16:58:09 22-уми Июни 2025 сол

Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»

19 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи: «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» баргузор гардид.

1 konfronci baynalmilali 1254875454Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханрони худ нақш ва мавқеи кишвар, бахусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дар таъсис ва ташаккули Созмони ҳамкории Шанхай қайд намуд.

Раиси Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг, Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбаев, дигар намояндагони воломақоми Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои минтақавӣ паёми видеоӣ ирсол намуданд.

Дар Конфронс таъкид гардид, ки ҳадафҳои стратегии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки меҳвари СҲШ ба шумор меравад, инчунин Созмони ҳамкории Шанхай ҳамдигарро мукаммал намуда, дар таҳкими субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаи фарох дар қитъаи Авруосиё саҳми арзанда мегузоранд.

Конфронс як платформаи муҳими коршиносӣ ва дипломатӣ барои муҳокимаи нақши Осиёи Марказӣ ҳамчун меҳвари стратегии СҲШ, инчунин дурнамои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ба манфиати сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор гардид.

Дар назди иштирокдорони конфронс бо барномаи фарҳангӣ лауреатҳои озмунҳои байналмилалӣ ва сарояндаҳои ҷавони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхоҷа Сатторов ҳунарнамоӣ карданд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки дар он роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви Созмон ва Туркманистон иштирок доштанд.

www.mfa.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