13:46:44 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

СОЛИ 2009 АЗ НАЗАРИ АҲЗОБИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН

Cоли 2009 дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон як соли ором ва босубот арзёбӣ мешавад. Албатта, ба ин нукта бештар мақомоти давлатӣ таъкид доранд. Дар ҳоле, ки бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз нооромиҳо дар Тавилдара, минтақаи шарқи ин кишвар дар миёнаҳои соли ҷорӣ ёд мекунанд ва мегӯянд, ин ҳаводис нигарониҳоеро дар миёни ҷомеа ба вуҷуд овард.

 

Марги мармузи Мирзо Зиёев

Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари ҳизби сотсиал – демократ: «ба назари ман мақомоти амниятӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон метавонист Мирзо Зиёевро, агар дар кирдори рафтор ва амали ӯ ҷиноят мебуд, дар ноҳияи Панҷ ва ё Душанбе ба сар мебурд, боздошт кунанд ва дигар чораҳоро амалӣ созанд. Аммо рӯйи хотири дигар ҳадафҳо, шояд тарсондани мардум, дар рӯҳияи тарсу ҳарос нигоҳ доштан ё нишон додани қудрати ҳокимияти феълии Тоҷикистон лозим донистанд, ки дар Тавилдара ба чунин иқдоме даст зананд. Албатта, ҷои таассуф аст».

 

Дар чаҳорчӯби амалиёти «Кӯкнор -2009» дар Тавилдара амалиёти нерӯҳои муасаллаҳи Тоҷикистон алайҳи гурӯҳи Неъмат Азизов сурат гирифт, ки ба иттилои расмӣ зимни ин амалиёт 11 узви ин гурӯҳи ғайриқонунӣ бо шумули панҷ шаҳрванди Русия ва Узбакистон ва як сарбози ҳукуматӣ кушта гардид. Ҳамчунин, Мирзо Зиёев, аз фармондеҳони аршади Иттиҳоди мухолифони пешин ва собиқ вазири ҳолатҳои фавқуллода, ба таври асроромез кушта шуд.

 

Ахиран, Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ марбут ба амалиёти Тавилдараро ба поён расонид ва ба Додгоҳи Олӣ ирсол кард. Тафтишот Мирзо Зиёевро дар ғасби ҳукумат бо роҳи зӯрӣ, куштор, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва қочоқи маводди мухаддир муттаҳам меҳисобад. Бино ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, Мирзо Зиёев дар моҳи июли соли ҷорӣ дар Тавилдара аз сӯи ҳаммаслакони худи ӯ кушта шудааст. Ба таъйиди мақомоти тафтишот, дар ҳоли ҳозир, 49 нафар аз ҳамроҳони Мирзо Зиёев боздошт шуда ва интизори ҳукми додгоҳ мебошанд.

 

Салафияву Таблиғия ва Имоми Аъзам

Дар соли ҷорӣ ҳудуди саду панҷоҳ тан аз аъзои гурӯҳҳои мазҳабии ғайри қонунӣ, назири «Салафия» ва «Ҷамоати Таблиғ» боздошт шуда ва муҳокимаи парвандаи онон дар Додгоҳи Олӣ ва додгоҳҳои шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Душанбе ҷараён дорад. Дар тобистони соли ҷорӣ чаҳор тан аз аъзои гурӯҳи «Ҷамоати Таблиғ» аз сӯи Додгоҳи Олӣ ба солҳои мухталиф маҳкум ба зиндон шуданд.

 

Ин дар ҳолест, ки Соли 2009 дар Тоҷикистон ба унвони Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон бани Собит, пешвои мазҳаби ҳанафӣ эълом шудааст. Шахсияте, ки 97 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон аз ӯ пайравӣ мекунанд ва таҳаммулгароӣ меҳвари ин мазҳаб дониста шудааст. Бад ин манзур, давлат тадобиреро рӯи даст гирифт ва беш аз 500 тан аз ҳанафишиносон ва меҳмононро аз ҳудуди 50 кишвари ҷаҳон дар Симпозиуми байнулмилалии «Имоми Аъзам дар гуфтугуи тамаддунҳо» дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон гирди ҳам овард.

 

Ин таҳаввул аз назари Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, рӯйдоди нодир ва бесобиқа аст. Зеро, ба таъкиди Ғаффоров, ин тадбир аз як сӯ мардумро бо давлат наздик кард, аз сӯи дигар маҳдудиятҳое, ки дар даврони Шӯравии пешин дар нисбати мусалмонон вуҷуд дошт, аз миён бардошта шуд. Ғаффоров: «бузургдошти Соли Имоми Аъзам ва шахсияти Абуҳанифа Нӯъмон бани Собит муҳимтарин рӯйдод барои Тоҷикистон ва берун аз он аст. Чун дар ҷиҳати худшиносии миллӣ ва худогоҳии миллат кӯмак хоҳад кард. Дар шароити феълӣ баргузории чунин ҷашнҳо омили боло бурдани арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ аст».

