23:47:18 05-уми Июни 2025 сол

ҲИЗБҲО ВА ИНТИХОБОТ: ТАЛОШ Ё ТАЛОШАК? - ҲИЗБҲО ВА ИНТИХОБОТ: ТАЛОШ Ё ТАЛОШАК?

 

ҲИЗБИ  СОТСИАЛ-ДЕМО-КРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Анҷумани 11-уми ҲСДТ 20-уми декабри соли гузашта баргузор гардид. Дар атрофи ин ҳизб ва сарвари он моҳҳои охир дар маҳфилҳои мухталиф гуфтугузорҳои зиёде сурат гирифтанд. Аз ҷумла суханронии сарвари ҳизб Раҳматилло Зойиров дар ҷаласаи навбатии САҲА дар Варшава дар мавриди вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, даъват нашудани намояндаи ҳизб ба мулоқоти Президенти кишвар бо сарварони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ доир гардид, ворид накардани намояндаи ин ҳизб ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин қабиланд.

 

Бо вуҷуди бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ин ҳизб дар Анҷумани худ дар қатори ду ҳизби нисбатан қудратманди кишвар (ҲХДТ ва ҲНИТ) ва Ҳизби нисбатан ҷавони аграрии Тоҷикистон  22 нафар номзадро ба ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ пешниҳод  намуд:

1. Раҳматилло Зойиров

2. Амният Абдуназаров

3. Дилбар Самадова

4. Шокирҷон Ҳакимов

5. Файзинисо Воҳидова

6. Диловаршо Ҷӯраев

7. Мавзуна Каримова

8. Алим Шерзамонов

9. Мамадҷон Абдуллоев

10. Дилбар Расулова

11. Ватан Абдураҳмонов

12. Любов Ҳакимова

13. Муҳаммадраҳим Абдуманофов

14. Моҳлиқо Шарифова

15. Ҳайдар Алиев

16. Хушомад Алидодов

17. Маҳмудҷон Қосимов

18. Шӯҳрат Қудратов

19. Марат Мамадшоев

20. Мустафо Муаззамов

21. Бахтиёр Насруллоев

22. Фирӯз Муҳиддинов.

Дар рӯйхати пешниҳоднамудаи ин ҳизб низ теъдоди бонувон чун ҲХДТ 6 нафарро (27 фоиз) ташкил медиҳад, вале воқеият ин аст, ки имконоти бонувони ҲХДТ нисбат ба ҲСДТ бештар аст. Ба ҳар сурат, интихоби номзадҳои пешбаришудаи ҲСДТ, ки аксарашонро ҳуқуқшинсони варзидаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва собиқ сарварони сатҳи гуногун ташкил медиҳанд, ба манфиати Парлумони касбии кишвар хоҳад буд. Ин ҳизб то ҳол нашрия надорад ва таблиғоти номзадҳои он шояд бештар тавассути нашрияҳои мустақил сурат гирад.

 

ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Анҷумани Х-уми Ҳизби демократии Тоҷикистон, ки дар бинои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор гардид, 100 нафар вакилону меҳмонон ширкат варзиданд. Дар Анҷумани мазкур Масъуд Собиров, раиси расман аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ эътирофшуда аз вазифаи раиси ҲДТ ба истеъфо рафта, дубора ба вазифаи раиси ин ҳизб интихоб гардид.

 

ҲДТ дар ҷумҳурӣ дуввумин ҳизбест, ки таҷрибаи зиёди сиёсӣ дошта, муддати 20 сол боз дар фазои сиёсии кишвар арзи ҳастӣ дорад ва аз таҷрибаи таърих гузаштаву сабақ андӯхтааст. Вақилони Анҷуман рӯйхати номзадҳои Ҳизби демократии Тоҷикистонро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва пешниҳод намуданд:

1.Масъуд Собиров

2. Ҳамдулло Абдуллоев

3. Саидқосими Қиёмпур

4. Гурез Ҳабибуллоев

5. Ҳамрохон Сафаров

6. Барот Мақсудов

7. Саида Муҳиддинова

8. Саид Меликов

9. Ҷумъахон Темурзода.

Дар бораи имконоти ҷой гирифтани ин ҳизб дар Парлумон чизе гуфтану тахмин кардан мушкил аст, зеро бори аввал дар чунин маъракаи муҳим иштирок меварзад. Мушкилоти дохилиҳизбӣ шояд сабабгори он шуда бошад, ки дар хусуси фаъолияти назарраси он мардум чандон воқиф набошанд ва на ҳамаи номзадҳоро дар сатҳи ҷумҳурӣ шиносанд. Пешниҳод шудани як нафар бону (11 фоиз ) ва он ҳам дар зинаи 7-уми рӯйхат имконоти ин қишрои ҷомеаро пурра аз байн бурдааст.

 

Шояд интихоби як ё ду нафар номзадҳои ин ҳизб сабабгори поён ёфтани муноқишаҳои дохилиҳизбӣ ва бештар маълумот пайдо кардани мардум доир ба фаъолияти ин ҳизб гардад. Замоне нашрияи «Адолат» яке аз маъмултарину серхонандатарин нашрияи кишвар буд, ки моли ҲКТ маҳсуб меёфт, вале нашри он низ қатъ гаштаву маъракаи таблиғотиро ин ҳизб тавассути дигар нашрияҳои озод амалӣ хоҳад кард.

 

ҲИЗБИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

Ин ҳизб низ таи чанд соли охир ба кашмакашиву судбозиҳо машғул шуд ва ин боиси он гашт, ки аз мадди назари мардум каме дур монад. Ҳарчанд дар интихоботи охирини Президентии кишвар намояндаи ин ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров ба сифати номзад ба Президентӣ иштирок карда бошад ҳам, вале овозҳои гирифта ё дода ба ӯ чандон кирои таъриф нест.

 

Дар Анҷумани навбатии ҲСТ, ки 20-уми декабри соли гузашта доир гардид, масъалаи ташкилӣ ва пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардид. Вакилони Анҷуман Абдуҳалим Ғаффоровро аз нав раиси ҲСТ пешбарӣ ва интихоб намуданд. Вакилони Анҷуман рӯйхати номзадҳои пешбаришударо ба ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ аз ҲСТ дар ҳайати 8 нафар пешбарӣ намуданд:

1.Ғаффоров Абдуҳалим

2. Солиева Дилбар

3. Наимов Зариф

4. Юсупов Маъруфҷон

5. Сафарзода Холмурод

6. Муҳаммадҷонова Мамнуна

7. Кенҷаев Холмаҳмад

8. Абдусаломов Абдуғаффор.

Дар байни номзадҳои пешбаришуда теъдоди аз ҳама камро ин ҳизб ташкил медиҳад ва шояд ин воқеият ҳам бошад, ки то кадом андоза онҳо ба имкониятҳои худ боварӣ доранд. Ҳарчанд 25 фоизи номзадҳоро (2 нафар) бонувон ташкил диҳанд ҳам, вале воқеият ин аст, ки имконияти вакил шудани онҳо ҳатто 25 фоиз ҳам нест. Интихобкунандагон чеҳраҳои шинохтаеро  дар ин рӯйхат намебинанд, вале шояд дар сурати интихоб шудан ба депутатӣ дар давоми 5 соли фаъолият худро нишон дода тавонанд. Лекин ана ҳамин «агар» садди роҳ мешавад-да! Ин ҳизб вақти сарварии Сафаралӣ Кенҷаев соҳиби нашрияи «Иттиҳод» буд, вале имрӯз аз ин имкон маҳрум гаштааст ва дар маъракаи таблиғотӣ аз дигар минбарҳо истифода хоҳад бурд.

