ҲИЗБҲО ВА ИНТИХОБОТ: ТАЛОШ Ё ТАЛОШАК?
Охири моҳи декабри соли гузашта ҳизбҳои сиёсии кишвар фаъолияти худро дар анҷуманҳояшон ҷамъбаст карданд. Ин натанҳо ҷамъбасти фаъолияти яксола, балки назаре андохтан ба марҳилаи калони фаъолияти ҳизбҳо буд. Вале мақсади асосии ҳизбҳо аз баргузор намудани ин анҷуманҳо дигар буд: пешниҳоди номзадҳои ҳизб барои ҷой гирифтан дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Биёед, назаре меандозем ба рӯйхати номзадҳои ҳизбҳо ва имконоти воқеии чанд ҷой гирифтани онҳо дар Парлумони касбии кишвар.
ҲИЗБИ ХАЛҚӢ-ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
Анҷумани 10-уми ҲХДТ 26-уми декабри соли гузашта дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» доир гардид ва дар он 1895 нафар вакилон аз тамоми манотиқи кишвар ширкат варзиданд. Фарқияти ин Анҷуман аз Анҷуманҳои дигар ҳизбҳо дар он буд, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи ин ҳизб тағиротҳои куллӢ ба амал омад. ЭмомалӢ Раҳмон боз раиси ҳизб интихоб шуд.
Давлаталӣ Давлатзода, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Абдумаҷид Достиев аз вазифаҳои муовинони раиси ҳизб озод шуданд. Дар сохтори ҳизб низ тағиротҳо ба амал омаданд. Аз ҷумла Сафар Сафаров, ки қаблан муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони МО ҶТ шуда кор мекард, муовинии озоди якуми раиси ҲХДТ ва ба сифати муовини озоди дигар собиқ мудири шӯъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрор Латифов интихоб шуданд.
Ҳамчунин аъзоёни Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб интихоб шуданд, ки дар миёни онҳо фарзанди Президенти кишвар, муовини раиси Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ низ шомил гашт.
Вакилони Анҷуман 22 нафар номзадро ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тасдиқ карданд, ки чунин аст:
1.Амиршо Миралиев
2. Акрамшо Фелалиев
3. Хайринисо Юсуфӣ
4. Зиёратшо Саъдулло
5. Маҳмадшариф Ҳақдодов
6. Ҳусейн Алиев
7. Хадича Ҳакимова
8.Саиди Ёқубзод
9. Низом Қосим
10. Мунаввара Кенҷаева
11. Бибидавлат Афзалшоева
12. Ҷумъабой Сангинов
13. Махфират Хидирова
14. Бек Қурбонов
15. Талбак Салимов
16. Гулнора Ҳасанова
17. Эшбӯрӣ Эсанқулов
18. Олимҷон Сафаров
19. Ҳаёт Одинаев
20. Ашӯрбек Расулов
21. Абдураҳмон Хонов
22. Дилшод Исматуллоев.
Агар ба ин рӯйхат бодиққат назар андозем, мебинем, ки дар он депутатҳои феълан амалкунанда 4 нафарро ташкил медиҳанд, вале 2 нафари дигар низ таҷрибаи парлумониро дар даъватҳои пештар доранд. 6 нафар номзадҳоро бонувон ( 27 фоизи рӯйхат) ташкил медиҳанд, ки ин чандон бад ҳам нест. Дар миёни номзадҳо 2 нафар раисони ноҳия, 2 нафар аъзои вобастаи Академияи Илмҳои ҶТ, 6 нафар доктори илм ва як нафар номзади илм мебошанд, ки ин интихоби дурусти ҳизбро нишон медиҳад ва шояд дар ин маврид такя ба гуфтаи Ҳаким Фирдавсӣ кардаанд, ки таъкид карда буд: «Фиристода бояд, ки доно бувад!».
Дар қатори аввал ҷой додани Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Амиршо Миралиев худ гувоҳи он аст, ки фиристодаҳо тавоно ва лоиқанд. Тавре дар Анҷуман Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд: «Понздаҳ нафари аввал пешниҳоди ман аст» ва метавон бо дилпурӣ гуфт, ки пас барои ворид шудан ба Парлумони кишвар аниқ 15 нафар имкон дорад. Ва шояд аз он ҳам бештар.
Боз як фарқияти дигари ин Анҷумна он буд, ки вакилон ва меҳмонон ҳамчунин ҷашни 15-солагии таъсисёбии ҲХДТ-ро таҷлил карданд ва ба ин шодии онҳо ҳамҳизбҳояшон аз кишварҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон ҳамроҳ шуданд.
Интихоб шудани номзадҳои ҲХДТ ба Парлумони кишвар имкони дигареро низ барои даъвогарони мансабҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирӣ ва раиси кумита, ҷонишини вазир, раиси ноҳия ва чанд вазифаи сатҳҳои гуногунро ба миён меварад, ки ин масъала қисман дар Маҷлиси ҷамъбастии солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз баъд доир мегардад, ҳалли худро хоҳад ёфт. Имкониятҳои таблиғотӣ барои ҲХДТ зиёданд. Радио ва телевизиони давлатӣ, нашрияи сертеъдодтарини кишвар «Минбари халқ», рӯзномаҳои ҳизбӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон хоҳанд расонд.
ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
Анҷумани фавқуллодаи ҲНИТ 20-уми декабри соли гузашта дар «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт баргузор гардид. Тавре шоҳидон мегӯянд, тағироти асосӣ он буд, ки акнун намояндагони ҳизб на бо ранги сабзи маъмулӣ, балки бо ранги осмонӣ худро муаррифӣ намуданд. Дар Парлумони кунунӣ ин Ҳизб соҳиби 2 ҷой шуда буд, вале дар амал 1 нафар фаъолият мекард ва пас аз бозхонди вакилии худ ба ҷои Маҳамадшариф Ҳимматзода Маҳмадалӣ Ҳайитро, ки дар интихоботи қаблӣ дар зинаи сеюми рӯйхати ҳизбӣ қарор дошт, эътироф накарданд.
Дар маърӯзаи худ Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ доир ба ҳадафҳои ҳизб дар интихоботи имсола ҳарф зад ва пас аз муҳокимарониҳо рӯйхати номазадҳои пешбаришуда ба ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ дар ҳайати 22 нафар пешниҳод гашт:
1.Муҳиддин Кабирӣ
2. Сайидумар Ҳусайнӣ
3. Воҳидхон Қосиддинов
4. Шамсиддин Саид
5. Саидиброҳими Назар
6. Қамариддини Афзалӣ
7. Ҳикматулло Сайфуллозода
8. Мирзомуҳаммади Навид
9. Муҳаммадҷон Нурӣ
10. Зарафо Раҳмонӣ
11. Давлат Назаров
12. Абдуқаҳҳори Давлат
13. Муслима Броимшоева
14. Илҳом Ёқубов
15. Абдусамад Ғайратов
16. Хайринисо Саидова
17. Қиёмиддини Аваз
18. Азимҷон Ваҳҳобов
19. Муҳамад Шариф
20. Нодира Абдуллоева
21. Мунири Ҳабиб
22. Ҷумъа Шеров.
Коршиносон имкониятҳои ҲНИТ-ро дар интихоботи қарибулвуқӯъ аз 3 ҷой бештар намедонанд, зеро фаъолияти ин ҳизб таи солҳои охир пас аз ҲХДТ назаррас буд ва шояд теъдоди бештареро дар Парлумон барояш арзонӣ доранд. Аз чеҳраҳои шинохтаи ин ҳизб ба рӯйхат шомил нагаштани муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайитов боиси сару садоҳои зиёде гашт. Худи М. Ҳайитов бошад дар ин маврид изҳор доштааст, ки тасмим гирифтааст номзадии худро аз ҳавзаи интихоботии якмандата пешниҳод намояд.
Дар рӯйхат чеҳраҳои маъруфу шинохтаи ҳизб шомил гаштаанд, вале афсӯс, ки имконоти ворид шудан ба Парлумон маҳдуд аст ва бо дилпурӣ метавон гуфта, ки аз 4 нафар бонуи пешбаришуда (18 фоизи рӯйхат) ягон нафар ҳам шонси воқеии вакили мардумӣ шуданро надорад ва шояд ин имконро дар ҳавзаҳои интихоботии якмандата ба даст оваранд. Таблиғоти пешазинтихоботӣ тавассути рӯзномаи ҲНИТ «Наҷот» ва маҷаллаи «Найсон»-у варақаҳо сурат хоҳад гирифт.
ҲИЗБИ ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН
Чеҳраи шинохтаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон вазири кунунии нақлиёт ва коммуникатсияи кишвар Олим Бобоев мебошад. Олим Бобоев дар интихоботи охирини Президентӣ мақоми дуюмро ба даст овард ва ба ин васила обрӯ ҳизбро боло бардошт. Ба ҳайати роҳбарикунанди ин ҳизб олимони варзидаи кишвар, бахусус олимони соҳаи иқтисод шомиланд, ки дар сурати ба даст овардани ғалаба дар интихоботи парлумонӣ намояндаи сазовор ва дар ҳалли мушкилоти иқтисодии кишвар ҳиссагузор хоҳанд буд.
Дар Анҷумани 3-юми ҳизб вакилон ба лоиҳаи Барномаи ҲИИТ тағироту иловаҳо ворид намуданд ва 13 нафарро ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд:
1.Нозимов Маҳмадшариф
2. Фатҳуллоев Файзулло
3. Назаров Рустам
4. Асомов Исломиддин
5. Раҳмонов Ҳайдар
6. Шарифов Фатҳулло
7. Раҳимов Абдулатиф
8. Мӯсоев Аҳтам
9. Одинаев Бадриддин
10. Бобохонова Муяссара
11. Исобоев Мӯҳсинҷон
12. Ғоибов Фирӯз
13. Кабиров Хуршед.
Аз ҲИИТ ҳамагӣ як нафар бону (7,5 фоиз) ба рӯйхати ҳизбӣ шомил гаштааст, ки ин басанда нест, вале шояд имконоти молии ҳизб ба ҳамин қадар қодир будааст. Ҳарчанд рақами 13-ро бехосият мегӯянд, вале ин хоси миллати мо нест ва шояд 13 нафар номзади ин ҳизб ин гуфтаҳоро ботил кунанд ва дар таърихи начандон тӯлонии ҳизб онҳо низ бори аввал вориди Парлумони кишвар гарданд. Таблиғоти номзадҳои ҳизб тавассути нашрияи онҳо «Иқтисод ва ҳаёт» сурат хоҳад гирифт.
ҲИЗБИ КОММУНИСТИ ТОҶИКИСТОН
Дар Анҷумани 28-уми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки 26-уми декабри соли гузашта доир гардид, 67 вакил иштирок намуданд. Ин ҳизб низ таҷрибаи кофии фаъолият дар Парлумонро дорад ва роҳбари ҳизб Шодӣ Шабдолову Исмоил Талбаков солиёни зиёдест, ки онро дар Парлумон намояндагӣ мекунанд ва ба ақидаи коршиносон аз вакилони пуркору маъруф маҳсуб меёбанд.
Ҳарчанд дар чандин ҷамъомаду маҳфилҳо роҳбарияти ҳизб иброз медоранд, ки аъзоёни онҳо аз ҳисоби ҷавонон рӯз то рӯз меафзояд, вале аз толор маълум буд, ки дар байни вакилони Анҷуман теъдоди ками ҷавонон ба назар мерасид. Вакилони Анҷуман 10 нафар номзадро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд:
1.Шодӣ Шабдолов
2.Исмоил Талбаков
3. Ғуфрон Рустамов
4. Азимҷон Насимов
5. Шариф Сафаров
6. Ҳайдаршо Пирумшоев
7. Шамсиддин Раҳимов
8. Икромиддин Неъматов
9. Юсуф Ҷаъфаров
10. Заррагул Мирасанова.
Ин ҳизб ҳам ҳамагӣ 1 нафарро (10 фоиз) аз ҳисоби бонувон ба номзадӣ пешниҳод кардааст ва он ҳам дар зинаи аз ҳама охир, ки имконияти интихоб шуданаш маҳдуд аст. Аз рӯйхати пешниҳодшуда маълум мегардад, ки номзадҳо шахсиятҳои шинохтаи сиёсат, илм, иқтисоди кишвар мебошанд ва дар сурати интихоб шуданашон ин на танҳо бурди онҳо, балки бурди Парлумони кишвар ҳам хоҳад шуд. Нашрияи ҲК «Нидои ранҷбар» солиёни зиёдест, ки аз сабаби камбуди молиявӣ чоп намешавад ва шояд дар арафаи баргузории интихоботи парлумонӣ нашри он ба роҳ монда шавад ва таблиғоти номзадҳо тавассути он сурат гирад.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>