17:03:18 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Муовини барканоршудаи вазири дифоъ ба Ромит паноҳ бурдааст

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо номи ҲоҷӣҲалимро "бинобар сабаби содир намудани ҷиноят" аз вазифааш озод кардааст.

abduhalim-nazarzoda-8956452.jpgРӯзи 4 сентябр бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо номи ҲоҷӣҲалим аз мақоми муовини вазири дифои Тоҷикистон "бинобар сабаби содир намудани ҷиноят" озод карда шуд. Дар қарори ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, чӣ гуна ҷиноят кардани Абдуҳалим Назарзодаро шарҳ надодаанд. Аммо барканории Назарзода, аз фармондеҳони собиқи мухолифин, ҳамагӣ чанд соат баъд аз ду ҳамлаи мусаллаҳонаи шаби 4 сентябр содир шудааст. Бар асари ду ҳамла алайҳи шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва як посгоҳи пулис дар наздикии фурудгоҳи Душанбе 10 нафар, аз ҷумла 8 корманди милиса, ҷон бохтаанд.

Мақомот мегӯянд, то кунун Абдуҳалим Назарзода боздошт нашудааст ва бино ба иттилои расмии Вазорати корҳои дохилӣӯ ва ҳамроҳонаш ба Ромит паноҳ бурдаанд. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки полковники Вазорати дифоъ Ҷунайдулло Умаров низ бо Абдуҳалим Назарзода якҷоя буда, амалиёти боздошти онҳо ва ҳамроҳонашон дар ин минтақа идома дорад. Ба иттилои манобеъ, Зиёвиддин Абдуллоев, ки раҳбари ҳамлагарон ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат гуфта мешавад, аз наздикони Ҷунайдулло Умаров будааст.

То ҳол далели чунин бархӯрди ду мақоми Вазорати дифои Тоҷикистон ва ҳамроҳонашон маълум нест ва агарчӣ мақомот онро "тарҳрезишуда" ва "амали террористӣ" медонанд, аммо иллатҳои ҳамла дар Душанбе ва Ваҳдатро то ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Генерал-майор Абдулҳалим Назарзода моҳи январи соли 2014 муовини вазири дифои Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ то он вақт дар мақоми сардори Раёсати хадамоти қушӯн ва бехатарии Вазорати дифои Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Вай 51 сол дошта, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ аст. ҲоҷӣҲалим, ки замони даргириҳои дохилӣ аз фармондеҳони мухолифони тоҷик дар Кофарниҳон буд, соли 1997, баъди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон бо пешниҳоди Саид Абдуллоҳи Нурӣ командири баталёни 25 шуд ва вазири дифои вақти Тоҷикистон ба ӯ рутбаи полковникиро дод. Аз соли 2003 то 2005 шунавандаи Академияи ҳарбии Фрунзеи Маскав будааст.

Худи ӯ соли 2013 дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ сирри муваффақияташро ба он рабт дода буд, ки аз аввалинҳо шуда силоҳояшро супоридааст ва аз аввалинҳо шуда, шишаҳои сиёҳи мошинашро пок намудааст.

"Ман ҳамеша ба қонун итоат карда будам. Аз ман мепурсиданд, ки ҳамчун фармондеҳ чӣ орзу доред, ман посух додам, ки орзуи ягонаи ман дар кӯчаи Душанбе бе муҳофизу бе силоҳ гашта тавонам, бо фарзанду набераи худам. Бовар мекунед, ман баъзан аз фармондеҳ будан шарм мекардам. Шарм мекардам, ки дар тан ҳамин либоси палангиро дорам. Аз соли 1997, ки ман ба Душанбе омадам, коре накардам, ки маро ба зиндон ё ҷанг кашад. Ҳар кас барои амалаш бояд худаш ҷавоб диҳад," - афзуда буд ӯ.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi