19:22:29 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мулоқот бо роҳбарон ва сокинони шаҳри Турсунзода

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода баъди мулоқот бо фаъолони шаҳр анҷом ёфт.

tursunzoda_muloqot_1245455.jpgЗимни ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода роҳи мошингарди Душанбе - Турсунзода, Бинои Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи «Спитаменбонк», Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18, Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 119 - ро ифтитоҳ намуда, аз хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», «Ватан» ва Боғи Сомон боздид ба амал овард.

Ҳангоми ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо коргарон ва хонандагону омӯзгорон оид ба татбиқи сиёсати ҳукумати кишвар баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ ва корҳои ободонию созандагӣ мулоқоту суҳбатҳои самимӣ доир намуда, бо шароити кору зиндагӣ ва таҳсили наврасону ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ шинос шуд.

Сипас дар маркази шаҳр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди сокинон, ки барои мулоқот ҷамъ омада буданд, суханронӣ карда, оид ба вазъи корҳои ободонию созандагӣ, дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, комёбиҳои мардуми меҳнаткаши ин шаҳри саноатию аграрӣ, ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаю бобарори Ҳукумати мамлакат ва таассуроти хеш аз сафари корӣ андешаронӣ намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои гуногун ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми шаҳри Турсунзодаро аз баракати сулҳу суботи устувор, ваҳдати миллӣ, сиёсати ояндадори Ҳукумати мамлакат ва пуштибонии халқ аз он маънидод кард.

Сарвари давлат ба сокинони сарбаланди шаҳри Турсунзода барои заҳмати созандаву фидокорона ва пазироии самимӣ, ки нишонаи возеҳи ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат аст, изҳори сипос намуд.

Оид ба пешрафту тараққиёти шаҳри Турсунзода давоми 10 соли охир андешаронӣ карда, Президенти мамлакат изҳор дошт, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои ободиву пешрафти шаҳр зиёда аз 800 миллион сомонӣҷудо гардида, он барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун, сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳо равона гардидааст.

Аз соли 2004 то имрӯз дар шаҳри Турсунзода 5 лоиҳаи муштараки сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 230 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, аз он се лоиҳа ба маблағи 180 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2015-2019 татбиқи 173 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти шаҳр бо маблағи умумии 545 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар барномаи мазкур афзалияти бештар ба иқтидори соҳаҳои воқеии иқтисодиёти шаҳр дода шудааст, зеро 106 лоиҳа ба маблағи 499 миллион сомонӣ ё 92 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои пешбинигардида ба бахшҳои воқеии иқтисодиёти шаҳр рост меояд, изҳор дошт Президенти мамлакат ва афзуд, ки ҳамаи чорабиниҳое, ки имрӯз аз тарафи Ҳукумати кишвар дар шаҳри Турсунзода амалӣ шуда истодаанд, барои рушди минбаъдаи шаҳр ва инкишофи ифрасохтори он, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум равона шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ инчунин оид ба корҳои ободонӣ, рушди соҳаи боғдорию зироаткорӣ, амалисозии чораҳои зиддибӯҳронӣ, таъсири падидаҳои номатлуби ҷомеа ба тарбияи ҷавонон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташаббуси соҳибкорони ватанӣ андешаронӣ карда, сокинонро ба корҳои созандагӣ, дурӣҷустан аз расму бегонапарастӣ, ифтихор аз ватандорӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи хештаншиносӣ ва риояи қонуну қарорҳо даъват намуд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла Мунира Эгамова - момодояи беморхонаи марказӣ, Шаҳзоди Сунатулло - коргардони Театри халқии шаҳри Турсунзода, Гулнора Каримова - директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и ҷамоати деҳоти Навобод суханронӣ карда, дар баробари пешниҳоди таклифи хеш ба Сарвари давлат барои тамоми ташаббусҳои созанда, дастгирии ҳамаи табақаҳои ҷомеа ва таъмини шароити беҳтарин барои кору зиндагӣ ва таҳсил изҳори сипос намуданд.

http://president.tj/

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi