10:37:54 01-уми Июни 2025 сол

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулинро ба ҳузур пазируфтанд

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснулинро ба ҳузур пазируфтанд.

prezidenti tj federatsiyai rusiya1012Дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, молияву бонкдорӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.

Барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самтҳо муайянгардида баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Ҷалби сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар бахшҳои кооператсияи саноатӣ ва таъсиси паркҳои индустриалӣ ба нафъи ду кишвар маънидод шуд.

Ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами муносиботи Тоҷикистону Русия табодули андеша сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854