03:43:33 19-уми Июни 2025 сол

РАҲМОН ВА МАСОИЛИ ОБ ДАР ИҶЛОСИ КУПЕНҲОГ

Президент Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлоси Купенҳог хостори арзёбии "низоми куҳнаву бесамари истифода аз об" дар Осиёи Миёна тавассути Созмони Милали Муттаҳид шуд. Оқои Раҳмон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 16 декабр, дар ин иҷолос суханронӣ кард, ҳамчунин гуфт, ки истифодаи "ғайриоқилона" аз об барои заминҳои кишт мӯҷиби хушкшавии дарёчаи Орол шуда ва ин ҳодиса ба навбаи худ дар обшавии пиряхҳо ё яхчолҳои табиъӣ асароти ҷиддие барҷой гузоштааст.

 

Вай афзуд: "Барои таъмини амнияти об дар Осиёи Марказӣ гузарондани арзёбии умумии таъсири низоми куллан кӯҳнаву бесамари истифода аз обро ба вазъи экологӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид қобили қобул мешуморем. Зеро маҳз истифодаи ғайриоқилона аз захираҳои об барои обёрии заминҳои кишт ба маҳв гардидани баҳри дар гузашта бузурги Арал оварда расонда истодааст."

 

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта низ мукарраран аз кишварҳои поёноби рӯдхонаҳои Омӯ ва Сир барои истифодаи ғайримуассир аз об интиқод кардаанд. Рӯйи сухани оқои Раҳмон низ бешубҳа бо Ӯзбакистон аст, ки мазореъи густардаи панба дорад ва бахши аъзаме аз захоири оби минтақаро масраф мекунад.

 

Оқои Раҳмон ҳамчунин муътақид аст, ки хушкшавии дарёчаи Орол дар асари истифодаи зиёд аз об барои мазореъ тайи чанд даҳсолаи ахир боъиси обшавии сареъи пиряхҳо дар кӯҳсори Тоҷикистон шудааст. Вай дар ин бора гуфт: "...ҳамасола ҳазорҳо тон ғубор ва намак, ки шамолҳои шадид аз қаъри хушкшудаи баҳри Арал ба ҳаво бармехезонанд, ба ҳудудҳои васеъ паҳн мешаванд. Тибқи арзёбии коршиносон як қисми ин намакҳо ба рӯйи пиряхҳои Помир ва Тёншон нишаста, боъиси обшавии босуръати онҳо мегарданд."

 

Бо ишора ба обшавии сареъи пиряхҳо, оқои Раҳмон дар иҷлоси Купенҳог бори дигар бар зарурати таъсиси як сандуқи байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо таъкид кард. Вай қаблан дар ҳамоиши Женев низ чунин пешниҳоде карда буд, вале то кунун ҳеч вокунише ба он нашудааст.

 

Оқои Раҳмон ҳушдор дод, ки обшавии сареъи пиряхҳо тамоми минтақаи Осиёи Миёнаро дучори мусибат хоҳад кард: "Ба андозаи 2-3 дараҷаи селсия боло рафтани ҳарорати ҳаво, тибқи пешгӯйиҳо, ҷараёни обшавии пиряхҳоро тақвият бахшида, дар натиҷа ба коҳиш ёфтани оби дарёҳо оварда мерасонад. Ин якҷоя бо коҳишёбии боришот ва афзудани истеъмоли об метавонад дар ояндаи миёна ва дарозмуддат дар минтақа вазъияти пуршиддатро ба миён орад."

 

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони обанборҳоро роҳи ҳалле барои ҷилавгирӣ аз коҳиши об дар минтақа донист. Вай афзуд: "Дар шароити норасоии захираҳои обӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад, онҳо (обанборҳо) дар таъмини амнияти об нақши муҳим мебозанд, инчунин барои пешгирӣ намудани ҳаводиси марбут ба об, чун обхезӣ ва селҳо мусоъидат менамоянд."

 

Соҳибназарон мегӯянд, ки бо ин суханон, оқои Раҳмон зоҳиран мехоҳад барои тарҳҳои бузурги энержии обии худ, аз ҷумла нерӯгоҳи "Роғун" аз ҳимояти ҷомеъаи ҷаҳонӣ бархурдор шавад. Тарҳҳое, ки иҷрои онҳо нигаронии бархе аз кишварҳои ҳамсоя, бавижа Ӯзбакистонро, барангехтааст.  Дар ҳоле ки мақомоти ӯзбак сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги обиро барои вазъияти муҳити зист дар минтақа ва обёрии мазореъи худ асаргузор медонанд, Президент Раҳмон дар иҷлоси Женев бар зиёнбор будани истифода аз нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ва бар фавоиди зистмуҳитии нерӯгоҳҳои обӣ таъкид кард.

 

Вай аз ҷумла гуфт: "Имрӯз қариб 70 фоизи қувваи барқи дар кишварҳои Осиёи Марказӣ истеҳсолшаванда ба нерӯгоҳҳои ҳароратӣ рост меояд, ки онҳо ҳамасола ба ҳаво миллионҳо тонна гази ангидриди карбонро мепартоянд. Дар айни замон Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ, яъне 527 миллиард киловатт- соат нерӯи барқ дар сол мебошад, ки дар айни ҳол ҳамагӣ 5-6 фоизи он аз худ шудааст."

 

Оқои Раҳмон афзуд: "Ин иқтидор, яъне 527 милёрд киловат–соат аз талаботи кунунии кишварҳои Осиёи Марказӣ се маротиба зиёд аст ва азхудкунии минбаъдаи он на танҳо ба кам гардидани партови миллиардҳо тонна гази ангидриди карбон ба ҳаво мусоидат мекунад, балки боиси сарфаи захираҳои нафт, газ ва ангишт, ки аз ҷониби баъзе кишварҳои минтақа ҷиҳати истеҳсол намудани қувваи барқ истифода мешаванд, мегардад." Зимнан, бахши аъзаме аз нерӯгоҳҳои Ӯзбакистон, мухолифи аслии тарҳҳои энержии обии Тоҷикистон, ҳароратӣ ҳастанд ва ба назар мерасад, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд аз ин кишвари ҳамсоя ном набурда, вале ангушти иттиҳомаш ба он сӯй ишора мекунад.

 

Ин ду кишвар тайи солҳои ахир ихтилофоти зиёде бо ҳам доштаанд. Ӯзбакистон бо бархе аз тарҳҳои энержии обии Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи "Роғун" мухолифат карда ва хостори бозрасии шароити эмании нерӯгоҳҳои мавҷуд дар ин кишвар ва дар Қирғизистон шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ба рағми нигарониҳои ин кишвари ҳамсоя ба иҷрои тарҳҳои худ идома медиҳанд ва Тошкандро ба муносибати хасмона нисбат ба миллати худ муттаҳам мекунанд.

 

Ҳамакнун, мавзӯъи тағйироти иқлимӣ, ки ҳама ҷо бар сари забонҳост, зоҳиран тавҷеҳоти қавитаре дар ихтиёри Тоҷикистон, бавижа Президент Раҳмон, раҳбари фақиртарин кишвари Осиёи Миёна, қарор дода ва ӯ бо қувват ва ҷуръати бештаре иддаъоҳои ҳамсоягонашро рад мекунад.

 

Соҳибназарон суханронии ӯро посухе ба изҳороти ахири Ислом Каримов ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисони ҷумҳурии Ӯзбакистону Туркманистон медонанд. Дар ин изҳорот раҳбарони ин ду кишвар хостори бозрасии вазъи эмании нерӯгоҳҳои бузурги обии мавҷуд дар минтақа ва мутолеъаи байналмилалии тарҳҳои энержии Тоҷикистону Қирғизистон шуда буданд.

 

Иҷлоси Купенҳог, ки дар он намояндагони беш аз сад кишвари ҷаҳон ширкат доранд, тайи даҳ рӯзи ахир ба баррасии масъалаи тағйироти иқлимӣ, коҳиши гозҳои гулхонаӣ ва кумак ба кишварҳои фақир барои расидагӣ ба авоқиби гармоиши Замин машғул будааст. Мавзӯъи кумак ба кишварҳои дар ҳоли тавсеъа аз баҳсбарангезтарин мавзӯъоти ин нишаст буда ва ихтилофи назарҳои ҷиддие бар сари мизони ин кумакҳо миёни кишварҳои пешрафта буруз кардааст.

 

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ зимни таъкид бар зарурати "маблағгузорӣ" барои расидагӣ ба авоқиби тағйироти иқлимӣ, аз пешниҳоди кумак ба кишварҳои дар ҳоли тавсеъа, ки худи Тоҷикистон низ шомили ин гуна кишварҳо мешавад, ҳимоят кард. Тоҷикистон барои иҷрои тарҳҳои гаронҳазинаи худ ба сармояи ҳангуфте ниёз дорад ва ҳимояти оқои Раҳмон аз ин пешниҳод бад-ин маъно ҳам ҳаст, ки дар сурати тавофуқи кишварҳои пешрафтаи санъатӣ бар сари ин мавзӯъ ин кишвар аз миқдоре кумак барои иҷрои тарҳҳои худ бархурдор хоҳад шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1338-rahmon-va-masoili-ob-dar-ijlosi-kupenhog.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