РӮЙДОДҲОИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2009
Бархе аз коршиносони тоҷик он чиро, ки "сабт шудани мазҳаби Ҳанафӣ ба унвони мазҳаби расмии Тоҷикистон" медонанд, аз ҷумлаи муҳимтарин таҳаввулоти сиёсии соли 2009 талаққӣ мекунанд. Дар сӯҳбате, ки ҳамкорамон Мардони Муҳаммад бо Рашид Абдулло ва Давлати Усмон, ду коршиноси масоили сиёсӣ, анҷом додааст, таъкид ба "нақши фирқаи Ҳанафия дар фарҳанги тоҷикон" дар қонуни дини Тоҷикистон як ҳодисаи муҳим ва бесобиқа дар ин кишвар унвон шуд.
Р.Абдулло: Ба андешаи ман, дар миёни ҳаводиси зиёди сиёсии соли ҷорӣ дар қонуни “Дин ва ташкилотҳои динӣ”-и Тоҷикистон ба ҳайси мазҳаби расмӣ сабт шудани мазҳаби ҳанафӣ аз муҳимтарин таҳаввулоти сиёсии сол буд.
Зимнан, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, аз чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ ва мазҳабии Тоҷикистон, дар соли 2008 аз лиҳози қонунӣ ҳимоят намудан аз мазҳаби ҳанафиро пешниҳод карда буд. Ин таҳаввулро чи гуна метавон ташреҳ дод? Ин чунин маънӣ дорад, ки амалан дар Тоҷикистон ба таври ғайримустақим дини ислом дини давлатии ин кишвар эълом шуд.
Бархе аз соҳибназарон ҳимояти давлат аз мазҳаби Ҳанафия ва Соли Имоми Аъзам эълом шудани соли 2009-ро навъе талоше барои ҷалби таваҷҷӯҳи кишварҳои исломӣ ва арабӣ ба Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Яъне, дар пайи то андозае сард шудани равобиташ бо Русия Тоҷикистон ба кишварҳои исломӣ рӯй овардааст. Шумо бо ин ақида мувофиқед?
Р.Абдулло: На. Ҳаводиси феълии Тоҷикистон шабеҳи ҳаводиси Туркия аст. Яъне ин ҳаракати пайвастан ба паҳно ва тамаддуни барои тоҷикон суннатӣ мебошад. Мо ин ҳаракатро ҳам дар сатҳи мардумӣ ва ҳам дар сатҳи давлат мушоҳида мекунем. Даҳ сол қабл, ҳамчунин ҳодисае қобили тасаввур набуд.
Аз сӯйи дигар, давлати Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ сиёсати бисёрсамтиро (бар сиёсатҳои дигар) тарҷеҳ додааст. Тоҷикистон дар садад аст аз маҳдудаи равобит бо Русия ва Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили Муштаракулманофеъ раҳо ёфта ва равобити худо бо мамолики ғарбӣ ва исломӣ густариш диҳад.
Д. Усмон: Ман то андозае ба назари Рашид Абдулло дар мавриди мазҳаби Ҳанафия мувофиқ ҳастам. Аммо ба эътиқоди банда, ба таври фазоянда рӯ ба ислом овардани мардуми Тоҷикистон, бахусус ҷавонон, давлати ин кишварро ба чунин иқдоме водор кардааст.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ либерал-демукротизми ғарбӣ натавонист дар ҷамоҳири собиқи шӯравӣ ҷойнишини ақоиди кумунистӣ шавад. Аммо ақоиди исломӣ, ки аз ибтидо бо адолати иҷтимоъии худ маъруф буду миёни хоҷаву ғулом фарқе намегузошт, халаъ ё холигоҳи фазои ақидатиро дар кишварҳое чун Тоҷикистон батадриҷ пур мекунад.
Ба манзури аз даст надодани контули ҷомеъа мақомоти Тоҷикистон маҷбур шуданд дар сиёсат асар доштани дини исломро эътироф кунанд. Аз ҷониби дигар, аз исломзудоӣ ба исломфаҳмӣ рӯй овардани давлати Тоҷикистон метавонад боъиси ҷалби таваҷҷӯҳи мамолики исломӣ ба ин кишвар шавад.
