15:56:42 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз! Меҳмонони арҷманд! Ҳозирини гиромӣ!

25832902992_13394c18ca_z.jpgБо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони пойтахти мамлакат ва меҳмонони гиромиро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, дар Соли нав барои сокинони пойтахт, халқи Тоҷикистон ва тамоми аҳолии сайёра соли неку бобарор орзу менамоям.

Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ, бо иштироки хурду бузурги мардум доир мегардад.

Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад.

Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.

Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад.

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.

Имрӯзҳо пойтахти Ватани азизи мо — шаҳри Душанбе ба шарафи Наврӯз либоси идона ба бар карда, боз ҳам зебову дилработар гаштааст.

Боиси шодмонӣ ва ифтихори зиёд аст, ки ҷашни Наврӯз дар кишвари азизи мо сол то сол дар фазои хурраму ободтар баргузор мегардад. Яке аз намунаҳои ободии наврӯзӣҳамин Наврӯзгоҳи чанд сол пеш бунёдшуда аст, ки таҷассуми орзу ва иродаи неки Ҳукумат ва миллати сарбаланду бунёдкори тоҷик дар роҳи эъмори ояндаи осудаву ободи худ мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳар ҷашну маросим ҳикмат ва баракате дорад. Хусусан Наврӯз, ки маҷмӯае аз андӯхтаҳои ҳакимонаи халқу миллатҳои куҳанбунёд мебошад, ҷашнест, ки зиндагиву рӯшноӣ, некиву накӯкорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад.

Мо бисёр хушҳолу сарбаланд ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст ва итминон дорем, ки он воситаи пуртаъсире барои таҳкими сулҳу субот ва оромиву ободӣ дар дунёи муосир хоҳад буд.

Бори дигар кулли ҳамватанони азиз, сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба муносибати ҷашни бузург — Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, орзу менамоям, ки хонадони ҳар як оилаи тоҷик аз офтоби наврӯзӣҳамеша гарму нуронӣ бошад.

Наврӯзатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

АМИТ «Ховар» 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi