12:36:16 02-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Август 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҷойгоҳи дин дар давлати дунявӣ

Файзулло Баротзода – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазъияти пуртазоди байналмилалӣ ва бархӯрди тафаккуру зеҳнияти қавму миллатҳои гуногуни ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи муайян кардани модели муваффақонаи давлатдориеро, ки дар он дурахши як сиёсати барозандаи мардумсолорӣ, тартибу интизоми иҷтимоӣ, рушди мунтазами иқтисодиёт ва некӯаҳволии аҳолӣ эҳсос шавад, ба проблемаи ҳаётан муҳим табдил додааст.

fayzullo-barotzoda_45124545.jpgБа таври ғайри чашмдошт дар оғози асри XXI андешаи динӣ яке аз муаммоҳои ташаккули низоми сиёсӣ дар кишвар¬ҳои Шарқи мусулмонӣ гардида, зарурати таҷдиди дубораи имонию эътиқодӣ кардан ба дини пайравидошта-ашон пеш омадааст. Агар ба таъбири исломӣ онро маънидод кунем, бояд тоза аз арза намудани калима оғоз кунем. Маъмулан раванди ҷаҳонишавӣ, осон шудани рафтуомади байни кишварҳо, афзоиши миқдори аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва омезишу бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо сабаби зиёдаравӣ ва хушунат дар рафтору муомилаи қавму миллатҳо ва кишвару минтақаҳо гардидааст.

Вале аҷобат дар он аст, ки дар ҷаҳон раванди истилои фарҳангӣ-маънавӣ хеле босуръат ҷараён дорад, аммо дар масъалаи ҳамгироии иқтисодию истеҳсолӣ, дастгирии кишварҳои рӯ ба рушд ва инвеститсияи мақсаднок барои пешрафти воқеии онҳо ташаббусҳои ҷолиб кам ба назар мерасанд. Мушкил он аст, ки акнун ҳама гуна низоми сиёсиро ин ё он гурӯҳи ба истилоҳ дунёситез ва уқбодӯст зери тозиёнаи танқид қарор дода истодаанд. Магар заминаҳои пайдоиши дунёситезӣ танҳо дар фарҳанги Шарқи мусулмонӣ нуҳуфта аст?!

Бояд гуфта шавад, ки низоми дунявият дар сиёсат як шакли сиёсии таъмин¬кунандаи озодии эътиқод буда, ҳеҷ гоҳ даъвои ҳамчун идеологияи динӣ ё бединӣ будан дар ҷомеаро накардааст. Вале дар шароити бархӯрди андешаҳои мухталиф дар ҷомеаи шаҳрвандӣҳоло василае беҳтар аз роҳу равиши тафаккури дунявӣ барои ҳалли нофаҳмиҳо ва ҳамзистии қишрҳои гуногуни ҷомеа пайдо накардаанд. Бояд донист, ки дунявият гуфтан маънои атеизмро надорад, баръакс барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандии муосир бояд тамоми қишру табақаҳо, намоянда¬гони адён ва пайравони ҷаҳонби-нии ғайридинӣ бо ҳам тавофуқ кунанд.

Дунявият ҳам ифротгароии атеистӣ ва ҳам ифротга¬роии диниро қабул надорад. Айният додани атеизм ва дунявият хатои маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсӣ истифода мебаранд. Бо назардошти ҳамин омилҳо моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин сароғоз гирифт: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд». Ҳанӯз 21 сол пеш шаҳрван¬дони ҷумҳурӣҷонибдории худро барои эъмори давлати навини тоҷикон баён намуда буданд, ки меҳвари бунёдии онро демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ будан ташкил медиҳад. Ва ҳамин арзишҳо пойдевори рушди устувор ва дастовард-ҳои кунунии мо гардиданд.

Аслан барои рушди давлати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шинохти дуруст ва таърифи возеҳи мафҳуми дунявият зарур аст. Гурӯҳу ҷараёнҳои гуногун баъзан истилоҳи дунявият (секуляризм) ва илҳод (атеизм)-ро омехта мекунанд, бад-ин васила дар фазои иттилоотӣ тасаввуроти нодуруст пайдо мешавад ва дар зеҳну равони мардум як эҳсоси нобоварӣ ба сохтори сиёсӣ ва низоми давлатдории дунявӣ ба вуҷуд меояд. Чунин рафтор ба баҳодиҳии арзишҳо ва муқаддасоти динӣҳам таъсири номатлуб мерасонад.