Аммо дар Соли Имоми Аъзам пайравони равияҳо ё фирқаҳои исломӣ, ки аз мазҳаби ҳанафӣ то андозае тафовут доштанд, мавриди таъқибу озор қарор гирифтаанд. Ҳатто фаъолияти Ҷамоъати Таблиғ, ки пайравони он, ба гуфтаи бархе аз чеҳраҳои мазҳабӣ, ба сиёсат рабте надошта ва танҳо ба таблиғи ислом машғуланд, дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд ва теъдоди зиёде аз аъзои он боздошту зиндонӣ шуданд. Чаро?
Р.Абдулло: Ин муборизоти ақидатӣ аст ва ба хотири пирӯз шудан дар ин муборизот давлати Тоҷикистон ба таври расмӣ аз мазҳаби ҳанафӣ ҳимоят кард. Ин сиёсати прагматикӣ ё амалгароии давлати Тоҷикистон аст. Яъне, чун дар ҷомеъа талошҳо барои пайвастан ба паҳно ё арзишҳои суннатӣ бештар шуд, давлат низ ба он рӯй овард.
Д.Усмон: Тоҷикистон мехоҳад ба мисли кишварҳои дунявии Туркия ва Миср бо ҳимоят аз исломи суннатӣ бо ҷараёнҳои дигар даргир шавад. Ба эътиқоди ман, ин роҳ чандон дуруст нест. Давлат бояд бо ҷараёну фирқаҳои мазҳабӣ, ки амнияти миллиро таҳдид намекунанд, аз роҳҳои сиёсӣ бархурд кунад. Дар ғайри ин сурат, ин буҳрон дар кишвар шояд амиқтар гардад.
Р.Абдулло: Ҳоло ҷомеъаи Тоҷикистон дар ҳолати гузариш қарор дорад ва миёни равияю фирқаҳои мазҳабӣ ихтилофоте вуҷуд дорад. Шояд ба ҳамин далел, давлати Тоҷикистон расман аз мазҳаби ҳанафӣ ҳимоят кардааст. Дар ҳамин ҳол, чеҳраҳои мазҳабие чун Акбари Тӯраҷонзода бар ин назаранд, ки дар қиболи фирқаҳои дигар, назири салафӣ ё Ҷамоъати таблиғ таъқибу озор сурат нагирад.
Ба ҳар сурат, оё метавон гуфт, ки рӯ ба сардӣ гаройидани равобити Тоҷикистон бо Русия то ҳадде ба рӯй овардани ин кишвар ба самти мамолики исломӣ мунҷар шудааст?
Д.Усмон: Дар солҳои ахир Русия дар равобити худ Урупоро бар кишварҳои Осиёи Марказӣ тарҷеҳ медиҳад. Аз ин лиҳоз, мавзеъи Русия на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бештари кишварҳои минтақа заъиф шудааст. Русия манофеъи худро аз аҳдофи истротежик болотар мегузорад. Масалан, дар моҳи январи соли ҷорӣ, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, дар ҷараёни дидораш аз Ӯзбакистон танҳо ба хотири манофеъи иқтисодӣ аз мавзеъи Ӯзбакистон дар масоили обу энержии минтақа ҳимоят кард.
Яъне, Ӯзбакистон ваъда кард, ки гози худро бо баҳои арзон ба Русия содир мекунад ва Русия метавонад онро бо қимати бозори ҷаҳонӣ ба кишварҳои Урупо бифурӯшад. Чун аз ин муомила Русия ба миқдори 5 милёрд дулор оидот ба даст меовард, аз куллияи тавофуқот бо Тоҷикистон дар заминаи энержӣ сарфи назар кард. Ҳадафи Ӯзбакистон аз ин иқдом латма ворид кардан ба равобити Тоҷикистону Русия буд. Ба далели надоштани сиёсати мушаххас Русия мавзеъи худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ батадриҷ аз даст медиҳад.