 

Мақомоти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ аз ҳадафҳои ин ҳизби сиёсӣ аст, аз иқдоми ҳукумат дар мавриди таҷлили 1310 –умин солрӯзи Имоми Аъзам истиқбол карданд. Аммо ин ҷашн, ки решаи динӣ ва сиёсӣ дорад, натавонист хостаҳои ин ҳизбро бароварда кунад. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон:

 

«аз як тараф давлат ташаббуси баргузории як идда барномаҳои диниро ба дасти худ гирифтааст, вале аз тарафи дигар як гуна маҳдудиятҳо вуҷуд дорад. Як сиёсат ва муносибатҳои духӯра аст, ки инро аксари таҳлилгарон ишора ба он мекунанд. Масалан бубинед, ки ҳукумат дар сатҳи баланд аз Имоми Аъзам, ки як шахсияти сирф динӣ аст, ҷашн мегирад ва Симпозиуми байнулмилалӣ доир мекунад ва озмуни «Қуръонхонӣ»баргузор месозад, вале аз тарафи дигар гузоштани ду ракаат намозро дар ҷои кор мамнуъ эълом мекунад дар сатҳи қонун. Инро чи гуна метавон арзёбӣ кард, ки билохира сӯҳбат дар бораи озодиҳои динӣ рафта истодааст ё як навъ истифода аз арзишҳо бо ҳадафҳои сиёсӣ».

 

Қонуни дин, қонуни интихобот....

Ишораи Кабирӣ ба муфоди қонуни ҷадиди «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аст, ки бо пешниҳоди ҳукумат, порлумони кишвар онро қабул кард. Ҳизби наҳзат низ пешнависи алтернативии чунин қонунеро ба порлумон ироа карда буд, аммо он рад шуд.

 

Вале бештари намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин таҳаввуллот дар заминаи қавонинро пешниҳоди лоиҳаи тағйиру илова ба Қонун «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ» тавассути ҳизби коммунист дар соли ҷорӣ арзёбӣ кардаанд. Ин тарҳи пешниҳодӣ низ аз сӯи порлумон ба иллати мушкилоти молӣ рад шуд, ки нигаронии аҳзобро бештар кард. Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон: «мо пешниҳод кардем, лекин аз Саркумита хулоса карда гуфтанд, ки рад карда шавад. Умуман, аз Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргашт. Чун ҳамаи аъзои Шӯро намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ - демократ ҳастанд».

 

Аслан ин қонун маҳсули талошҳо ва заҳамоти гурӯҳи кории намояндагони аҳзоб, коммиссиюни марказии интихобот, вакилони порлумон ва коршиносон таҳти васояти IFES ё Сандуқи байнулмилалии системи интихоботӣ дар якуним соли пеш аст, ки 110 тағйиру иловаро дар бар гирифта буд. Бештари аҳзоб ин санадро барои ба таври шаффоф ва демократӣ баргузор шудани интихоботҳо, ба хусус интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2010 муассир медонанд.

 

Аммо ҳамакнун бо таваҷҷуҳ ба наздик шудани замони интихобот, умеди аксари аҳзоби сиёсӣ танҳо ба ваъдаҳои батакрори президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории интихоботи шаффофу одилона ва демократии моҳи феврал аст. Вале Ҷӯрахон Бӯриев, раҳбари дастгоҳи ҳизби ҳокими халқӣ - демократ мутмаин аст, ки қонуни феълии интихобот кафолати баргузории интихоботи шаффофу одилонаро дорад, «боварӣ ҳаст, ки интихоботи моҳи феврали соли ҷорӣ шаффоф ва демократӣ мегузарад. Чун қонуни интихобот ҳеҷ нуқсу камбудӣ надорад ва барои баргузории интихоботи одилона ҳама заминаҳои ҳуқуқӣ вуҷуд дорад».

 

...ва қонуни забон

Масъуд Собиров, раҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон, қабули Қонуни ҷадиди забонро бо вуҷуди костагиҳо аз фаъолияти муассири порлумон дар соли 2009 талаққӣ кард ва гуфт, ҳарчанд ҳанӯз ҳам ин қонун посухгӯи талаботи ҷомеаи кишвар нест, аммо то андозае дасти дарози забони русиро кӯтоҳ кард, «қабули қонуни забон аз тарафи порлумон як амале гардид, ки на танҳо ҷомеаи Русия, балки ҷомеаи узбакзабонро ба таҳаррук даровард. Зеро мо мехоҳем ё намехоҳем ибораи «забони русӣ - ба унвони забони муоширати байни миллатҳо» монданаш дар қонун мантиқ надошт».

