ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБОТИ ШАФФОФРО ВАЪДА МЕДИҲАД
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар дидори навбатӣ бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ шаффофияти интихоботи парлумониро кафолат дод ва хамчунин аз мақомоти иҷроия такозо кард, ки дар ташкили як парлумони демократӣ мусоидат кунанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аҳзоби сиёсиро ба эҳсоси масъулият дар баробари пешбарии номзадҳо ба курсии намояндагӣ даъват кард ва гуфт, номзадҳои аҳзоб бояд танҳо бо татбиқи афкору ғояҳои ҳизби худ маҳдуд нашаванд ва дар андешаи манофеъи миллӣ бошанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ниҳодҳои ҳукуматӣ набояд ба ҷараёни маъракаи тарғиботӣ дахолат кунанд. Интихоботи карибулвуқӯъ, афзуд президент Раҳмон, бояд бар пояи меъёрҳои демократӣ баргузор шавад ва ҳама бояд аз шароити баробари ширкат дар он бархурдор бошанд.
Дар гузашта созмонҳои байналмилалии нозири интихобот дар Тоҷикистон ин равандро ғайримунсифона ва ба фоидаи ҳизби ҳоким унвон кардаанд. Дар ин авохир, ин бори чандум аст, ки президент Раҳмон ваъдаи замонати интихоботи шаффофро медиҳад. Намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон қабл аз ин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ низ мегуфтанд, меҳвари хостаҳояшон аз раисҷумҳур кафолати ҳамин гуна як интихоботи шаффоф ва демократист.
То куҷо умедҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз ин дидор бо раисҷумҳур бароварда шудааст, дар наздиктарин фурсат дар ҳамин ҷо хоҳед хонд.
«Озодӣ»