Р.Абдулло: Равобити Тоҷикистону Русия дар сатҳи расмӣ сард шудааст, аммо дар сатҳи поён ин вазъ мушоҳида намешавад. Тибқи иттилоъи Кумитаи омори Тоҷикистон ҳатто бо вуҷуди асароти буҳрони молӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба миқдори 1,3 милиёрд дулор маблағ ворид шудааст. Ширкатҳои Русия, назири “Газпром” ва “Роснефт” дар Тоҷикистон ҳузур доранд.
Мушкил танҳо дар сутуҳи олӣ вуҷуд дорад. Тасмимҳои мухталифи Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди сафар ба Маскав дар моҳи феврал, ба таъвиқ афтодани дидори Раҳмон аз Русия ва шӯру валвала дар бораи мавзеъи забони русӣ дар қонуни ҷадиди забони Тоҷикистон аз ҷумлаи фарозу шебҳои равобити расмии миёни ин ду кишвар маҳсуб мешавад.
Мақомоти Русия ба хотири манофеъи хаёлии иқтисодӣ аз муттафиқи аслии худ дар Осиёи Марказӣ канор рафтанд. Ин нишонаи он аст, ки Русия наметавонад бо шароити пас аз Шӯравӣ мутобиқ шавад. Ҳанӯз Русия худро дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказӣ “бародари бузург” эҳсос мекунад.
Шояд ба ҳамин далел буд, ки дидори расмии Эмомалӣ Раҳмон аз Русия дар моҳи октябри соли ҷорӣ чандон муваффақиятомез набуд? Назари Шумо дар ин бора чист, оқои Усмон?
Д.Усмон: Дар ин дидор раиси ҷумҳури Русия бо ҳамтои тоҷики худ аз мавзеъи зӯр ё қудрат муносибат кард. Ҷониби Тоҷикистон қасд дошт мавзӯъи таҷдиди назар дар бораи наҳваи ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистонро матраҳ кунад, аммо раиси ҷумҳури Русия дар нишасти хабарӣ сароҳатан гуфт, ки ин мавзӯъ то соли 2016 аслан баррасӣ нахоҳад шуд.
Аз ин лиҳоз, барои Тоҷикистон ҷуз рӯй овардан ба сиёсати бисёрсамтӣ ё бисёруфуқӣ чораи дигаре нест. Дар оянда бояд таваҷҷӯҳ ба густариши равобит бо кишварҳои исломӣ, ғарбӣ ва Чин мутамаркиз шавад. Ба андешаи ман, Русия бояд барои беҳбуди равобит бо Тоҷикистон дар сиёсати худ дар қиболи ин кишвар таҷдиди назар карда ва лаҳнашро нармтар кунад.
Дар нишасти хабарӣ дар ҷараёни дидори оқои Раҳмон аз Маскав рӯшан буд, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зери фишор қарор дорад. Аз ҷумла, ба ӯ лозим омад, ки тавзеҳ диҳад, ки мавзеъи забони русӣ дар Тоҷикистонро хатаре таҳдид намекунад.
Р.Абдулло: Ҳадафи аслии ин дидор талош барои оддӣ сохтан ё беҳбуд бахшидан ба равобити Тоҷикистону Русия маҳсуб мешуд. Ҳарчанд Тоҷикистон дар сард шудани равобит нақше надошт.
То ҳол Русия аз лиҳози равонӣ худро абарқудрат меҳисобад ва аз ин зовия ба равобит бо Тоҷикистони кӯчак назар мекунад.
Д.Усмон: Тоҷикистон худ бар равобити танготанг бо Русия алоқаманд аст. Зеро Тоҷикистон бо Русия таърихи ҳамзистии 130-сола дорад. Аз сӯйи дигар, ин кишвар ҳам аз лиҳози мафкураи сиёсӣ ва ҳам мавзеъи ҷуғрофиёӣ ба Русия наздиктар аст. Русия низ бояд ба сӯйи Тоҷикистон қадам бардорад.
Р.Абдулло: Яке аз дастовардҳои муҳими Тоҷикистон дар соли ҷорӣ риъоят кардани тавозуни равобит бо кишварҳои абарқудрат аст. Масалан, риъоят накардани чунин тавозун барои Гурҷистон гарон тамом шуд ва ба далели мухолифатҳояш бо Русия якпорчагии ҳудудашро аз даст дод. Тоҷикистон бояд ба Русия наздик шавад. Зеро ҳазорҳо нафар тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва пулҳое, ки онҳо ба ватан интиқол медиҳанд, боъиси суботи иҷтимоъӣ дар кишвар шудааст.
Зимнан, бисёриҳо бар ин назаранд, ки Русия аз ҳузури муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар ба унвони василаи фишор болои Тоҷикистон истифода мекунад. Оқои Абдулло, Шумо фикр намекунед, ки ҷустуҷӯйи бозорҳои ҷадиди кор дар кишварҳои дигар, бахусус дар мамолики арабӣ як навъ талош барои раҳо ёфтан аз ин фишор буда бошад?
Р.Абдулло: Ҷустуҷӯйи бозори кори олтернотив иқдоми хуб аст. Вобаста будан ба як бозори кор метавонад ба унвони фишанги фишороварӣ истифода шавад. Масалан, дар замони сард шудани муносиботи Тоҷикистону Русия дар моҳи феврали соли ҷорӣ бархе аз намояндагони Думои давлатӣ ё порлумони Русия хостори ихроҷи бахше аз муҳоҷирони тоҷик аз ин кишвар шуданд.
Д.Усмон: Ҳоло ҳудуди 30 то 40 дар сади нерӯи кори Тоҷикистон дар Русия ба сар мебаранд. Ман фикр мекунам, ворид сохтани фишор болои Тоҷикистон ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия ба нафъи Тоҷикистон хоҳад буд. Зеро Тоҷикистон маҷбур хоҳад шуд барои таъмини шуғл барои ин афрод корхонаҳои санъатии худро бозсозӣ ва фаъол кунад.
Ба сардӣ гаройидани равобит бо Русия ва баъдан бо Ӯзбакистон барои Тоҷикистон, фикр мекунед, чи авоқибе дар пай хоҳад дошт?
Д.Усмон: Агар ба таҷрубаи таърихӣ нигоҳ кунем, сардии равобит бо Ӯзбакистон ҳамеша ба нафъи Тоҷикистон анҷом ёфтааст. Сардии равобит бо Ӯзбакистон дар авосити даҳаи 1990 мунҷар ба музокироти сулҳ бо Иттиҳоди мухолифони пешин ва имзои мувофиқатномаи сулҳ шуда буд.
Ҳамакнун, сардии равобит бо Ӯзбакистон бар сари масоили энержӣ боъис шуда, ки мардуми Тоҷикистон дар атрофи идеи "Роғун" муттаҳид шаванд. Ҳатто аҳзоби мухолиф аз бунёди дастаҷамъии нерӯгоҳи "Роғун" пуштибонӣ мекунанд.
Р.Абдулло: Тира шудани равобит бо Русия ва Ӯзбакистон Тоҷикистонро водор мекунад, ки роҳҳои густариши равобит бо мамолики дигарро ҷустуҷӯ кунад. Масалан, ба далели мушкилоти убуру мурур аз тариқи Ӯзбакистон, Тоҷикистон роҳҳои иртиботии олтернотивро бунёд мекунад.
Д.Усмон: Зимнан, аз сардӣ ва тирагии равобит бештар Ӯзбакистон зиён мебинад. Зеро ин кишвари тронзитӣ аст ва барои Тоҷикистон бозор аст. Тирагии равобит ба таҳрими ин бозор мунҷар мешавад.
Оқои Усмон, Шумо фикр намекунед, ин масъала мунҷар ба бурузи нооромиҳо дар Тоҷикистон шавад? Зеро, масалан, бархе аз соҳибназарон, ба нақши Русия дар нооромиҳои ноҳияи Тавилдара дар тобистони соли ҷорӣ ишора кардаанд.
