ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ВА РӮЙХАТИ ИНТИХОБОТИИ ҲХДТ
Дар Анҷумани даҳуми Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ғайри интизори коршиносон тағйироти сохторӣ ва идорӣ сурат гирифт. Дар ин анҷуман дар қатори муаррифии барномаи пешазинтихоботӣ, ҳамчунин, дар сохтори ин ҳизб тағйирот шуд. Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ин ҳизб интихоб шуд, вале муовини раиси ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода аз вазифа озод шуд ва ба ҷойи ӯ Сафар Сафаров, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб шуд.
Ба сифати муовини дигар собиқ мудири шӯъбаи ташкилӣ дар Дастгоҳи иҷроияи президент Асрор Латифов таъин шуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, ки инҳо низ аз зумраи ҷонишинони раиси ҳизб маҳсуб меёфтанд, озод шуданд. Шумораи муовинон дар ҳизб маҳдуд шуд. Дар ин анҷуман ҲХДТ ҳамчунин феҳристи 22 номзади худро барои ширкат дар интихобот муаррифӣ кард. Дар он номи шахсиятҳое ҳам ҷойгир шудааст, ки феълан дар мансабҳои давлатӣ қарор доранд.
Аз ҷумла, Амиршо Миралиев, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ, ки дар ҷои аввал дар рӯйхат омадааст. Пас аз он Ёқуб Саидов (вазири мелиоратсия ва об), Хайриниссо Юсуфӣ (раиси Кумитаи кор бо занон ва оила), Ҷумъабой Сангинов (вакили Маҷлиси намояндагон), Хадича Ҳакимова (вакили Маҷлиси намояндагон), Низом Қосим (шоир ва феълан роҳбари телевизиони бачагонаи «Сафина»), Абдураҳмон Хонов (ҷонишини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон), Зиёратшо Саъдуллоев (раиси Нуробод), омадааст. Ҳамакнун, афроде, ки аз ин рӯйхат ба Маҷлиси намояндагон хоҳанд рафт, бо ҷои кори феълияшон падруд хоҳанд гуфт.
Мӯсо Асозода, раиси созмони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, пас аз хатми анҷуман гуфт: «дар барномаи ҲХДТ афзалияти бештар ба рушди демократия дар ҷомеа, озодии сухан, таҳкими волоияти қонун, рушди соҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, мубориза бар зидди фасод, амалӣ гардонидани барномаҳои аҳамияти стратегии миллӣ дошта ва ҳоказо дода шудааст. Ҳамчунин, ҲХДТ бо чеҳраҳои шинохта вориди интихобот шуданист».
Дар ин анҷуман ба ҷуз аз намояндагони расонаҳои хабарии дохилӣ ва нашрияҳои мустақил рӯзноманигорони расонаҳои хабарии хориҷии муқими Тоҷикистон роҳ дода нашуданд.
Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1413-taghiyroti-kadri-va-ruykhati-intikhobotii-hhdt.html