20:08:35 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Кормандони пулис Бузургмеҳр Ёровро ба УБОП бурданд

Кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи (УБОП) Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вакили мудофеи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро барои пурсиш бурдаанд.

buzurgmthr-yorov_98989845.jpgКумитаи дифоъ аз боздоштшудагони ҲНИТ мегӯяд, ки рӯзи 28 уми сентябр кормандони Расёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ ба дафтари адвокатури "Сипар" омада ва вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёровро бо худ бурданд.

Ба гуфтаи Ҷамшед Сафаров, ёвари раиси Кумитаи дифоъ аз боздоштшудаҳои ҲНИТ, кормандони пулис тақрибан соати 10 имрӯз ба дафтари онҳо ворид шуда ва санадҳои марбут ба парвандаҳои аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро бурда ва аз вакили мудофеъ даъват карданд, ки ба барои пурсиш ба вазорат ҳозир шавад.

Вай афзуд, дар соати тақрибан 14 кормандони пулис дигарбора вориди дафтари "Сипар" шуда ва Бузургмеҳр Ёровро бо худ бурданд.

Ба гуфтаи Ҷамшед Сафаров, санадҳое, ки кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта аз мизи Бузургмеҳр бо худ бурданд, бахше аз аризаҳои наздикони боздоштшудаҳои ҲНИТ буданд, ки барои мулоқот бо боздоштшудаҳо дар СИЗО аз ҷониби вакили мудофеъ мебоист ба шӯъбаи тафтишотии Додситонии кулл пешниҳод мешуданд.

Бузургмеҳр дар нимаи аввали ҳамин рӯз ба мо гуфта буд, ки аризаҳои наздикону пайвандони боздоштшудаҳои ҲНИТ-ро барои дарёфти иҷозаи мулоқот ба Додситонии кулл ироа хоҳад кард.

Кумитаи ҷамъиятии навтаъсиси дифоъ аз ҳуқуқи узви боздоштшудаҳои ҲНИТ ҳам маҳз ба хотири ошкорсозии қонуншиканӣ алайҳи онҳо ҳимояву кӯмак ба наздиконашон рӯзи 23 юми сентябр таъсис ёфтааст. Ин кумита мегӯяд, дар ҳоли ҳозир аз ҳисоби худ 7 узви раёати олии ҲНИТ-ро, ки дар боздоштгоҳқарор доранд, бо вакили дифоъ таъмин кардааст ва дар сурати муроҷиати наздикони боздоштшудаҳои дигар, ҳимояи онҳоро ҳам ба дӯш хоҳанд гирифт.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Додситонии куллии Тоҷикистон рӯзи 28-уми сентябр ба мо гуфт, ки рӯзи ҷумъаи гузашта бо пешниҳоди як дархост ба Додгоҳии олӣ, қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тақозо кардааст. Манбаъ афзуд, ки ин дархост бар асоси парвандаҳое, ки ахиран алайҳи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боз шудаанд, пешниҳод шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки бар иловаи парвандаҳое, ки дар ин дархост зикр шудаанд, як гузориши ҷудогона дар мавриди ҳаводиси ахири ҳамлаи генерал Абдуҳалим Назарзода ва шариконаш барои қатъи фаъолияти ин ҳизб, ба Додгоҳи олӣ пешниҳод шудааст.

Аммо Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон аз расидани ҳамчунин дархост аз сӯи Додситонии кулл изҳори бехабарӣ кард. Ин манбаъ афзуд, ки чунин дархост шояд расида бошад, аммо то кунун онҳоро дар ҷараён нагузоштаанд.

13 узви баландпояи ҲНИТ рӯзҳои 16-17 сентябр дар манзили ва кӯча боздошт шудаанд. Мақомот тоҷик онҳоро дар тарҳрезии ҳамлаҳо ба чанд иншооти муҳими давлатӣ, муттаҳам медонанд. Ба иттилои мақомот нақшаи ин ҳамлаҳо ҳини бозҷӯии ниҳодҳои амниятӣ аз дафтари кории масъулони ҲНИТ дарёфт шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ва ҳам раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабириро, ки ҳамакнун дар хориҷ ба сар мебарад, дар ҳамлаҳои генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ба нерӯҳои интизомӣ айбдор мекунад. Аммо Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ин иттиҳомро радд кардаанд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi