23:23:10 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

НАЗАР ХОЛНАЗАРОВ: ВАҚТЕ КИ ҚАМЧИБЕК ТОШИЕВИ МОҶАРОҶӮ МАСЪАЛАИ ИВАЗ НАМУДАНИ ВОРУХРО ПЕШНИҲОД КАРД...

Суҳбати навбатии мо бо Назар Холназаров, ходими калони Шуъбаи Шарқи Наздику Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзноманигор, дипломати ҳарбӣ, муаллифи чанд китоб, полковники мустаъфӣ.

1 nazar-kholnazarov 12456-Муҳтарам Назар Холназаров қазия Ворух мушкилоти рӯз дар солҳои ахир барои кишвари мо гардидааст. Чанд сол боз ҳалли худро пайдо карда наметавонад. Фикру андешаи Шуморо дар робита ба қазияи Ворух мехоҳем шунавем...

-Қазияи Ворух қазияи нав ё меваи даврони соҳибистиқлолии кишвар нест. Ин қазия аз солҳои 1970-уми асри сипаришуда сарчашма гирифта, то ба имрӯз идома дорад. Ин қазия асосан, бар асоси дар солҳои 1974-1975 дар мавзеи Тангии Ворух бо розигии тоҷикони муқими Воруху Хоҷаи Аъло пайдо шудани чанд хонавори қирғиз ва оҳиста-оҳиста ба як деҳаи қирғизнишин бо номи Оқ-Сой табдил ёфтан ба вуҷуд омадааст. Баъд аз он, ки дар марзи Хоҷаи Аъло ва Ворух деҳаи қирғизнишин пайдо шуд ва аҳолии деҳот зиёд шуд, оҳиста-оҳиста мушкилоти роҳ, об, ҳудуд, чарогоҳ, замин ва ғайра пайдо шудан гирифт. Банда бо ҳамкурсҳоям соли 1975 барои гузаронидани давраи амалии лаҳҷашиносӣ (практикаи омӯзиши лаҳҷаи мардуми Чоркӯҳ ва Ворух) тӯли як моҳ дар яке аз мактабҳои деҳаи Чоркӯҳ зиндагӣ ва кор кардем ва ҳамон вақт аз мушкилоти ин минтақа огоҳ гашта будем ва ҳатто як рӯз шоҳиди кашмакаши мардум бо белу каланд барои об дар ин мавзеъ низ будем. Баъдтар, чихеле, ки шоҳид шудем ин кашмакашҳо ба низоъ ва низоъҳо ба низоъҳои мусаллаҳона табдил ёфта, сабаби марги даҳҳо ва захмӣ гардидани садҳо нафар аз ҳар ду ҷониб гаштааст.

-Назари коршиносонро дар робита ба ин қазия чигуна шарҳ медиҳед?

-Назари коршиносон дар бораи ҳодисоти дар хати марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба қарибӣ ба амал омада, агар дар ҷойҳое ба ҳамдигар монандӣ дошта бошанд, дар ҷойҳои дигар аз ҳам фарқ мекунанд. Ин ҷо чун ҷанги иттилоотӣ роҳандозӣ шудааст, коршиносон низ бештар ба хонда ва шунидаҳояшон такя мекунанд. Дар масъалаи истифодаи ВАО, муроҷиат ба созмонҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ, шикояту туҳмат тарафи қирғизҳо фаъолтар аст. Аксари коршиносон дар маҷмӯъ, аз пайдо шудани низоъ дар водии Фарғона, аз пайдо шудани як нуктаи дигари доғ дар ин минтақа изҳори нигаронӣ кардаанд.

-Шумо аз истифодаи Васоити ахбори омма, муроҷиат ба созмонҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ, шикояту туҳмати тарафи қирғизҳоро ишора намудед, лутфан ин ишораи худро каме ҳам бошад возеҳтар намоед...

-Дар асоси маводи дар васоити ахбори оммаи ҳамсоякишварҳо, ба хусус дар ҷумҳурии ҳамҷавори мо - Қирғизистон ба нашр расида, баҳои коршиносон, таҳлили вазъият дар ин кишвар ва мушоҳидаҳои шахсӣ ба хулосае расидан мумкин аст, ки яке аз сабабҳои асосии номуътадилии вазъият, баргузории митингҳо, роҳпаймоиҳо, иртиботи ин митингҳо бо митингҳои кишварҳои дигар (миёни «Майдон»-и Украина ва митингҳои Қирғизистон), тез-тез иваз шудани Ҳукумат ва Президент дар ин кишвар, такрори ҳаводиси номатлуб ва дар охир, ақибмондагии ҳамаҷонибаи мамлакат, пеш аз ҳама ба миқдори зиёди ҳизбҳои сиёсии ба қайд гирифта шуда (бештар аз 500) ва фаъолияти онҳо, ташкилоту созмонҳои ғайридавлатӣ (бештар аз 10 000 адад) ва аз ҳама муҳимтараш, сарпарастӣ ва маблағгузории созмону ташкилотҳои давлатӣ ва нимадавлатии хориҷӣ ба ин иттиҳодияҳо мебошад.

Ҳамаи ин ташкилоту созмонҳо дорои хоҷагони хориҷӣ буда, аз хориҷ кӯмакпулиҳо гирифта, дастгирии зиёд мебинанд. Барои тасдиқи ин фикр чанд мисол меорем: рӯзи 14 марти соли 2014 дар рӯзномаи «В конце НЕДЕЛИ» №26(23020) (таъсисдиҳандааш Ҳукумати ҶҚ) мақолае бо номи «ТҒД (ташкилотҳои ғайридавлатӣ) аз дасти кӣ нон мехӯранд» ба нашр расид. Дар мақола омадааст, ки «ҳафтаи сипаришуда намояндагони ҳаракати сиёсии «Қалыс» дар майдони назди Жогорку Кенеш (Парламент) митинг доир карда, талаб намуданд, ки оид ба агентҳои хориҷӣ қонун қабул карда шавад, то имконияти назорат ва тафтиши фаъолияти ин ташкилотҳо имконпазир гардад»

Сабаби ин талабу дархостҳо дар он буд, ки онҳо (митингчиён) аз маблағгузории Ғарбиҳо ба евромайдони Украина воқиф гардиданд ва дар пайи он ба нишонӣ ва суратҳисобҳои ТҒД-и Қирғизистон низ рехтани пулҳои зиёде ба мушоҳида расид. Зарурияти донистани ба кадом мақсад истифода шудани ин маблағҳо ба миён омад. Агар ин маблағҳоро бо мақсади омӯзиши радикалҳои диниву мазҳабӣ сарф карданӣ бошанд, ҳарчӣ зудтар пеши ин роҳро гирифтан лозим.

Пештар аз ин ҳодиса, ВАО-и маҳаллӣ хабарҳое пахш карда буд, ки тибқи он дар соли 2013 ва январи соли 2014 ба суратҳисоби клиникаи ҳуқуқии «Адолат» (ба қирғ. Адилет), роҳбараш Чолпон Ҷақупова, аз сафорати Британия ва Фонди Евроосиёи Осиёи Марказӣ 28 118 533 сом ворид гардида буд, Аз ин миқдор танҳо 13 359 296 сомаш моҳи ноябри соли 2013 ворид гардида буд ва ин ба шуруи фаъолшавии евромайдон дар Украина рост меомад. Ҳамин созмонҳо давра ба давра гурӯҳ-гурӯҳ намояндагони аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукумат ва фаъолони ҷамъиятиро ба Украина ба Евромайдон бурда, майдонро нишон дода, бо раҳбарон ва ташкилкунандагони майдон мулоқотҳо доир намуда, ҳатто дар митинг баромадҳо карда, бармегаштанд. Ин як навъ ёрии амалӣ буд, дар ташкилу пешбурди митингҳо.

