ИНТИҚОДИ ЗОИРОВ АЗ ТАБЪИЗ НИСБАТ БА ҲИЗБИ Ӯ
Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқдони маъруф ва раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон барои дур сохтани ин ҳизб аз раванди интихобот талош мекунанд.
Оқои Зоиров рӯзи панҷшанбеи 17 декабр дар як мизи гирд дар шаҳри Душанбе шомил нашудани намояндаи ин ҳизб ба ҳайъати Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсиро аз нишонаҳои ин гуна талошҳо ва “навъе табъиз дар қиболи як ҳизби сиёсӣ” унвон кард. Зимнан, ба ҳайъати 15-нафарии ин кумисиюн, ки раиси ҷумҳурӣ ба порлумон пешниҳод карда ва порлумон онро тасвиб кард, намояндаҳои ҳафт ҳизби сиёсӣ шомил шудаанд, аммо намояндаи ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ба ин кумисиюн шомил нашудааст.
Ҳамчунин, масъулони ҳизби сусиёл-демукрот даъват нашудани намояндагони ин ҳизб ба ҷаласаи Шӯрои Ҷамъиятии Тоҷикистонро низ, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, ширкат дошт, навъе нақзи ҳуқуқи як ҳизби сиёсӣ талаққӣ карданд. Усмон Солеҳ, масъули бахши ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, ки раёсати онро Президент Раҳмон ба ӯҳда дорад, ба навбаи худ гуфт, ки ба далели узвият надоштан дар Шӯрои ҷамъиятӣ ҳизби сусиёл-демукрот ба ҷаласаи ин ниҳод даъват нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, Раҳматулло Зоиров таъкид кард, ки бо вуҷуди фишор аз сӯйи мақомоти давлатӣ ва эҷоди мавонеъи ба гуфтаи ӯ маснӯъӣ дар роҳи фаъолияти ҳизби сусиёл-демукрот ин ҳизб дар интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ ва интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ ширкат хоҳад кард. Оқои Зойиров гуфт, ки ҳизби сусиёл-демукрот ҳизби мухолифи давлат аст, аммо на душмани давлати Тоҷикистон ва танҳо аз навоқису кӯтоҳиҳои масъулони давлатӣ интиқод мекунад.
Интиқод аз нозирони ИКҲ
Аз сӯйи дигар, раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот бо ширкати нозирони интихоботӣ аз кишварҳои ҳамсуд ва аъзои Гурӯҳи Шонгҳой дар интихоботи порлумонии оянда дар Тоҷикистон ибрози мухолифат кардааст. Хабаргузории маҳаллии "Asia-Plus" дар гузорише аз қавли оқои Зоиров овардааст, ки ҳизби ӯ ба нозирони интихоботӣ аз кишварҳои ҳамсуд ва аъзои Гурӯҳи Шонгҳой эътимод надорад.
Дар интихоботҳои Тоҷикистон маъмулан нозирони байналмилалӣ аз Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ), Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд (ИКҲ) ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ширкат мекунанд.
Вале оқои Зоиров ба ин хабаргузорӣ гуфтааст: "Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳамаи нозирони байналмилалӣ бояд бар асоси меъёрҳои ягона фаъолият кунанд ва натиҷагириҳои онон низ бояд мушобеҳ бошад. Аммо аҷиб аст, ки натиҷагириҳои нозирони САҲУ ҳамеша бо натиҷагириҳои намояндагони ИКҲ ва СҲШ таноқуз дорад."
Раҳбари сусиёл-демукротҳои Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки ҳеч ниёзе ба ширкати нозирон аз ин ду созмон дар интихоботи порлумонии оянда намебинад, чун ҳамаи кишварҳои узви ин ду созмон, ба истиснои Чин, худашон аъзои САҲУ низ ҳастанд. Оқои Зоиров ҳамчунин аз кишварҳои узви ин ду созмони бузурги минтақаӣ интиқод карда, ки онҳо маъмулан ба унвони нозир афродеро мефиристанд, ки мансабдор буда, вале ҳуқуқдон нестанд.
Вай афзудааст: "Ин нозирон маъмулан бар ҷараёни интихобот танҳо дар рӯзи баргузории он назорат мекунанд ва он ҳам тӯли ду-се соъат. Боқии вақташонро онҳо дар меҳмониҳое сарф мекунанд, ки мақомоти давлатӣ барои онҳо ташкил карда ва барои кишвар хисороти моддӣ ва маънавӣ мерасонанд."
Аммо ба гуфтаи Раҳматилло Зоиров, вай ҳаргиз надидааст, ки мақомоти давлатии Тоҷикистон тавониста бошанд нозирони байналмилалӣ аз Созмони Амният ва Ҳамкории Урупоро барои ширкат дар меҳмонӣ ё зиёфатҳои худ розӣ кунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1343-intikodi-zoirov-az-tabiz-nisbat-ba-hizbi-u.html