Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
16-уми июни соли 2025 бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд тренинги омӯзишӣ таҳти мавзуъҳои «Ҳамкории минтақавӣ дар дарёҳои фаромарзӣ», «Ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи об» ва «Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об» оғоз гардид.
Дар чорабинӣ, устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии вилояти Суғд, ки дар соҳаи об мутахассис омода менамоянд ва шарикони рушд ширкат доранд.
Ҳадафи асосии баргузории тренинг татбиқи бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ба ҳисоб меравад.
Тренинг ба густариши дониш ва малакаи иштирокчиён дар самти таҳкими ҳамкорӣ миёни кишварҳои ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ, татбиқи ҳуқуқи байналмилалӣ дар идоракунии захираҳои об ва роҳандозии равишҳои идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об равона гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки тренинги омӯзишӣ аз 16-ум то 18-уми июни соли ҷорӣ идома меёбад.