Ба суратҳисоби фонди «Сорос-Қирғизистон» (директории иҷроияш Шомил Иброҳимов) тайи солҳои 2013 ва январи соли 2014 26 220 526 сом ворид гардидааст.

Ҳамин тариқ, ба суратҳисоби фонди ҷамъиятии «Таҳаммулпазирии байналхалқӣ», роҳбараш Рая Қодирова дар соли 2013 13 935 960 сом ва ба суратҳисоби маркази байналхалқии «Интербилим», роҳбараш Асъал Айтбоева январи соли 2014 3 355 177 сом ворид гардидааст.

Чанде пештар, соли 2009 ба суратҳисоби Иттиҳодияи ҷамъиятии «Коалитсия барои демократия ва чомеаи шаҳрвандӣ» аз созмонҳои байналхалқии НДИ ва НЕД-и ИМА, ОБСЕ, Евросоюз, Комиссиюни демократӣ, Фонди Сорос ва ғайра 150 ҳазор евро, бештар аз 127 ҳазор доллар ва зиёда аз 400 ҳазор сом ворид гардида буд. Дар маҷмуъ, ба с/ҳ ҳамин ташкилоти ғайри тиҷоратӣ дар давоми се сол аз хориҷ 489 ҳазор евро, 755 ҳазор доллар, 6 ҳазор фунт-стерлинг ва 10,5 миллион сом ворид гардидааст. Ва ин гуна созмону ташкилотҳо хеле зиёданд.

Мутобиқи омори Вазорати адлияи Қирғизистон ҳамин гуна ташкилоту созмон танҳо дар Бишкек 1426 адад ба қайд гирифта шудаанд. Ин миқдор созмону ташкилоти ғайри давлатӣ ва ғайри туҷҷорӣ дар як шаҳр хеле зиёд ва дар ҳолатҳои зарурӣ метавонад ҳамарову ҳама чизи ба муқобилаш баромадаро зеру забар намояд.

Ҳамин аст, ки митингҳои Қирғизистон пулакӣ буда, ба як манбаи даромади домии гурӯҳе аз одамон табдил ёфтаанд.

-Ворух ба назари Шумо анклав (ҷазирақаламрав, бекорхобида) аст, чун иддае бар ҳамин назар мебошанд?

-Ворух тӯли таърихи мавҷудияташ то солҳои 1974-1975 ҳеҷ гоҳ анклав набуд. Анклав шудани Ворух ба таври сунъӣ баъд аз он ки солҳои 1974-1975 дар Тангии Ворух бо ризояти мардуми Воруху Хоҷаи Аъло деҳае бо номи Оқ-Сой бо аҳолии қирғиззабон пайдо шуд, робитаи мустақим дорад. То ин солҳо ин мавзеъ пурра аз Тоҷикистон буд ва деҳаи кирғизнишини Оқ-Сой ҳам марбути Тоҷикистон буд, зеро дар хоки Тоҷикистон бунёд шуда буд.

-Ҷангу хунрезӣ танҳо харобию зиён ба миён меорад ва чаро ин нуктаро бародарони қирғизи мо дарк намекунанд?

-Аз азал мардуми қирғиз мардуми таҳҷоӣ набуданд, ҳар ҷое, ки обу алаф дошт ва барои парвариши молу чорво мусоид буд, мерафтанд ва аз он маҳал истифода мекарданд ва ин мардумро Шуравӣ муқимӣ кард. Ин як тарафи масъала. Тарафи дигари масъала ин аст, ки вилояти Бодканд марбут ба Кирғизистон буда, аз сарчашмаи об ва чарогоҳҳои тобистонӣ бенасиб аст. Аз ин рӯ, онҳо бо ҳар роҳе, ки бошад, кӯшиш менамоянд, ки ба ин чизҳо, ба ин неъматҳои Худодод даст биёбанд. Аз тарафи сеюм, мо шоҳид ҳастем, ки қирғизҳо тайи се даҳсолаи истиқлолият бо роҳи зӯрӣ ва беадолатӣ ва бо баҳонаи демократӣ панҷ бор тағйири Президент ва садҳо бор тағйири ҳукумат кардаанд. Ҳар ҳукумат ва роҳбарияти нав дар Қирғизистон кӯшиш кардааст, ки фикри мардумро ба ягон масъалаи умумӣ ва баҳсталаб ҷалб кунад, нагузорад, ки мардум бар зидди норасоиҳо ва беадолатиҳои ҷомеа овоз баланд кунанд ва бо ин роҳ каме ҳам бошад, умри ҳукуматашро дарозтар намояд. Вазъияти дохилии Қирғизистон дар маҷмӯъ хеле вахим ва мушкил аст. То имрӯз, ҳукумат барои мардум ва ҷомеа кореро анҷом надодааст. Ҳанӯз ҳам дар Бишкек ягон бинои давлатии ҳозиразамон, ягон маҷлисгоҳ ё ягон объекти умумимиллӣ сохта нашудааст. Ягона коре, ки ба манфиати мардум анҷом шудааст, ин роҳи автомобилгари Бишкек-Ош мебошад, ки дар замони Президентти Аскар Акаев сохта шудааст. Сабаби дигар он аст, ки ҳамин нооромиҳо аз беруни кишвар дастгирӣ ва маблағгузорӣ мешаванд. Тайи чанд сол аст, ки митингҳои Қирғизистон манбаи даромади мардуми бекор ва ҳангомаҷӯии қирғиз гаштааст. Аз ноамнӣ ва бесуботии сиёсӣ ва иқтисодии давлат истифода карда, баъзе ячейкаҳо, гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ-динӣ-радикалӣ низ дар ин кишвар фаъолияти озод доранд. (ҲИУ(ИДУ), Даъват, Салафия ва ғайра).

-Чаро ба якборагӣ тамоми кишвар ба ҷӯш омад, манзур аз тамоми навоҳии ҷумҳурӣ гурӯҳ - гурӯҳ сокинон барои дифоъ аз Ватан баромадан ин нишони дӯстдории Ватан аст ё мардуми мо ҳам ҳатман мехоҳанд дар ҷавоб ба ҳамсоягони худ бархӯрди дурушт дошта бошанд?

-Ба фикри ман ин нишони он аст, ки мардум аз низоъҳои сарҳадӣ ва оқибатҳои он ба ҷон омадаанд ва роҳи ҳалли онро дар ваҳдат, дар ҳамбастагӣ ва дар азиз донистани ҳар ваҷаб хоки кишвар мебинанд. Аз ҳама муҳиммаш он, ки ба осиёби мардуми тоҷик худи қирғизҳо об рехтанд. Вақте ки Қамчибек Тошиеви ҷинояткор масъалаи иваз намудани Ворухро пешниҳод кард ва Мурғобу Ҷиргатолро замини қирғизҳо гуфт, дигар мардум фаҳмиданд, ки ин марди ҷинояткор ба хотири қаҳрамон тарошидан аз худ, қодир аст ба корҳое даст занад, ки дигар берун аз ҳадди таҳаммули мардум мебошад.

-Хадамоти кишварҳои абарқудрат дар низоъи сарҳадӣ ягон нақш доранд ва чигуна ба назари Шумо ва манфиати онҳо дар чист?

-Дар Қирғизистон имрӯзҳо ҳазорҳо ташкилоту созмони ғайридавлатии зери сарпарастии ташкилоту созмонҳои ҷосусӣ ва кашшфӣ қарордошта амал мекунад. Ин ташкилотҳо азбаски аз хоҷагони хориҷии хеш пули ҳангуфт мегиранд, пеши онҳо муттаҳам буда, супориши онҳоро анҷом медиҳанд. Дар ин масъала созмону ташкилотҳои англисиву амрикоӣ пешсафанд. Бурду муваффақияти ин созмонҳо дар он аст, ки мардуми қирғизро бо пул ва бо осонӣ барои хостаҳояшон истифода карда метавонанд. Мавқеи ҷуғрофиёӣ ё ҷойи ҷойгиршавии Қирғизистон дар минтақа низ барои кишварҳои абарқудрат мусоид аст ва ман ният дорам, ки ба қарибӣ дар ин мавзӯъ як мақолаи муфассал иншо намоям.

