11:18:48 16-уми Июни 2025 сол

САМИЕВ АЗ НОРАК БА ҚУРҒОНТЕППА МЕРАВАД

Шарифхон Самиев бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз маснади мудири Нерӯгоҳи барқи обии Норак озод шуда, бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қурғонтеппа таъин гардид. Шарифхон Самиев, ки исмаш ба ҷомеаи Тоҷикистон пас аз зимистони сарду бебарқи ду соли қабл дар даврони раёсати ӯ дар ширкати «Барқи тоҷик» ошност, дар Норак як соли пурра ҳам кор накардааст.

 

Ӯ моҳи январи соли гузашта аз вазифаи раисии ширкати «Барқи тоҷик» озод шуда, моҳи марти ҳамон сол мудири Нерӯгоҳи барқи обии Норак таъин гардида буд. Ҳамчунин, раисҷумҳури Тоҷикистон Зиёратшо Саъдуллоро аз вазифаи раиси ноҳияи Нуробод, Иззатулло Зоировро аз вазифаи раиси шаҳри Қурғонтеппа, Бег Қурбоновро аз вазифаи раиси ноҳияи Балҷувон ва Ҳамроқул Ёровро аз вазифаи раиси шаҳри Норак озод кард.

 

Ҷаноби Ёров ба нафақа гусел шуд, аммо сабабаи озод шудани афроди дигар дар фармонҳои раисҷумҳур «ба кори дигар гузаштан» унвон шудааст. Исми Зиёратшо Саъдулло дар феҳристи ҲХДТ барои вуруд ба порлумон дар ҷойи 4-ум ва исми Бег Қурбонов дар ҷойи 14-ум омадааст.

 

Ҳамакнун, бар иловаи ҷаноби Самиев, ки и.в. раиси шаҳри Қурғонтеппа гардид, Сайдамир Сиёмардов дар Нуробод, Фотеҳ Аминов дар Балҷувон ва Хайрулло Сафаров дар Норак иҷрокунандаи вазифаи раис таъин шудаанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1514-samiev-az-norak-ba-kurghonteppa-meravad.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854