Э. РАҲМОН МАШВАРАТИ КОРӢ ДОИР НАМУД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва дигар шахсони масъул оид ба омодагӣ ба интишор ва фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ва ҳамчунин ҷамъоварии маблағҳои хайрия барои бунёди ин иншооти бузурги аср машварати корӣ доир намуд.
Оид ба интишору роҳҳои ба харидорон пешниҳод намудани саҳмияҳо ва ҳамчунин ҳуқуқи саҳмиядорон гузориши Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов шунида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки саҳмияҳо бо сифати баланди хоси қоғ;азҳои қиматнок интишор ва ба фурӯш пешниҳод гарданд ва харҷи ҳадафманди маблағ;ҳои ҷамъшуда зери назорати қатъӣ гирифта шавад.
Бо назардошти шумораи зиёди хоҳишмандоне, ки ғ;айр аз хариди саҳмияҳо омодаанд ба суратҳисоби нерӯгоҳи Роғун маблағҳои хайрия равона созанд, дастур дода шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар назди филиалҳои маҳаллии бонкҳо марказҳои қабули маблағҳои хайрия кушода шаванд.
Бо дархостҳои сершумори тоҷику тоҷикистониёни бурунмарзӣ супориш дода шуд, ки марказҳои қабули маблағҳои хайрия ва фурӯши саҳмияҳо ҳамчунин дар кишварҳои хориҷӣ кушода шаванд. Аз мардуми мамлакат бори дигар даъват карда шуд, ки аз ҳисоби кам кардани хароҷоти маъракаҳои хурсандӣ ва дигар расму ойин ҳарчи бештар дар маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун саҳмгузорӣ намоянд.
Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла маориф, кор бо ҷавонон ва занону оила вазифадор шуданд, ки дар тарғибу ташвиқи ҳадафманди мардум ба саҳмгузорӣ дар бунёди нерӯгоҳи тақдирсози Роғун фаъол бошанд.
АМИТ «Ховар»