НОРИЗОЯТИИ ҲНИТ АЗ ҲУКМИ ДОДГОҲИ ҚОНУНИ АСОСӢ
Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон ба баҳси миёни Ҳизби наҳзати исломӣ ва Кумисиюни марказии интихоботи ин кишвар нуқта гузоштааст. Аммо фаъолони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, ки аз тасмими додгоҳ норозӣ ҳастанд.
Маҳкам Маҳмудов, қозии Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон, дар ҷараёни муҳокима эълом кард, ки бар асоси тасмими додгоҳ ин ҳукм қатъист ва дар сурати адами ризояти ҷонибе бурдани шикоят аз ин ҳукм ба мақоми бодотаре имконнопазир аст. Аммо ба гуфтаи раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, онҳо дар сурати мавҷудияти имкони қонунӣ барои муроҷеъа ба додгоҳҳои берун аз кишвар, тасмим хоҳанд гирифт, ки дар мавриди ғайримунсифона будани ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистон ба додгоҳе байналмилалӣ шикоят бубаранд. Дар ҷараёни мурофеъаи баҳси миёни Ҳизби наҳзати исломӣ ва Кумисиюни марказии интихобот, ки рӯзи сешанбе, 8-уми декабр, дар Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон доир шуд, намояндагони додситонӣ аз номукаммал будани моддаи 57–и қонуни интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон сухан ронданд ва аз намояндагони порлумон дархости тавзеҳи бархе аз бахшҳои ин моддаро карданд.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳарчанд шарҳи бахшҳое аз ин модда тавассути намояндагони порлумонро имконпазир хонд, аммо бо назари додситонӣ дар бораи номукаммал будани моддаи мазкур изҳори мухолифат кард.
Оқои Кабирӣ бо такия ба ин модда гуфт, ки баргузории интихобот ба хотири як вакил сармояи зиёдеро талаб мекунад. Вай бо ёдоварӣ аз муҳтавои ин модда гуфт: “Агар вакили Маҷлиси Намояндагон камаш як сол пеш аз интихобот ваколаташ қатъ гардад, интихоботи нави вакили Маҷлиси Намояндагон ба ҷойи вакили ваколаташ қатъгардида гузаронда намешавад.”
Мавзӯъи баҳси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ дархости ин ҳизб барои лағви тасмими ин кумисиюн дар мавриди радди номзадии Маҳмадалӣ Ҳайит барои касби мақоми намояндагӣ дар порлумон ба ҷойи Муҳаммадшариф Ҳимматзода буд.
Ба гуфтаи масъулони ин ҳизб, оқои Ҳимматзода бар асоси феҳристи ҳизби наҳзати исломӣ дар интихоботи порлумонии соли 2005 узвияти Маҷлиси Намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистонро касб карда буд ва ба сабаби вазъи саломатияш идомаи фаъолият дар порлумонро қатъ кард. Мурофеъаи баҳси миёни ҳизби наҳзати исломӣ ва кумисиюни интихобот дар авоили моҳи июн дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баргузор шуда буд ва додгоҳ ин баҳсро ба нафъи кумисиюн ҳал карда буд.
Би-Би-Си