РАДДИ РАСМИИ НАВИШТАҲОИ РАСОНАҲОИ РУСӢ
Мақомоти Тоҷикистон нашри пораҳои ҷудогона аз сӯҳбати президент Раҳмон бо хабарнигорони маҳаллиро аз сӯи бархе аз расонаҳои Русия як иқдоми ҳангомабарангез ва таҳрифшуда унвон карданд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, се рӯз пеш тӯли беш аз панҷ соат бо хабарнигорони расонаҳои дохилӣ дидор ва мулоқот анҷом дод.
Ба дунболи ин дидор, қисмате аз сӯҳбатҳои президент, бавижа изҳори назарҳои ӯ дар мавриди муносибати Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар бархе аз расонаҳои Русия бозтоби густарда касб кардааст. Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, инъикоси ҷараёни мулоқоти президент бо доираи хабарнигорони тоҷик дар расона ва сайтҳои русӣ воқеият надорад ва таҳриф шудааст.
Оқои Назрӣ гуфт, дар ин мулоқот раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди бархе аз масъалаҳои муҳимми имрӯзаи кишвар, аз ҷумла, амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ сӯҳбат кардааст. Аммо расонаҳои русӣ бо ҳадафи эҷоди ихлол дар равобити Тоҷикистон ва Ӯзбакистон моҳият ва мазмуни гуфтаҳои раисҷумҳурро барғалат маънидод кардаанд.
Бар пояи матолиби сайтҳои русӣ, президент Раҳмон ҳатто аз мавориде ёдоварӣ кардааст, ки баҳсҳои тунди ӯ бо Ислом Каримовро Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, ва Леонид Кучма, собиқ раисҷумҳури Украина, фурӯ нишонидаанд. Як нуктаи дигар, ки аз сӯҳбати президент бо хабарнигорони тоҷик рӯи сафаҳоти расонаҳои русӣ рехт, даъвои президенти Тоҷикистон барои бозпас гирифтани шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро будааст.
Нашрияҳои чопи русӣ бо дарҷи чунин матолиб ҳамчунин ҳадс мезананд, ки Раҳмон ин ҳарфҳоро на тахминӣ, балки бо ҳадафҳое муайян гуфтааст ва далели бо чунин ҷуръат ва ҷасорат сӯҳбат кардани ӯ ҳам ин аст, ки Амрико ҳоло аз пуштибонони ҳукумати Раҳмон шудааст. Зеро, Амрико бо ин васила, изофа кардаанд муаллифони русӣ, қасд дорад, авзоъро ноамн карда, бо ҳамин ҳузури низомии худ дар ин минтақаро тақвият ва тавсеа диҳад.
Зимнан, бархе аз таҳлилгарони тоҷик низ бар ин боваранд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳузури беш аз даҳҳо рӯзноманигор ин ҳарфҳоро носанҷида ва тахминӣ нагуфтааст. Зеро, ҳоло кишвари ҳамсояи Тоҷикистон бо ҳар роҳу васила ба он барномаҳои давлати Тоҷикистон мухолифат нишон медиҳад, ки давлати Тоҷикистон иҷрои онро барои кишвар сарнавиштсоз ва ҳаётӣ мешуморанд.
Аммо бархе аз рӯзноманигорони тоҷик, ки дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон иштирок доштанд, мегӯянд, он чизе, ки расонаҳои русӣ, аз ҷумла Аркадий Дубнов, муаллифи матлаб, дар нашрияи «Время новостей» навиштааст, таҳриф шудааст. Зафар Абдуллоев, сардабири Оҷонси иттилоотии «Авеста», аз ширкатдорони мулоқот бо президент, гуфт, ӯ дар ҳайрат аст, ки чӣ гуна метавон ҳарфҳоеро навишт, ки аслан гуфта нашудааст.
Ин нахустин вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба чопи матолиб ва гузоришҳои расонаҳои русӣ нест, ки садо медиҳад. Қаблан, низ мақомоти Тоҷикистон расонаҳои русиро дар тирагии равобити миёни Тоҷикистон ва Русия муттаҳам мекарданд. Аммо, чуноне мушоҳида мешавад, мақомот ин навбат расонаҳои русиро дар эҷоди халал миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон айбдор мекунанд.
Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1295-raddi-rasmii-navishtahoi-rasonahoi-rusi.html