МАҲМУД АҲМАДИНАЖОД БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Субҳи 4-уми январ раисҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод бо як сафари расмии дурӯза вориди Душанбе мешавад. Ба иттилоъи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҳамон рӯзи вуруд, 4-уми январ, мулоқоти чашм ба чашми раисҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, зимни ин дидор ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблан имзошуда миёни ду кишвар баррасӣ хоҳанд шуд. Ҷонибҳо рӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳоти иқтисоду энержӣ, мухобирот ва кишоварзӣ тамаркуз мекардаанд. Сипас, дидор дар ҳайатҳои бузургтар идома мекунад ва бо анҷоми он имзои санадҳое дар назар аст. Бино бар навиштаи хабаргузории давлатии «Ховар», ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафири Эрон дар Душанбе Алиасғари Шеърдӯст мулоқот карда буд.
Дар пешорӯи сафари раисҷумҳури эронӣ ба Тоҷикистон, хабаргузории эронии “Форс” навиштааст, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Эронро дар ҳоли ҳозир наздиктарин дӯсти Тоҷикистон тавсиф карда, гуфтааст, Душанбе ҳамкории ҳамаҷониба бо Теҳронро дар авлавият мегузорад.
Бино бар ин хабаргузорӣ, президент Раҳмон Эронро кишвари мутамаддину пешрафта ва соҳиби фанновариҳои навин ба қалам дода, изҳори умедворӣ кардааст, ки сафари Аҳмадинажод оғози рушди ҷиддии равобити ду кишвар дар кулли соҳот хоҳад шуд. Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҷараёни силсиласафараш ба Осиёи Марказӣ аз Ишқобод, пойтахти Туркманистон, низ дидан хоҳад кард.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1464-mahmud-ahmadinazhod-ba-dushanbe-meoyad.html