Д.Усмон: Баъид аст, ки дар ҳаводиси ноҳияи Тавилдара Русия даст дошта бошад. Дар ин замина далеле вуҷуд надорад. Нахуст, боздошт шудани чанд табаъаи Русия дар ноҳияи Тавилдара ба унвони далел пешниҳод гардида буд. Баъдан рӯшан шуд, ки ин афрод ба гурӯҳҳои мазҳабии Русия мутаъаллиқ буда ва терруристҳои ҳирфаӣ набудаанд ва дар роҳи сафар ба мадориси исломии кишварҳои Осиё аз Тоҷикистон ба унвони тронзит истифода мекардаанд.
Р.Абдулло: Ба андешаи ман, иллати бурузи нооромиҳо ба шароити феълӣ мутобиқ шуда натавонистани бархе аз фармондеҳони собиқ буд. Мирзо Зиёев аз ҷумлаи онҳо буд. Оқои Зиёев сиёсатмадор набуд ва қудрати таҳлили вазъиятро надошт. Бино бар ин, дар ҷомеъаи ҷадид натавонист ҷойгоҳи худро пайдо кунад.
Оқои Усмон, Шумо дурнамои сиёсати ояндаи Тоҷикистонро чи гуна мебинед?
Д.Усмон: Муҳиммтарин тадбири сиёсӣ дар соли оянда ин баргузории интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллии Тоҷикистон аст. Раиси ҷумҳурӣ баргузории интихоботи озод ва шаффофро замонат додааст. Агар Тоҷикистон воқеъан пойбанди сиёсати пешгирифтаи раҳбари давлат бошад ва мардуми ин кишвар эҳсос кунанд, ки интихобот дар сарнавишти онҳо метавонад нақшеро ифо кунад, Тоҷикистон батариҷ ба самти порлумонӣ шудани кишвар пеш хоҳад рафт.
Зимнан, кишварҳои дорои низоми порлумонӣ кишварҳои муваффақ маҳсуб мешаванд. Низоми раёсати ҷумҳурӣ барои кишварҳои машриқзамин чандон қобили қабул нест. Зеро ин сиёсат дар ниҳоят ба сиёсати авторитарӣ ё худкома мубаддал хоҳад шуд.
Р.Абдулло: Баргузории интихоботи озод, демукротик ва шаффоф дар Тоҷикистон ҳоло аз орзӯю омол маҳсуб мешавад. Ман ба тағйироти ҷиддӣ дар ояндаи наздик чандон хушбин нестам. Танҳо дар сурати тағйири мафкураи ҷомеъа, ба таҳаввулоти ҷиддии сиёсӣ дар Тоҷикистон умедвор шудан мумкин аст.
Дар равобити байналмилалӣ, дар канори Русия, Омрико, Чин ва кишварҳои Урупо имкон дорад равобити Тоҷикистон бо Қатар, Арабистони Саъудӣ ва Эрон рушд кунад. Субот дар вазъи сиёсӣ ба беҳбуд ва рушди бахши иқтисодӣ рабт мегирад. Агар дар ин бахш давлат кодрҳои ҷавону таҳсилкарда, зодагони даврони навро ҷалб кунад, мумкин аст ин амр ба рушди бештари иқтисодӣ дар кишвар мунҷар шавад.
Д.Усмон: Дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бидуни беҳбуди фазои сиёсӣ ва бидуни дар назар гирифтани манофеъи гурӯҳҳои сиёсӣ пешрафти иқтисодӣ душвор аст. Агар тавозуни сиёсӣ набошад ва қудрат инҳисорӣ (монополӣ) шавад, иқтисод низ инҳисорӣ хоҳад шуд. Боз шудани фазои сиёсӣ ва дар порлумон роҳ ёфтани афкори мухталифи солим (тавассути намояндагони мардумӣ) ба рушду пешрафти кишвар мусоъидат хоҳад кард.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1432-ruydodhoi-siyosii-tojikiston-dar-soli-2009.html