 

 

Бо ин ҳам мояи тассуфи бештари зиёиён ин аст, ки дар қонуни нав ибораи «форсӣ», ки дар оғози қабули қонуни забон дар соли 1989 ҷо дода шуда буд ва пасон дар даҳаи 1990 ҳазф шуд, дубора ворид карда нашуд. Вале аз назари аҳзоб сару садоҳо, вокунишҳои ҷиддии ҷомеаи Русия, ба вижа расонаҳои ин кишвар дар қиболи қонун, бартарӣ ва ҳамзамон талошҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллии Тоҷикистон дар мавриди дифоъ аз манофеъи миллату давлатро нишон медиҳад.

 

Вале қабули қонуни ҷадиди забон танҳо рӯйдоде набуд, ки дар муносиботи миёни Тоҷикистон бо Русия асар гузошта бошад.

 

Ташаннуҷ дар муносиботи Тоҷикистон бо Русия

Ҳанӯз аввали соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба нишони эътироз дар қиболи мавқеъгириҳои мақомоти Маскав аз сафар ба Русия худдорӣ кард, ки ба навбаи хеш аз ҷасорату мардонагии шахси аввали Тоҷикистон далолат мекунад. Аммо нахустин сафари давлатии президент Раҳмон ба Маскав дар моҳи октябр умедҳоро аз дил рабурд.

 

Чун ба таъкиди Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии ҳизби назҳат ин сафар бидуни натиҷа анҷомид, «маълум шуд, ки он тасмиме, ки раисҷумҳур қаблан дошт, тағйир накард ва манфиати миллатро авлавият гузошт. Ба ин хотир дар ин ҷо ҳеҷ натиҷаи мусбие дар мулоқоти Маскав ба вуҷуд наомад ва ҳамин аст, ки баъд аз ин сафар дар ҷаласаҳои ҳукумат, вохуриҳо ва сӯҳбатҳои ошкоро мушкилот матраҳ аст ва президент Раҳмон бидуни пуштибонии миллати хеш кореро анҷом дода наметавонад».

 

Иллати ба сардӣ гароидани муносиботи Тоҷикистон бо Русия, ки дар муддати ду даҳсола шарики стратегӣ маҳсуб мешавад, мухолифати Узбакистон ба бунёди неругоҳи барқӣ - обии «Роғун» дар қаламрави Тоҷикистон аст, ки Дмитрий Медведев дар сафараш ба Тошканд дар охири соли 2008 аз мавқеъи Ислом Каримов пуштибонӣ карда буд.

 

Роғун – ормони миллӢ

Тошканд ҳамчунон ба ин мавзеъаш устувор аст ва ҳатто ахиран талош кард, то Туркманистонро низ мутақоид кунад, ки иҷрои тарҳҳои бузурги энержӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон бар зарари кишварҳои ҳамсоя аст. Аммо президент Раҳмон дар муқобили чунин мавзеъгириҳои Тошканд бунёди неругоҳи «Роғун» -ро дар соли 2009 ба таҳаввуллоти муҳими сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии тақдирсоз барои миллату давлати Тоҷикистон мубаддал карда аз мардум даъват ба амал оварод, то дар бунёди ин иншооти стратегӣ дастаҷамъона саҳмгузор бошанд.

 

Олимҷон Бобоев, раҳбари ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон низ мӯътақид аст, ки тавсеаи арсаи энержӣ омили шукуфоии ин кишвар хоҳад буд, «сохтмони неругоҳи «Роғун» барои иқтисоди Тоҷикистон ва ба моликияти умумимиллӣ табдил додани он хеле муҳим аст. Як бори дигар нишон дод, ки агар мо имрӯз вазъи энергетикиро ҳар чӣ зудтар беҳбуд набахшем ва саноати кишварро рушд надиҳем, фардо дер хоҳад шуд. Барои ин саҳми дастаҷамъонаи мардум ва харидории саҳмияҳои неругоҳи «Роғун», ки аз соли 2010 шурӯъ хоҳад шуд, метавонад дар ҳалли мушкилоти мавҷуд кумак кунад».

 

Ҳамакнун, Бобоев бар ин бовар аст, ки фурӯши саҳмияҳои бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» ва харидории дастаҷамъонаи он аз сӯи мардуми Тоҷикистон аз бузургтарин таҳаввулот дар соли 2010 хоҳад шуд. Афзун бар ин, масъулони аҳзоби сиёсӣ, таҷлил аз Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, баргузории интихоботи Маҷлисҳои намояндагон ва Миллии порлумон, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нахустин агрегати неругоҳи «Сангтуда -2» ва ғайраро аз рӯйдодҳои муҳим дар соли 2010 дониста ва ибрози умедворӣ кардаанд, ки соли пур аз дастовардҳо барои рушду пешрафти кишвар гардад.

 

Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»

http://www.ruzgor.tj/siyosat/1403-soli-2009-az-nazari-ahzobi-siyosii-tojikiston.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi