12:37:28 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Пешвои миллат ва озодии баён

«Дар таърихи башарият шахсиятҳое ҳастанд, ки корномаву фаъолияташон дар марҳалаи муайяни таърихӣ дар сарнавишти миллату давлаташон ва ҳатто инсоният бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва ин фарзонагони башарият ҳам дар самти сиёсат, ҳам илму фарҳанг бо азхудгузаштанҳо, бо назару диди фарох амал кардаанд. Дар қатори чунин фарзонагон барҳақ Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи сазовор дорад.

peshvoi_millat-1212.jpg

Ибтидои истиқлол барои миллати ҷафокашидаи тоҷик ва давлатдории навинаш имтиҳони сангинеро пеш гузошт. Буду нобуди миллати куҳанбунёд, фанову бақои давлати тозаистиқлол, сарнавишту зиндагии минбаъдаи мардум ҳал мешуд. Дар ҳамин лаҳзаи ҳассоси таърихӣ зимоми давлатдорӣ ба ҷавони азхудгузашта Эмомалӣ Раҳмон, ки ниҳодаш саропо бо сарнавишти мардум пайванд буд, расид ва аввалин нидои роҳбари ҷавон аз сулҳ буд.

Аксари роҳбарону сиёсатмадорони тафаккури шахшудадоштаи он рўз аз ин нидо ба ҳайрат омада буданд. Аммо мардуми оддӣ дар ин нидо фардои худро дарёфтанд ва ба ҳарфи роҳбари ҷавон ҳамовоз гардиданд. Ҳамин боварии мардум ва инояти Худованд буд, ки роҳбари мо дар роҳи худ-роҳи Созандагӣ муваффақу сарбаланд гардиданд. Агар мо ба фаъолияти Пешвои миллатамон як назари иҷмолие андозем, мебинем, ки ин фаъолият аз рўзҳои нахустин то имрўз дурандешонаву пайгирона, созандаву бунёдкорона будааст.

Ин фаъолият на танҳо миллату давлати моро ба ин рўзи саодату некӣ расондааст, балки дар сарнавишти мардуми сайёра бо масъалагузорӣ кардан дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муаммоҳои ҷаҳонии марбут ба ҳифзи муҳити зист, дастрасии инсоният ба оби ошомиданӣ нақши боризе дорад.

Аз кадом паҳлуе ба фаъолияти Пешвои миллат бингарем, қобилияти фавқулоддаи ояндабиниро мебинем, яъне тамоми фаъолияти Пешвои миллати мо саршори созандагист. Мо андешаҳои худро танҳо дар як самти он — вазъи озодии баён дар пасманзари сиёсати Пешвои миллат изҳор мекунем. Ҳама комёбиҳои дар ин ҷода ба дастовардаи ҷомеаи тоҷик ба иродаи устувори сиёсии Пешвои миллат рабт доранд.

Сухан дар пиндори мардуми фарҳангии мо мақому мавқеи хос дорад. Ҳамин пиндор аст, ки тамоми бузургони илму адабамон васфи сухан кардаанд. Суханро росту нек, сулҳовару созанда, дониш, маърифат, фаросат, ҳунар, калид, дармон, муваффақият … гуфтаву сухани баду дурўғу каҷу сўзандаро мазаммат хондаанд. Бо ҳамин далел мардуми мо ба сухани неку созанда эътимод доранд ва дар ин росто ба мардуми суханпарвару суханпарасту сухандон эҳтиром доранд.

Ҳамин эҳтиром аст, ки журналистикаи тоҷик аз рўзи аввали фаъолият талош кардааст, ки дар роҳи пешрафти ҷомеа нақши созанда дошта бошад. Агар ба таърихи ин фаъолияти беш аз садсола (аз 11 марти соли 1912 — рўзи нашри аввалин рўзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф») назар андозем, ин нақшро дар ҳар се давраи журналистикаи тоҷик (то ҳокимияти шўравӣ, замони шўравӣ ва давраи истиқлолият) ҳам мебинему ҳам эҳсос мекунем.