Ҳоло таърифи қабулшудаи давлатӣ дунявӣ чунин аст: “Давлати дунявӣ давлатест, ки дар он ба ҳеҷ гуна дини расмии давлатӣ ва таълимоти динӣ бартарият ва афзалият дода намешавад. Хусусияти дунявӣ доштани давлат чунин пешбинӣ менамояд, ки давлат ва итиҳодияҳои динӣ аз ҳамдигар ҷудо буда, онҳо метавонанд дар доираи қонунгузории амалкунанда кору фаъолият кунанд. Дар айни замон низоми дунявии давлатдорӣ ба фаъолияти итиҳодияҳои динӣ, бовару эътиқод ва озодии виҷдони шаҳрвандон заминаҳои мусоид фароҳам месозад.          

Ҳамзамон бояд иқрор намоем, ки масъалаи таносуби мутақобилан судманди давлати дунявӣ ва дин дар ҷомеаи тоҷик мавзӯи асосии баҳси доираҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва ақлию зеҳнӣқарор гирифтааст. Дар шароити кунунӣ ақидае роиҷ гардид, ки табақаи рӯҳоният одатан низоми дунявии давлатдории миллиро хилофи ислом ва омили ко¬ҳи¬ши дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона, имрӯз тамоюли дуруст баҳо додан ба масъалаи таъсири низоми дунявии давлатдорӣ ба дин байни сокинони кишвар дар ҳоли рӯ ба афзоиш қарор дорад ва низоми дунявии давлат омили муҳим барои таъмини пешрафти дин дониста мешавад.

Вале ҳанӯз ақаллияти оштинопазир ба низоми давлатдории дунявӣ вуҷуд дорад. Ин чунин маъно дорад, ки то ҳол доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми дунявии давлатдорӣ дар фарҳанги миллии мо проблемаҳо ҷой доранд. Аз ин рӯ, пойдории истиқлолияти давлатии Тоҷикис¬тон ва манфиатҳои волои давлату миллат қотеъона талаб менамояд, ки асосноккунии илмӣ-методологӣ доир ба беҳбуди вазъият ва пайдо кардани роҳҳои наздикшавии тарафҳо ба ҳадафи асосӣ таҳия гардад ва комилан дигар кардани муносибат дар ин самт ба эътибор гирифта шавад.

Дар доираи тафаккури дунявӣ бояд шароите эҷод шавад, ки дар он тамоми ақидаи солим ва муҳокимаронии мантиқӣғунҷоиш пайдо карда тавонад. Ва баръакс, бояд ҳама гуна мафкураи хусусияти зиёдаравӣ ва тундгароӣ дошта баҳои сазовор гирифта, тадриҷан аз фазои иттилоотӣ берун оварда шавад. Набояд фаромӯш кард, ки гурӯҳҳои хурди аз оламу одам норозӣ зуд бо ҷараёнҳои хатарзо ҳамақида мешаванд, рафторҳои эътирозӣ баён мекунанд ва бетағйир боқӣ мондани чунин ақидаи ҷомеапазирии онҳо оқибатҳои нохуб ба бор оварда метавонад. 

Ҳарчанд дар низоми давлатдории дунявӣ иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо ҳастанд, вале давлати дунявӣ ба дин ҳамеша ҳамчун ҷузъи устувори фарҳанги миллӣ муносибат мекунад ва ҳатто барои рушди дин ба ҳайси падидаи бузурги фарҳангӣ-ахлоқӣ шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ муҳайё месозад. Вале бояд ба эътибор гирифт, ки ҷонибдорони ягонагии дину сиёсат ҳанӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон кам нестанд. Зиёда аз ин, табақаи рӯҳоният дар масъалаи ҳамкории софдилона ва мухлисона кардан бо ҳокимияти давлатӣ то сатҳи масъулиятшиносии ватандӯстона такомул наёфтааст. Зеро ин тоифаи мардум дар зери мафҳуми ҳамкории сиёсӣ иштироки фаъоли рӯҳоният ва ҳизбҳои сиёсӣ-диниро дар идоракунии бевоситаи давлат мефаҳманд.

Мутаассифона, дар тасаввури онҳо ақидаи имконпазир будани шомилшавии намояндагони рӯҳоният ба сафи ақаллияти созандаи умумимиллӣғунҷоиш надорад. Мушкили дигар он аст, ки онҳо таълими диниро ҷузъи маорифи миллӣ надониста, онро бо таълими технократӣ муқобил мегузоранд. Ин шакли тафаккур тақрибан дар аксари кишварҳои арабӣ-мусулмонӣ тасаллут дорад, ки аз маърифати пасти ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии ғайриилмӣ ва надонистани меъёрҳои қонунгу¬зории амалкунандаи давлати дунявӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ гувоҳӣ медиҳад.

Дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, кафолатҳо ва озодиҳои сифатан нави конститутсионӣ барои болоравии худшиносии солими динӣҳам шароит муҳайё сохтанд ва дар замири аксари кулли шаҳрвандон новобаста ба мансубияти иҷтимоӣ ва сатҳи маърифати дунявӣ эҳтиёҷ ба таълими дурусти динӣ, риояи қудсияти имону эътиқод ва пазируфтории анҷом додани корҳои хайру савоб зоҳир гардид. Ин як падидаи мусбат ва талаботи равонию рӯҳонии шаҳрвандӣ аст ва ақидаи зиёдаравони рӯҳониро дар бобати хусусияти зиддидинӣ доштани низоми дунявии давлатдорӣ комилан рад мекунад. Баръакс, воқеият нишон медиҳад, ки низоми дунявии давлатдо¬рӣ рушди озодонаи динро таъмин намуда, онро аз хусусияти иҷборӣ касб кардан озод кардааст.

Акнун бо боварии комил гуфта метавонем, ки раванди ташак-кули низоми сиёсӣ ва анвои мухталифи инфрасохтори давлати миллӣ ба таври амудию уфуқӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқи меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд шудааст, Тоҷикистон ҳамчун субйекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст ва дар бахши иҷтимоиёту иқтисодиёт қадамҳои устувор гузошта, барои расидан ба се ҳадафи асосии стратегӣ корҳои зиёде роҳандозӣ мегарданд. Вале ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дорои марҳила ва зинаҳои гуногуни рушд аст.

Ва табиист, ки ҳангоми паймудани роҳи душворписанди он ҳолатҳои буҳронӣ, низоъҳои сиёсию идеологӣ ва кӯшишҳои пешниҳоди роҳу равиш ва ҷаҳонбинию мафкураи тамоман дигаргуна иттифоқ меафтад. Бартарии вазъияти кунунии мо дар он аст, ки мо давлати миллӣ дорем ва дар он тамоми аркону атрибутҳои давлатдорӣ ва зербунёди сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ барқарору бардавом шудааст.

Ҳоло тақозо мешавад, ки нақши давлати дунявӣ дар ташаккули андешаи миллӣ ва густариши он андаруни ҷомеаи шаҳрвандӣ сароҳатан муайян гардад. Яъне, барои ноил шудан ба модели давлатдории муосир ҳамоҳангӣ ва ҳамкории се омили асосӣ – давлати миллӣ, андешаи миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шарт ва зарур аст. Давлати миллии тоҷик ҳадди ақалл дар тӯли соли равон рақобатпазир буданро дар муқобили озмоишҳои буҳрони молиявию пулӣ, таҳаввулоти ногаҳонии ҳодисаҳои табиӣ ва эътирози нерӯҳои норозии сиёсӣ муваффақона нишон дод.

Дар шароити кунунӣ андешаи миллӣ, ки маҷмӯи тасаввуроти миллатро дар бораи ҷойгоҳи худ дар матни тамаддуни ҷаҳонӣ, реша, забон, фарҳанг ва таркиби нажодии он аз мавқеи имрӯз доир ба гузашта ва оянда муқаррар мекунад, бояд рисолати муттаҳидкунандаи умумимиллӣ касб намояд. Ин анде¬ша бояд сода, озоду равон ва созгор ба тарзи зиндагии миллат бошад, беҳдошти ҷанбаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва моддиёти мардумро ба эътибор гирад ва бо иштироки васеи тамоми афроди ҷомеа ҳамеша такмил ёбад. Донистан зарур аст, ки татбиқи андешаи миллӣ бе мавҷудияти давлати миллӣ имконнопазир аст.

