӣ фаъолият мекунад.

Дар Кохи бонувон имкон аст, ки аз кишвари дӯстуҳамсояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон духтарон барои омӯзиш қабул карда шаванд. Ва тавре маълум гардид аллакай 1000 нафар духтарон аз давлати ҳамсояи Афғонистон барои омӯзиши касб дар ин кохи бузурги бонувон номнавис шудаанд.

Хароҷоти умумии ин маркази 3,5 миллион сомониро ташкил дода, он барои бо ҷойи кор таъмин кардани 500 нафар пешбинӣ шудааст.

Тамоми таҷҳизоти дӯзандагии Кохи бонувон аз Олмону Япония тариқи лизинг ворид гардида, беҳтарин дастгоҳ дар ҷаҳон мебошад.

Дар Кохи бонувон бо номи Меҳри модар осорхонае мавҷуд аст, ки дар он тамоми навъи кашидадӯзиҳои миллӣ нигоҳ дошта мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ба омухтани бозори дохилӣ ба бонувон дастуру ҳидоятҳо дод.  

Дар ҳаминҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба 5 ҷуфти хуштолеъи навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳро супорида, ба онҳо хушбахтӣ ва хонаи обод таманно кард.

Аз номи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки худи кохи бонувон бо ташаббуси созандаи Сарвари давлат бунёд шудааст, ба ин маркази касбомӯзӣ як адад автобуси нав тақдим карда шуд. 

Дар ноҳияи Дарвоз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон инчунин ошхонаи навбунёди қисми ҳарбии рақами 2711-и Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд. Бинои ошхона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ баҳри беҳбудии фаъолияти ҳайати қисми ҳарбӣ сохта шудааст.

Он бо таври замонавӣ сохта шуда, тамоми таҷҳизот ва ашё ҷавобгу ба стандартҳои замони ворид гардидааст. Ошхона барои зиёда аз 200 нафар афсарону сарбозон пешбинӣ шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо истифода аз имконияти маҳалли сохтмони ошхона барои васеъ кардани толори он тадбирҳои иловагӣ андешанд. Барои сохтмони бинои иловагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин маслиҳатҳои муфид дод.

Толори варзишии қисми низомӣ бо дастгоҳҳо ва дигар таҷҳизоти лозимӣ барои машқу тамрини афсарону сарбозон низ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ пурра таъмин карда шудааст. Дар ҳудуди ин қисми низомӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозон мулоқот карда, онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи ватан-модар ҳидоят намуд.

Дар маркази ноҳияи Дарвоз деҳаи Қалъаи хумб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ меҳмонхонаи шашошёнаи замонавиро ифтитоҳ кард. Меҳмонхонаи Карон Палас дар маркази ноҳия бо тарҳи замонавии меъморӣ бунёд шудааст.

Мақсади асосии бунёди меҳмонхона ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мебошад. Он аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби сармояи соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Меҳмонхона дорои 45 ҷой буда, дар он 30 нафар сокинони ноҳия бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Тамоми таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимоти меҳмонхона, инчунин хизматрасонӣ вобаста ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ таъмин карда шудааст.

Меҳмонхонаи Карон Палас дорои хизматрасониҳои васеъ, аз ҷумла саёҳати меҳмонон ба ҷойҳои тамошобоб пешбинӣ гардидааст. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳия суҳбати самимӣ доир кард.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi