АҲМАДИНАЖОД ВОРИДИ ТОҶИКИСТОН ШУД
Субҳи имрӯз, 4-уми январ, раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо як сафари расмии дурӯза вориди Душанбе шуд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, имрӯз мулоқоти чашм ба чашми раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, зимни ин дидор ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблан имзошуда миёни ду кишвар баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҷонибҳо рӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳоти иқтисоду энержӣ, мухобирот ва кишоварзӣ тамаркуз хоҳанд кард. Сипас, дидор дар ҳайатҳои бузургтар идома мекунад ва бо анҷоми он имзои санадҳое дар назар аст.
Интизор меравад, раисиҷумҳури Эрон дар чаҳорчӯби сафараш аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" боздид кунад. Ин нерӯгоҳ рӯи рӯдхонаи Вахш дар 100-километрии ҷануби шаҳри Душанбе бо сармояи давлати Эрон бунёд мешавад ва корҳои сохтмонии он моҳи феврали соли 2006 оғоз шудааст. Эрон яке аз ҳамкорони аслии Тоҷикистон дар бахши иқтисод маҳсуб мешавад. Дар ҳоли ҳозир 15 ширкату корхонаи муштараки тоҷикиву эронӣ дар Тоҷикистон фаъол аст.
Бино ба иттилои Кумитаи омор, дар 11 моҳи соли гузашта гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Эрон беш аз 115 миллион долларро ташкил додааст. Вале таҳлилгарони тоҷик бар ин назаранд, ки ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг имконоти ба маротиб бештари ҳамкориро доранд. Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҷараёни силсиласафараш ба Осиёи Марказӣ аз Ишқобод, пойтахти Туркманистон, низ дидан хоҳад кард.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1466-ahmadinazhod-voridi-tojikiston-shud.html