БАҲСИ ИСЛОМ ВА ДЕМУКРОСӢ ДАР ҲАМОИШЕ ДАР ДУШАНБЕ
Дар Душанбе кунфронси байналмилалии мавсум ба “Ислом ва демукросӣ” баргузор шуд. Ширкаткунандагони кунфронс дар ин ҷо мавқеъи исломро дар ҷомеъаи секулор ё дунявии Тоҷикистон ва ҷаҳон баррасӣ карданд.
Дар ҳоле ки бархе аз назарияпардозон дар ин нишаст ба созгор набудани демукросӣ бо ислом таъкид карданд, пажӯҳишгароне аз Урупо пешниҳод карданд, ки давлати Тоҷикистон дар чорчӯби меконисмҳои демукротик бояд худро бо ислом ҳамоҳанг кунад. Акбар Тураҷонзода, рӯҳонии шинохта, яке аз ширкаткунандагони кунфронс буд. Ба ақидаи вай, Ислом ба ҷуз баъзе маворид, аз ҷумла "озодии фаҳшо ва ҳамҷинсгароӣ, нӯшидани шароб ва худкушӣ бо арзишҳои демукротик зид нест.
" Аммо вай Ғарбро ба доштани муносибате ғайридемукротик нисбат ба ҷаҳони ислом муттаҳам кард. Дар ҳамин ҳол, бино ба эътиқоди Искандар Асадуллоев, пажӯҳишгари фалсафа, ки суханронияш перомуни “Ғайримумкин будани созиши мазҳаб ва демукросӣ” буд, гуфт: “Ҳоло дар ҷаҳон демукросии масеҳӣ салобат дорад ва демукросии масеҳӣ бо Ислом наметавонад созгор бошад.”
Аммо оқои Асадуллоев ҳамчунин ишора кард, ки “исломи миллӣ”, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, метавонад бо демукросӣ созгор бошад, “вале на исломи сиёсӣ”. Бо ин вуҷуд, Арне Зейферт, раиси Сандуқи ҳуқуқи башари Олмон ба номи Роза Люксембург, дар ин нишаст бар он таъкид кард, ки давлати Тоҷикистон бояд “исломишавии” ҷомеъаро нодида нагирад. Аз назари оқои Зайферт, исломишавӣ бад-ин маъност, ки теъдоди бештар ва бештаре аз ҷамъияти Тоҷикистон ба хондани намозу доштани рӯза ва иҷрои фароизи дигари исломӣ иқдом кардаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1292-bahsi-ialom-va-demukrosi.html