-Ин бархӯрд чӣ паёмад дорад ва таъсири он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна мебошад?

-Ягон бархӯрд бе паёмад намешавад. Шумо медонед, ки агар Худое накарда, низоъи ба амаломада ба ҷанги миёни Тоҷикистону Кирғизистон табдил мешуд ва кишварҳои дуру наздик ба ин ҷанг ҷалб мешуданд, чӣ балоҳое ба сари мардум меомад. Дар он сурат, оташи ин ҷанг ва шарораҳои он тамоми Осиёи Марказиро фаро мегирифт.

-Ҳатто ин мушкилот ба муҳоҷирони мо дар Россия ҳам таъсир расонид, пас агар идома ёбад эҳтимол аст низоъ густариш ёбад, Шумо чӣ назар доред дар ин масъала?

-Шайх Саъдӣ дар ин ҳолат бисёр ба маврид фармудааст:

“Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор”...

-Ба назари Шумо ҳалли масъалаи сарҳад дар чист?

-Оид ба ин масъала тайи қариб бист соли кору фаъолияти Комиссия ба қароре омада натавонистем. Бо қирғизҳо ҳамкорӣ кардан, ба натиҷаи ниҳойии барои ҳарду тараф қобили қабул шудан ва ба хулосаи дуруст омадан мушкил аст. Онҳо агар дар нимаи аввали рӯз як фикр дошта бошанд, нимаи дуюми рӯз фикри дигар доранд. Фикр мекунам, дар ин масъалаи аз ҳар ҷиҳат муҳим, пеш аз ҳама аз ҳар ду ҷониб иродаи сиёсӣ зарур аст. Вале як мушкилие дар ин масъала вуҷуд дорад. Мо ба иродаи сиёсии тарафи Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бовар дорем ва онро ҷонибдорӣ хоҳем кард, вале оё тарафи қирғиз ин корро карда метавонад? Оё боз садои “истеъфо” ва “рав”баланд намешавад?

-Дар ин мавзӯъ гуфтание буд, ки мо напурсидем?

-Мо аз аввали гуфтушунидҳо хеле таҳаммулпазир будем, ба ҳаққи ҳамсоягӣ ва ҳамҷаворӣ ягон хиёнате аз ҷониби мо сар назадааст. Имкон дорад, ин таҳаммулпазирӣ, вазнинӣ, сабру тоқати моро тарафи муқобил “тарс” таъбир карда бошад. Ин ҷо боз аз мушоҳидаҳои шахсии худам нисбати ҳайати Комиссияи давлатӣ мехоҳам чанд калимае изофа намоям. Ҳайати Комиссияи мо аз одамони дорои касбу кори гуногун ва дорои донишу малакаи мухталиф иборат буд. Ба назар мерасид, ки Комиссияи қирғизҳо муттаҳидтар, агар ба истилоҳи ҳарбӣ гӯйем, ҳамлавартар буда, чун музокираҳо ба забони русӣ анҷом мешуданд, забондонии онҳо низ хубтар ба назар мерасид. Ҳалли бисёр масъалаҳо аз дониш, ҷаҳонбинӣ, малака, ворид будан ба масъалаи музокирашаванда, забондонӣ, қотеъият, донишу малакаи кори дипломатӣ ва ғайраҳо иборат аст. Дар ин кор Комиссияи тарафи Тоҷикистон (ба мушоҳидаҳои банда) аз нуқсонҳо холӣ набуд. Солҳои зиёде дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор доштани мо низ дар баъзе марҳалаҳои музокирот фаъолияти Комиссияи моро камранг ҷилва медод.

Мусоҳиб Умед Пудинаев,

масъули матбуоти Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

Санаи омодашавии суҳбат таърихи 05.06.2021 аст.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi