10:27:34 01-уми Июни 2025 сол

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро ба ҳузур пазируфтанд

10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро дар доираи сафари расмиашон ба Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд.

taj iran 5445874545Дар мулоқот масоили муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки «мо кишвари дӯсту бародари Эронро шарики муҳимми худ дар минтақа арзёбӣ мекунем».

Нақши парлумонҳои ду кишвар дар рушду тавсеаи равобити Тоҷикистону Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф махсус таъкид гардид. Дар ин зимн ҷонибҳо хостори идомаи муколамаи созандаи парлумонӣ ва тақвияти бештари фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту транзит, кишоварзӣ ва дорусозӣ ба манфиати ҳар ду кишвар хидмат менамояд.

Густариши ҳамкории фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои муштарак аз вазифаҳои дигари парлумонҳо дониста шуд.

Ҷонибҳо нақши ҳамкории байнипарлумониро ҳамчунин дар пойдории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон ниҳоят муҳим арзёбӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854