21:10:44 23-уми Июни 2025 сол

Мулоқот бо Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ Анна Бйерде ва Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Антонелла Бассани

13 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ва Ноиби Президенти ҳамин бонк хонум Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

3 muloqoti janobi oli 659887545Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи имрӯзаи ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳониро баланд арзёбӣ намуда, аҳаммияти басо хоссаи идомаи самараноки шарикӣ бо онро, бо назардошти шароити имрӯзаи афзоиши таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъкид карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами вобаста ба тавсеаи истеҳсолу содироти энергияи тоза аз манбаъҳои барқароршаванда дар Тоҷикистон ва дар ин замина рушди иқтисоди “сабз”-ро муҳокима намуданд. Дар ин зимн ҷонибдории Бонки Ҷаҳонӣ аз дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон дар доираи рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим таъкид гардид.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои вобаста ба дигар ҷанбаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, устуворнокии иқтисодиёти он ба хавфу хатарҳои муосир, ҳамчунин, ҷалби маблағҳои грантӣ ва имтиёзноки шарикони рушд барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар муҳокима гардид.

Изҳори бовар карда шуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимод саҳмгузории худро дар амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувор идома хоҳад дод.

www.president.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