Аммо бо вуҷуди нақши мондагори журналистикаи тоҷик дар ду давраи аввал, рушду фаъолияти созандаи журналистикаи тоҷик бо риояи меъёрҳои умумибашарии озодии баён, дастрасӣ ба иттилоот маҳз ба давраи истиқлол рост меояд. Ҳамин давра буд, ки заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти расонаҳо фароҳам оварда шудаву пайваста такмил меёбанд, ҳамин давра буд, ки арзишҳои умумие, мисли ибрози ақидаву гуногунақоидӣ ба журналистикаи тоҷик роҳ ёфтанд.

Сензура ва таъқиби журналистон аз байн рафт ва ин ҳамаро санади олии ҳуқуқии кишвар — Конститутсия (Сарқонун) кафолат додааст. Маҳз ҳамин кафолатҳо буданд, ки санади олии ҳуқуқии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин конститутсияҳои кишварҳои олам ном бурда мешавад. Таҳияву қабули ин санади тақдирсоз бевосита таҳти сарварии Пешвои миллат сурат гирифтааст.

Принсипи асосии мавҷудияти ВАО дар давлати ҳуқуқбунёд озодии ахбори омма мебошад. Моддаи 30-юми боби дуюми Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ин принсипро дар шакли мушаххас, ки дорои мазмуни васеъ мебошад, зикр намудааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад…

Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст». Мувофиқи ин моддаи Конститутсия ба ҳар як шаҳрванд озодии ақида, сухан ,ҳуқуқи озодона ҷустуҷў кардан, ба даст овардан, додан, интишор ва паҳн кардани иттилоъ бо ҳама гуна роҳи қонунӣ кафолат дода мешавад. Дар байни кафолатҳои конститутсионии озодии ахбори омма эътироф гардидани гуногунақоидӣ дастоварди дигар аст.

Таҷрибаи талхи низоми тоталитарии гузашта собит намуд, ки озодии ахбори омма ва гуногунандешӣ (плюрализм) бо монополизми идеологӣ, моноидеология (якақидагӣ) номувофиқанд. Аз ин рў барои таъмини озодии ахбори омма моддаи 8-уми боби якуми Конститутсия аҳамияти ниҳоят муҳим дорад, ки дар он гуфта мешавад: «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад».

Дар асоси санади олии ҳуқуқии мамлакат даҳҳо қонуну санад қабул шудаанд, ки ҳамагӣ барои фаъолияти озодонаи расонаҳо мусоидат мекунанд. Ҳоло фаъолияти ВАО тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мешавад. Мо танҳо бо овардани баъзе нукоти ин аснод, ки марбут ба озодии баён мебошанд, андешаҳои худро тақвият мебахшем.

Дар банди 1-и моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» озод будани матбуоти даврӣ ва дигар ВАО дар Тоҷикистон таъкид мешавад. Дар банди 2-юми ҳамин модда ба ҳар шахс ҳуқуқи ҷустуҷў, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида дар матбуоти даврӣ ва дар дигар ВАО дода шудааст. Дар банди 1-уми моддаи 7-ум гуфта мешавад ки: «Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд».

Ин маънои онро дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои ҳолатҳои дар қонун пешбинишуда барои ҷустуҷў, ба даст овардан, истеҳсол ва интишори иттилои оммавӣ, таъсиси васоити ахбори омма, соҳибӣ кардан ба ВАО, паҳн намудани маводи васоити ахбори омма маҳдудият вуҷуд надорад. Аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳар касе ҳар чизе мехоҳад, аз тариқи васоити ахбори омма паҳн мекунад, зеро озодии баён фаротар аз он аст, ки дар назари аввал менамояд. Ба таври дигар, озодии баён масъулият аст. Масъулият дар назди ҷомеа ва аудитория. Ба ин хотир журналистон дар фаъолияти худ набояд низою ҷудоиандозӣ карда, арзишҳо ва манфиатҳои миллиро нодида гиранд, ба таҳқири шахс роҳ диҳанд.

Моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» «Роҳ надодан ба сӯйистифода аз озодии сухан» ном дорад. Истифода бурдани ВАО барои «интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ» ё паҳн кардани «ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда» мувофиқи қонун манъ мебошад. Мувофиқи ҳамин модда истифодаи ВАО барои даъват намудан ба ғасби ҳокимият, бо роҳи зўрӣ сарнагун намудан ё дигар кардани сохти конститутсионӣ, содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллию динӣ, ташвиқоти ҷанг, тарғиби зулму зўроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат манъ мебошад. Ин нишондоди қонунро набояд ба маънои маҳдуд кардани озодии баён фаҳмид, баръакс, таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигари аъзои ҷомеа мебошад.

Пешвои мо зимни суханронии хеш дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик (10 марти соли 2012) бори дигар хотирнишон сохтанд, ки «танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад… танқид дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод бояд сурат гирад.» Ин таъкиди Сарвари давлат нишони он аст, ки Ҳукумати кишвар ба танқиди созандаи журналистон арҷ мегузорад ва барои рафъи мушкилоти ҷойдошта аз суханони журналистон чун чашму гўши ҷомеаи шаҳрвандӣ исти қбол мегирад.

Дастовардҳои аҳли қалами мо, бахусус, журналистон дар партави сиёсати Пешвои миллат сазовори зикру ситоишанд. Ҳамасола созмонҳои байналмилалии марбут ба фаъолияти журналистон вазъи озодии баёнро дар кишварҳои олам ба риштаи таҳлилу таҳқиқ мекашанд. Хушбахтона, дар ин таҳлилҳо Тоҷикистони мо дар қиёс бо бисёр кишварҳои олам ва аз ҳама давлатҳои минтақа болотар аст ва яке аз бартариҳое, ки пайваста зикр мешавад, ҳамкории ҳукумат ва ҷомеаи журналистӣ дар самти бартараф кардани муаммоҳои ҷойдошта мебошад.

Ба гунаи мисол, маҳз бо ибтикори Пешвои миллат моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи онҳо рӯзноманигорон барои таҳқиру тўҳмат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд, аз қонунгузории ҷиноятӣ ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шуданд. Ин муаммое буд, ки борҳо журналистон дар нишасту маҳфилҳои худ сари он мубоҳиса мекарданд ва Сарвари давлати мо бо ин амал як навъ эҳтироми худро ба озодии баён изҳор кард ва ҳам барои роҳбарони кишварҳои минтақа намуна гашт.

Дар журналистикаи касбӣ далел ҷони ақида ҳаст. Мо ҳам барои исботи ақидаи худ чанд далелро барои хонандагони азиз пешкаш мекунем, то дар бораи нақши Пешвои миллат дар рушди озодии баён ва умуман журналистика дар кишвар хулосаро худ бароранд. Дар ягон ҳамсоякишварамон дар сатҳи кишвари мо аз солгарди матбуоти худ ҷашн намегиранд. Нахуст ҷашни матбуоти тоҷик дар рўзе таҷлил мегардад, ки нахустрўзномаи тоҷикӣ (11 март ) аз нашр баромадааст. Баъдан 100-солагии нашрияи «Бухорои шариф», ба қавли Ҷаноби Олӣ «на танҳо ҷашни аҳли матбуот, балки ҷашни умумимиллӣ низ» гардид.

Дигар ин ки маҳз истиқлолият ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат имкон дод, ки журналистикаи тоҷик ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам аз нигоҳи миқдор боло равад. Агар дар соли нахустини истиқлолият — соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 139 рўзномаву маҷалла (аз ҷумла 4 рўзномаи хусусӣ) ва ҳамагӣ як агентии иттилоотии давлатӣ вуҷуд дошта бошад, пас имрўз бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ беш аз 500 расона ба қайд гирифта шудаанд, ки 75 фоизи онҳо ба бахши хусусӣ рост меоянд.