Аз ин рӯ, як бахши ҷавҳарии андешаи миллӣ бояд таъмини пойдории давлати миллӣқарор гирад. Аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳоди фарогири ҷамъиятиест дар муносибати байни давлат ва шаҳрвандон, ки тамоми фикру ақидаи қишру табақаҳои гуногунро ба сохторҳои давлатӣ мерасонад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ аслан барои бунёди фазои солими иҷтимоӣ ва иттиҳоди нерӯҳои равшанфикре масъул аст, ки барои пайдо кардани шакли беҳтарини расидан ба ҳадафу ормонҳои миллӣ мусоидат намояд.

Барои ноил шудан ба ҳамкории муваффақонаи давлати миллии дунявӣ, андешаи миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд барнома ва лоиҳаҳое пешниҳод шаванд, ки дар он сиёсати давлатӣ, ҷаҳонбинию мафкураҳои таҳлилӣ ва гуногунандешӣғунҷоиши сазовор дошта бошанд. Нақши давлат бояд дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол бошад ва ҳар гуна кӯшишҳои бо шубҳа нигаристан ба ташаббусҳои созандаи мардумиро истисно намояд.

Бояд эътироф намуд, ки ҷанбаи динӣ ба таркиби андешаи миллии тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад. Фарҳанги ниёгони пурифти¬хори моро берун аз ҳузури аносири динӣ тасаввур кардан номумкин аст. Имрӯз дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо заминаи ҳуқуқӣ барои таҳияи консепсияи андешаи миллӣ, ки мафкураи исломӣ як ҷузъи таркибии он бошад, вуҷуд дорад. Вале маҷмӯи ақоиди исломӣ хусусияти бунёдгароии динӣ дошта наметавонад.

Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва андешаи миллӣ дини ислом бояд ҳамчуноне пазируфта шавад, ки ҳаст, на ончуноне, ки як гурӯҳи маҳдуд мехоҳанд. Пас чаро имрӯз дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дин ҷойгоҳи корбурди худро пайдо накарда истодааст? Зиёда аз ин, рақобати дунёситезӣ ва секуларизм, ба имондо¬рию куфрпешагӣ мансуб донистани якдигар тамоюли номатлуб ба даст оварда истодааст.      

Аслан аз таҷрибаи истеҳсолӣ ва идеологӣ гузаштани созмону аҳзоб ва ҳаракату ҷамъиятҳои мансуб ба дини ислом солҳои 80-уми асри гузашта таҳаққуқ пазируфт. Корбурди атеизми динӣ дар сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба Афғонистон даромадани нерӯҳои низомӣ барои тезонидани ин иқдом суръат бахшид. Кишварҳои мусулмони порснажод нисбат ба кишварҳои мусулмони арабию туркӣҳам аз нигоҳи миқдори давлатҳо ва ҳам аз нигоҳи нуфуси аҳолӣ поинтар меистоданд ва аз ин ҷиҳат дар пуштибонӣ кардани манфиатҳои худ танҳоӣ кашиданд.

Пешниҳоди лоиҳаҳои сершумори исломӣ ва дастгирии сиёсию молиявии нерӯҳои динии қудратхоҳ дар сатҳи байналмилалӣ нахуст модели исломиро дар идеологияи давлатии Эрону Афғонистон ҷойгузин кард. Сар задани ҷанги Эрону Ироқ, берун шудани нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеъгирии тафаккури диниро дар қолаби исломи сиёсӣ фаъол гардонид ва ҳоло мебинем, ки ин маърака барои як марҳалаи дарозмуддат пешбинӣ шуда будааст.

Вале таърихан раванди аз ҳам дур шудани сокинони ду тарафи “рӯди Ому бо ҳама паҳноияш”, яъне Афғонистону Тоҷикистон аз соли 1895 оғоз гирифтааст. Дар ин муддат ҳаводиси зиёде ҳамтақдири одаму олами ин манотиқ гардид. Дар сохтори сиёсию ҷуғрофии панҷҷумҳу¬рии шӯравии Осиёи Миёна низоми давлату давлатдорӣ, сиёсату идеология, инфрасохтори саноатӣ, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии комилан фарқкунанда аз он сӯйи наҳр ба вуҷуд омад. Ҳар чӣ дар ҷомеаи шӯравӣ шуданӣ буд, шуд.

