ДУ ВОКУНИШИ ЯК ҲИЗБИ НОМНАВИСНАШУДА
Ба унвони сомонаи «Рӯзгор» бо имзои роҳбарони ҳизби номнависнашудаи сотсиалистии Тоҷикистон ду санад ворид шуд, ки дар онҳо вокуниши ин ҳизб ба бунёди НБО-и Роғун ва интихоботи қарибалвуқӯъи парлумонӣ дарҷ гардидааст.
Дар изҳороте, ки бо имзои Мирҳусейн Нарзиев, раиси ин ҳизби номнависнашуда дастраси мо гардидааст, нуқтаи назари ин ҳизб «доир ба вазъи бунёди нерӯгоҳҳои барқии обии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли ин масъала» баён шудааст. Азҷумла дар он омадааст, ки ҳизб бунёди НБО-и Роғунро аз ҳисоби имконият ва захираҳои дохилӣ дастгирӣ намуда, «ҳама гуна овозаҳоро дар хусуси он, ки гуё бунёди НБО – и Тоҷикистон манфиати кишварҳои поёнобро халалдор менамуда бошанд, беасос меҳисобад, зеро Тоҷикистон энергияи оби равонро истифода менамояд, на миқдори оби дарёҳоро».
Ҳамзамон пешниҳод мекунад, ки бунёди НБО-и Роғун «аз ҳисоби маблағҳои хусусигардонии амволи давлатӣ, кам кардани масраф дар баргузории ҷашнҳои шукӯҳманд, ҷалби сармоягузорони ватанӣ, «бахусус онҳое, ки тамоми боигарии Тоҷикистонро дар давраи соҳибистиқлолӣ аз они худ намудаанд» ба роҳ монда шавад. Ӯ инчунин пешниҳод менамояд, ки барои таъмин шаффофияти истифодаи маблағҳои воридшуда ниҳоди махсусе ташкил дода шавад.
Дар муроҷиатномаи ҷонишини аввали раиси ин ҳизби номнависнашуда Шералӣ Кенҷаев ба роҳбарони бахши вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, созмонҳои ибтидоӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аз онҳо даъват ба амал оварда шудааст, ки бинобар сабаби дар интихобот расман ширкат кардани «гӯрӯҳи дастпарвари ҳукумат» бо роҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров «аз иштирок дар интихоботи парлумонӣ худдорӣ намоянд, зеро ин гурӯҳ бозичаи дасти ҳукумат буда, ба ҲСТ ягон муносибате надорад».
Ёдовар мешавем, ки Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистонро собиқ Раиси Парлумон ва баъдан муассиси «Фронти халқӣ» Сафаралӣ Кенҷаев дар солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ таъсис додааст. Баъди вафоти Сафаралӣ Кенҷаев дар соли 1999 миёни роҳбарони ҳизб барои касби қудрат дар ҳизб ихтилофҳои зиёде буруз карданд.
Дар натиҷа ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки ба яке Абдуҳалим Ғаффоров ва ба дигаре Мирҳусейн Нарзиев роҳбарӣ мекунанд. Дар мақомоти давлатӣ ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоров сабти ном шудааст ва он дар баробари ҳафт ҳизби дигари сиёсии кишвар иҷозати дар интихоботи Парлумонӣ аз номи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон расман ширкат карданро пайдо кардааст.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1395-du-vokunishi-yak-hizbi-nomnavisnashuda.html