 

ҲИЗБИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳарчанд Ҳизби аграрии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои нисбатан ҷавон асту ба кашмокашиҳои дохилиҳизбӣ ҳам машғул нашудааст, вале шояд ба имкониятҳои худ боварии бештар дорад, ки чун се ҳизби дигар (ҲХДТ, ҲНИТ ва ҲСДТ) дар Анҷумани 3-юми худ  22 нафар номзадро ба рӯйхати ҳизбӣ шомил кард, ки рости гап, барои аксар ғайричашмдошт буд. Ҳизби аграрии Тоҷикистон таҷрибаи кофии ширкат дар интихоботи парлумонӣ надошта бошад ҳам, дар интихоботи охирини Президентии кишвар роҳбари он Амир Қарақулов ба сифати номзад ба Президентӣ иштирок кард ва як теъдод овозҳои интихобкунандагонро ҳам соҳиб шуд, ҳарчанд ки то он интихобот дар бораи фаъолияти ин Ҳизб мардум чандон маълумоти кофию дастрас надошт.

 

Вале дар давоми  3-4 соли охир фаъолияти ин Ҳизб ба ҳар сурат назаррас буд ва коршиносон тахмин мекунанд, ки имкони соҳиб шудан ба як ҷойро дар Парлумон ин ҳизб дорад. Вале мурғи ҳумо ба сари кадоме аз номазадҳои ин ҳизб менишинад, ҳануз маълум нест, чун рӯйхати 22 нафари ба номзадӣ пешбаришудаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон… Ин ҳизб соҳиби нашрияи «Меҳргон» мебошад, ки таблиғоти фаъолия тавассути он сурат хоҳад гирифт.

 

БА ҶОИ ХУЛОСА Ё ШАРҲИ САРЛАВҲА

Ҳамин тавр, барои соҳиб шудан ба 22 ҷой дар Парлумони кишвар аз ҳисоби 8 ҳизби сиёсии кишвар 128 нафар талош хоҳанд кард. Дар миёни довталабон ҳам нафароне ҳастанд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он шинохтаву эътироф шудаанд ва ҳам онҳое, ки шояд ҳатто дар ноҳияашон онҳоро на ҳама шиносанд. Вале фарқияти интихобот аз ҳавзаҳои якмандатӣ дар он аст, ки интихобкунандагон на барои шахсият (ҳарчанд баъзе шахсиятҳо дар рӯйхати ҳизбӣ  аҳамияти бештаре доранд), балки барои ин ё он ҳизб овоз медиҳанд.

 

 Пас, худатон, хонандаҳои азиз, хулоса бароред, ки мардум кадом ҳизбро медонанду маҳбубият дорад ва кадоме не? Намедонам, гуфтаҳои роҳбари кадоме аз ҳизбҳои сиёсӣ дар маҳфиле бисёр хуб ва нишонрас буд: «Шумо фаромӯш накунед, ки дар номи ҳамаи 8 ҳизби номнависшудаи кишвар калимаи муқаддаси «Тоҷикистон» аст!». Аз толор ҳам ҷавоби начандон бад садо дод: «Дар номи се ҳизбамон ҳам калимаи «демократӣ» ҳасту аз демократия ному нишон нест!». Шояд барои боқӣ мондани ин муқаддасот- Тоҷикистон ,интихобкунандагон овозҳои худро диҳанд?!

 

Дар мавриди сарлавҳа бошад, барои онҳое ки онро нафаҳмидаанд, шарҳ медиҳам: шояд ҳизбҳое бар ивази талош соҳиби ҷой дар Парлумон гарданду ҳизбҳои дигар бар ивази талошак. Барои онҳое, ки маънои калимаи «талошак»-ро намефаҳманд, мефаҳмонам: «тӯҳфа», «ҳадя», «мукофот», «тақдим», «пешниҳод»…

 

Ҷумъаи МИРЗО,

хабарнигори «Нури зиндагӣ».

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1496-hizbho-va-intikhobot-talosh-yo-taloshak.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854