Аз 11 оҷонсии иттилоотии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 10 оҷонсӣғайриҳукуматӣ мебошанд. Аз нигоҳи мўҳтаво нашрияҳоро метавон ба сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, адабӣ, маърифатӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ, варзишӣ, ҳизбӣ, соҳавӣ, кўдакона, ҷавонон, бонувон ва ғайра, аз нигоҳи фарогирии ҷуғрофӣ ба ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣҷудо кард. Яъне тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба матбуоти ба худашон нигаронидашуда дастрасӣ доранд.

Ин шаҳодати он аст, ки Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат барои рушди ҳам матбуоти ҳукуматӣ ва ҳам мустақил шароити мусоидро фароҳам сохтааст. Гузашта аз ин дар солҳои истиқлолоият васоити электронии ахбори ҷумҳурӣ ба таври бесобиқа рушд карданд. Дар баробари як шабакаи умумии телевизионии соли 1991 имрўз 4 шабакаи ҷумҳуриявии телевизионӣ — Шабакаи аввал, «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон» бо мазмуну мўҳтавои гуногун бо назардошти манфиат ва завқи тамошобинон фаъолият доранд. Баъди чанд рўзи дигар 2 телевизиони сартосарӣ — «Синамо» ва «Варзиш» намоишҳои худро пешниҳоди тамошобинон мегардонанд.

Ҳамин гуна қиёси фараҳбахшро дар самти радиошунавонӣ низ метавон анҷом дод. Агар то истиқлолият Радиои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Саридораи барномаҳои бурунмарзӣ дар як шабонарўз 26 соат гуфтор дошт, пас имрўз танҳо аз тариқи шабакаҳои радиоӣ (ҳам ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ) дар як шабонарўз 400 соат гуфтор пахш мешавад. Дар умум, аз чор се ҳиссаи шабакаҳои радиоиву телевизионӣ ба бахши ғайриҳукуматӣ рост меоянд. Ва ин шабакаҳо на танҳо фазои иттилоотии моро комил месозанд, балки дар таъмини амнияти фазои иттилоотӣ, ташаккули афкори умум саҳм мегузоранд.

Фармони №622-и Президенти мамлакат аз 7 феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидию таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро на танҳо ҳамчун як санади ҳуқуқӣ, балки чун иродаи сиёсии Сарвари кишварамон дар самти рушди журналистика ва озодии баён метавон арзёбӣ намуд.

Тавре ки огоҳҳастем, тибқи Амри Президент дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соле ду маротиба нишастҳои матбуотӣ бо иштироки васеи журналистону коршиносон баргузор мегарданд. Мақсад аз ташкили мунтазами ин нишастҳои матбуотӣ, таъмини дастрасии бештари воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандони кишвар ба иттилои расмӣ мебошад. Яъне тибқи дастури Сарвари давлат мансабдорони сатҳҳои гуногун манфиатдор ҳастанд, ки ба ҷомеа сари вақт ва ба таври расмӣ дар бораи фаъолияти худ ва ниҳодҳояшон иттилоот диҳанд.

Магар ин ҳама аз фаъолияти самарабахши ВАО дар самти озодии баён ва дастрасии ҷомеа ба иттилоот дарак намедиҳад? Ин комёбиҳо ва инкишофи журналистикаи тоҷик шаҳодати сиёсати Пешвои миллат дар самти озодии баён аст, зеро мо ҳамагон хуб медонем, ки асри 21 асри иттилоот, асри муборизаҳои иттилоотӣ ба усулҳои наву бесобиқа, асри таъсир ба мафкураҳост ва танҳо он кишвару миллатҳо дар ин ҷода аз хатар эмин хоҳанд монд, ки мардумонашон худшиносу худогоҳ ва соҳибмаърифат ҳастанд.

Дар ин роҳ журналистон нақши муассире доранд. Раёсат, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон масъулияти хешро чун яке аз татбиқкунандагони асосии «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои болаёқати воситаҳои ахбори омма» хеле хуб дарк мекунанд ва талош мекунанд, ки дар амалишавии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат пешсафу пешгом бошанд.

Фахриддин Ҳайдаров, Сангин Гулов, Абдумўъмин Қутбиддинов, дотсентони ДМТ

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi