САФАРИ ЖЕНЕРОЛ ХАЙРУЛЛОЕВ БА ПОКИСТОН
Женерол Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, рӯзи сешанбе барои анҷоми сафаре серӯза ба Покистон меравад.
Ин хабарро Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон таъйид кард ва гуфт, ки қарор аст оқои Хайруллоев имрӯз вориди Исломобод, пойтахти Покистон, шавад. Тафсилоти ин сафар ва мулоқотҳо рӯшан нест, вале ба гуфтаи манобеъи покистонӣ, дар ин сафар оқои Хайруллоевро шаш мақоми низомии дигар аз Тоҷикистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Интизор меравад ин ҳайъат бо Аҳмад Мухтор, вазири дифоъи федероли Покистон, ва мақомҳои дигари низомии он кишвар мулоқотҳое анҷом диҳад.
Ин манобеъ гуфтаанд, ки дидори ҳайъати низомии Тоҷикистон аз Покистон ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар, бавижа дар арсаи дифоъ, мусоъидат хоҳад кард. Моҳе қабл Хайрулло Абдураҳимов, вазири амнияти Тоҷикистон низ аз Покистон дидоре анҷом дода буд, вале тафсилоти дидори вай ва ин ки чи тавофуқоте миёни мақомҳои амниятии ду кишвар ҳосил шуд, мушаххас нест.
Равобити амниятӣ ва низомии Тоҷикистону Покистон дар солҳои ахир, бавижа пас аз ба қудрат расидани Осиф Алӣ Зардорӣ, нахуствазир аз ҳизби Мардуми Покистон, ба таври чашмгире беҳбуд ёфтааст. Оқои Зардорӣ дар охири моҳи июли соли ҷорӣ аз Тоҷикистон дидор дошт. Вай дар мулоқоте сеҷониба бо раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон ва дар дидоре чаҳорҷониба бо раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон ва Русия дар Душанбе ширкат дошт.
Дар замони ҳукумати Толибон дар Афғонистон, Тоҷикистону Покистон мавозеъи мутафовите нисбат ба таҳаввулоти сиёсии ин кишвари ҳамсоя доштанд. Дар ҳоле ки давлати Парвез Мушарраф дар Покистон аз Толибон ҳимоят мекард, Тоҷикистон пуштибони аслии нерӯҳои Эътилофи шимолӣ ба раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд буд.
Ҳинд ва Русия низ аз Масъуд ҳимоят мекарданд ва ҳимояти онҳо умдатан тавассути қаламрави Тоҷикистон сурат мегирифт. Аз ҷумла Ҳинд дар ноҳияи Фархор, дар ҷануби Тоҷикистон, бемористонеро фаъол карда буд, ки дар он нерӯҳои вобаста ба Эътилофи шимолӣ дармон меёфтанд.
Баъдҳо Ҳинд ва Тоҷикистон бар сари мавзӯъи истифода аз фурӯдгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар ҷануб-ғарби шаҳри Душанбе, низ музокироте анҷом доданд, ки ин амр мӯҷиби нигарониҳои ҷиддии мақомоти Покистон шуда буд. Русия низ баробар бо Ҳинд ба истифода аз ин пойгоҳ ибрози алоқамандӣ карда, вале зоҳиран музокирот бар сари ин фурӯдгоҳ то кунун ба ҷойе нарасидааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1378-safari-generol-khayrulloev-ba-pokiston.html