МУРОҶИАТИ МУСТАҚИМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 5 январ, соати 19 – 00 ба воситаи ҳамаи шабакаҳои телевизионии давлатии ҷумҳурӣ мустақиман ба халқи мамлакат муроҷиат хоҳад кард.
Мавзӯи асосии муроҷиати телевизионии Сардори давлат идомаи сохтмони НБО «Роғун» ва тақдири минбаъдаи ин иншооти бузурги стратегии мамлакат мебошад. Зеро таъмини истиқлолияти ояндаи энергетикии Тоҷикистон ба сохтмони ҳамин иншоот вобаста аст. Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти воқеии сохтмони НБО «Роғун» - ро 4 декабри соли 2009 дар маҷлиси ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятии мамлакат шарҳу тавзеҳ дода, ва таъкид карда буд.
Барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ саҳмияҳои он ба фурӯш бароварда мешаванд. Саҳмияҳои нерӯгоҳ ба маблағи 6 миллиард сомонӣ (қариб 1,37 миллиард доллари ИМА) бо қимати 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ аз 6 январ сар карда, дар шӯъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба фурӯш бароварда мешаванд. Ба корхонаю муассисаҳо ва шахсони алоҳида, ки саҳмияҳои нерӯгоҳро ба маблағи бештар аз 5000 сомонӣ харидаанд, сертификати махсус дода хоҳад шуд. Дар сертификат номи дорандаи он зикр карда мешавад.
Пайрав Назаров, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1478-murojiat-mustaqimi-imomali-rahmon.html