ТОҶИКОНИСТОН ВА СТРАТЕГИЯИ ТОЗАИ ОБАМА
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон эъзоми нерӯҳои тақвиятии Амрико ба Афғонистонро дар барқарории субот дар ин кишвар омиле муҳим хондааст. Ба гуфтаи Давлаталӣ Назриев, сухангӯйи ин вазорат, давлати Тоҷикистон аз ҳар гуна иқдом барои барқарории сулҳу субот дар кишвари ҳамсоя, ҳамзабону ҳамфарҳанги Афғонистон пуштибонӣ хоҳад кард.
Оқои Назриев баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе дар як нишасти матбӯъотӣ таъкид карда, ки эъзоми 30 ҳазор нерӯи тозанафаси Амрико ба Афғонистон метавонад дар роҳи муқобала бо нерӯҳои Толибон ва гурӯҳҳои мутаъаллиқ ба Алқоъида ва таъмини амният дар ин кишвар кумак кунад. Усмон Солеҳ, сухангӯйи ҳизби ҳокими халқӣ-демократики Тоҷикистон, низ гуфт, ки ин ҳизб аз тақвияти нерӯҳои Амрико дар Афғонистон истиқбол мекунад.
Ба гуфтаи оқои Солеҳ, ахиран дар манотиқи шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, нерӯҳои Толибон ва гурӯҳҳои ба гуфтаи вай терруристие чун Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон фаъол шуда ва барои амнияти Тоҷикистон хатар эҷод кардаанд. Ӯ гуфт, ки мумкин аст бархе аз нерӯҳои тақвиятии Амрико дар ин манотиқ мустақар шаванд ва ин амр ба беҳбуди вазъи амниятӣ дар навоҳии шимоли Афғонистон мусоъидат хоҳад кард.
Масъулони ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, аз аҳзоби умдаи мухолиф, низ аз тасмими Борок Обама дар мавриди эъзоми нерӯҳои тақвиятӣ ба Афғонистон пуштибонӣ карда ва онро барои истиқрори субот дар ин кишвар гоме муҳим хонданд. Шокир Ҳакимов, муъовини аввали раҳбари ин ҳизб, ба Би-би-сӣ гуфт, ки барқарории сулҳу субот дар Афғонистон бар манфиъати Тоҷикистон аст ва роҳро барои ҷалби сармояи бештари хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар боз хоҳад кард.
Ҳамчунин, ба эътиқоди оқои Ҳакимов, ҳузури нерӯҳои бештари Амрико дар Афғонистон ба нафъи Тоҷикистон буда ва ин кишвар метавонад аз тариқи тронзити колоҳои ғайринизомии Амрико ба Афғонистон суди зиёде ба даст оварад. Ҳамзамон, ӯ дар ҷадвали замонии хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ибрози тардид карда ва гуфт, ки ин нерӯҳо ба муддати тӯлонӣ дар ин кишвар боқӣ хоҳанд монд ва ҳам вазъи Афғонистон ва ҳам мамолики минтақаро назорат хоҳанд кард.
Аз сӯйи дигар, Маҳмадалии Ҳайит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз аҳзоби дигари мухолиф, гуфт, ки бо зӯри силоҳ ва нерӯ мушкили Афғонистон ҳал нахоҳад шуд. Ба унвони мисол, вай гуфт, ки ҳузури нуҳсолаи артиши беш аз 100-ҳазорнафараи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон натавонистааст суботро дар ин кишвар барқарор кунад ва давлати дастнишондаи Шӯравӣ дар онҷо пойдор бимонад.
Оқои Ҳайит гуфт, ки афғонҳо ҳузури нерӯҳои хориҷиро дар кишварашон таҳаммул намекунанд ва аз ин лиҳоз, танҳо аз тариқи эъломи оташбаси умумӣ ва оғози музокироти сулҳ бо фармондеҳони мӯътадили ҷунбиши Толибон ба сулҳу субот дар Афғонистон даст ёфтан мумкин аст. Ӯ гуфт беҳтар аст аз ҷумлаи сарони қавму қабоили афғон, намояндагони давлату мухолифон, як кумисиюни мусолиҳаи миллӣ таъсис шуда ва роҳҳои ҳалли мушкили Афғонистон дар гирди мизи музокирот баҳсу баррасӣ шавад.
Ин масъули ҳизби наҳзати исломӣ таъкид кард, ки имкон дорад нерӯҳои хориҷӣ дар марзҳои давлатии Афғонистон мустақар шуда ва аз вуруди гурӯҳҳои террурист ва ифротгаро ба ин кишвар ҷилавгирӣ кунанд. Бархе аз мсъулони ҳизби кумунисти Тоҷикистон низ, ки зоҳиран бо эъзоми нерӯҳои тақвиятии Амрико ба Афғонистон мухолифанд, иброз доштанд, ки нерӯҳои Амрико ва НОТУ наметавонанд дар Афғонистон пирӯз шаванд.
Аз ҷумла Субҳон Сафеъаллоев, дабири аввали ҳизби кумунист дар шаҳри Душанбе, гуфт, ки ҳадаф аз фиристодани 30 ҳазор нерӯи тозанафас ҳузури доимӣ дар Афғонистон маҳсуб мешавад. Оқои Сафеъаллоев гуфт, ки бад-ин тартиб Амрико қасд дорад нуфузи Русия, Чин ва Эронро дар минтақа коҳиш дода ва минтақаро таҳти назорати худ бигирад.
Ҳамзамон, ӯ муқоисаи ҳузури Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико дар Афғонистонро нодуруст хонда ва таъкид кард, ки давлати шӯравии пешин дар ин кишвар роҳу корхона ва бемористону мадорис месохт ва ба мардуми афғон кумакҳои фаннӣ ироа мекард. Аммо ба гуфтаи Субҳон Сафеъаллоев, Амрико ва НОТУ дар роҳи беҳбуди вазъи зиндагии мардуми афғон кори чашмрасе анҷом надодаанд ва натавонистаанд аз афзоиши бесобиқаи тавлиди маводди мухаддир дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунанд.
Би-Би-Си