Фақат дар анҷоми мавҷудияти кишвари Шӯроҳо тағйироти сиёсие дар Афғонистони ҳамсоя ба вуқӯъ пайваст ва боз фурсате даст дод, ки шаҳрвандони ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҳоли дӯстону пайвандони дар Афғонистон дурафтодаи худ аз наздик ошноӣ пайдо кунанд. Мақсад гузошта шуда буд, ки дар ин кишвар низоми давлатдории демократӣ ва сотсиалистӣ бунёд кунанд. Вале мутассифона, қисмат болои Афғонистон вазниниҳои сангинеро таҳмил кард. Дар он даврони дур тасаввур кардан номумкин буд, ки нооромӣ дар давлати Афғонистон ва таъсиргузории он ба вазъияти ҷумҳуриҳои минтақа, ба хусус Тоҷикистони тоза ба истиқлол расида то дараҷае боло меравад, ки ҳатто боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардад.

Аз ҷониби дигар, таҷрибаи рӯзгор чунин баҳра дод, ки буриши Амударё танҳо ҷудошавии марзии мардумон набудааст, балки бо гузашти айём ҷаҳонбинӣ, тафаккур, андешаронӣ, баҳодиҳии арзишҳои миллию динӣ, тарзи зисту рӯзгор ва умуман зеҳният (менталитет)-и одамон низ аз ҳам сахт дуру бегона шудаанд. Ва дубора ба ҳам овардани ин парешониҳо кори бисёр мушкил аст. Ба назари мо, таъсири ҳамин рӯҳияи манзараи ғайримуқаррарӣ диданҳо дар тӯли марзҳои ҷанубӣ намак бар ҷароҳати нооромиҳои сиёсӣ бипошид. Ҳарчанд ин ноамниҳо муддате миллати тоҷикро аз мувозинати табиӣ берун овард, вале хамирмояи фитрати азалии миллат зуд ҳушёраш кард.      

Аз ин нигоҳ, ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои ангуштшуморе маҳсуб мешавад, ки дар муқобили ин қабил озмоишҳо масунияти истодагарӣ ва пирӯз шуданро пайдо кардааст. Ҳам акнун мисли кору фаъолиятҳои дигар зиёдаравии динӣ низ ғарбгаро шуда, корвони худро аз Шарқ ба ҷойҳое наздиктар ба Ғарб интиқол додааст ва ҳоло бо номи ДИИШ дар либоси сиёҳи дӯстдории дини ислом корҳои душманони онро баровар¬даи хайр карда истодааст.

Вале ин падидаи шум на танҳо пайванди худро бо манзилҳои қаблан харобкардааш гусастанӣ нест, балки ниятҳои ҳаштповор реша давонидан дар ақсои оламро пеша кардааст. Фаъолияти нерӯҳои зиёдарави дохилӣ ва ҳориҷӣ тақозо менамояд, ки мо садди роҳи амалӣ гаштани ниятҳои носолими онҳо шавем, бо унсурҳои пархошҷӯҳамеша кор барем ва дар айни замон ба раванди ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ хусусияти бебозгашт диҳем.

Таблиғи арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории дунявӣ, бунёди фазои солими андешаронии динӣ, васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, гузаронидани мулоқотҳо бо мардум, нашри китобу мақолаҳои илмию таҳлилӣ, мунсифона анҷом додани ташхис¬ҳои тахассусӣ ва посухи саривақтӣ додан ба дархостҳои шаҳрвандон дар сатҳҳои гуногун аз зумраи тадбирҳои муассире ҳастанд, ки пойдевори истиқлолияти давлатиро устувор гардонида, арзишҳои миллию диниро аз омезиши ақоиди бегона ҳифз менамояд. 

Мо мутмаинем, ки дар сатҳи баланди тахассусӣ анҷом додани нақшаи чорабиниҳо, аз он ҷумла баргузории Конференсияи мазкур барои татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои боэътимод фароҳам меоварад.

АМИТ “Ховар”

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi