03:42:00 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шоҳзода, Валии Валиаҳди Арабистони Саудӣ: “Мо ҷонибдори ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳо бо Тоҷикистонем”

“Мо ҷонибдори ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳо бо Тоҷикистонем”, - изҳор дошт имрӯз Валии Валиаҳд, муовини дуввуми раиси Шӯрои вазирон, вазири мудофиаи Мамлакати Арабистони Саудӣ, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри ар-Риёз.

2016-01-03valii_valiahd.jpgДар ин мулоқот масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва татбиқи амалии тавофуқоти сатҳи олӣ, ки имрӯз миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣҳосил гардид, ба таври муфассал баррасӣ шуд.

Тавре иттилоъ доданд, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар баробари фаъолияташ дар мансабҳои олии мазкур ҳамчунин роҳбари Шӯрои оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва рушди назди Ҳукумати Арабистони Саудӣ мебошад.

Аз ин хотир дар ин мулоқот бештар ба масоили вобаста ба дастгирӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби хазинаҳои хайриявии Мамлакати Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд бо ёдоварӣ аз ҳаҷми нокифояи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии миёни ду кишвар изҳор дошт, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон гурӯҳи корӣ мефиристад, то ки бевосита роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодию сармоягузориро мавриди омӯзиши амиққарор диҳанд.

Тавре аён гардид, роҳбарияти олии Мамлакати Арабистони Саудӣҳавасманди ба сатҳи сифатан нав баровардани муносиботаш бо Тоҷикистон аст.

Дар ин робита густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, таъминот бо оби ошомиданӣ ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ манфиатбахш номида шуд.

http://president.tj/

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi