03:40:47 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ГУРЎҲИ ҚОЧОҚЧИЁНИ МАВОДИ НАШЪАДОР ФОШ КАРДА ШУД

 

 Дар хабари Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия гуфта мешавад, ки кормандони мақомоти амниятӣ дар шаҳри Сизран гурӯҳи муташаккили қочоқчиёни маводи нашъадорро фош намуданд. Аъзои гурӯҳ маводи нашъадори истеҳсоли Афғонистонро ба воситаи Тоҷикистон ба Русия интиқол медоданд. Дар ҷараёни амалиёти махсус яке аз фурӯшандагони маводи нашъадор дастгир шуд.

Зимни кофтукови хона ва мошини сабукрави шахси дастгиршуда, сокини 51- солаи шаҳри Сизран Алексей К. 15,5 килограмм героин ёфт шуд. Маводи нашъадор дар 13 зарфи пластикӣ ҷой дода шуда буд. Миқдори умумии қабули якдафъаинаи маводи нашъадор 31 миллион вояро ташкил медод. Нархи маводи нашъадор дар бозори сиёҳ тақрибан 23 миллион рубли Русияро ташкил медиҳад. Аз рӯи хабари мақомоти корҳои дохилии шаҳри Сизран, маводи нашъадор аз Тоҷикистон ба Русия ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан фиристода мешуд. Қочоқчиён дар ҷои таъиншуда, вақте, ки суръати ҳаракати қатора суст мешуд, халтаҳои маводи нашъадорро ба берун мепартофтанд ва шариконашон онро қабул мекарданд.

Қочоқчиён баъдан маводи нашъадорро дар шишачаҳо ҷой дода, ба нашъамандон мефурӯхтанд. Алексей К. дар Тоҷикистон зиндагӣ мекард ва 4 сол пеш ба Сизран кӯчида, яку ним сол пеш шаҳрванди Русия гардида буд. Тавре ки маълум шуд, ӯ дар Тоҷикистон бо қочоқчиёни маводи нашъадор алоқа доштааст.

Алексей К. ба ватани аҷдодии худ омада, аз паи ҷустуҷӯи кор нашуд ва бо фурӯшандагони нашъа муносибати ҳамкорӣ барқарор намуд. Қочоқчиён маводи нашъадорро дар маҳалҳои истиқоматии округҳои федералии шимолу ғарбӣ, марказӣ ва Приволжск мефурӯхтанд. Айни ҳол нисбати Алексей К. парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Барои муайян ва дастгир намудани шарикони ӯ табдирҳои таъҷилӣ гузаронида мешаванд.

Ҳалима Хушқадамова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi