10:26:21 01-уми Июни 2025 сол

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Валентина Матвиенко

10 октябр дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд.

valentina matvienko 424242212Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва нақши равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки мо ҳамкории парлумониро бахши муҳими саъю кӯшиши муштарак барои рушди тамоми доираи муносибатҳои байнидавлатиамон мешуморем.

Мавзӯъҳои асосии суҳбат масоили дорои хусусияти башардӯстона, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, илму техника, ҳамчунин, танзими муҳоҷирати корӣ буд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар омили муҳими густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши гардиши дуҷонибаи мол шудааст.

Изҳори итминон карда шуд, ки муколамаи кунунии роҳбарият ва аъзои ниҳодҳои парлумонии ду кишвар дар Душанбе барои пешбурд ва таҳкими рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ хидмат хоҳад кард.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854