13:02:40 02-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ ТАҒЙИРОТИ КОДРӢ ДАР КОБИНАИ РАҲМОН

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифхон Самиевро аз раёсати нерӯгоҳи "Норак" барканор ва ба шаҳрдории Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, мансуб кардааст.

 

"Норак" бузургтарин нерӯгоҳи обӣ дар Тоҷикистон аст ва барканории оқои Самиев аз раёсати он таҳти мусаввабаи ҳукумати ин кишвар, ки раёсати онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад, сурат мегирад. Оқои Раҳмон ҳамчунин ба унвони президент ё раиси ҷумҳурӣ бо судури ду фармони ҷудогона Иззатулло Зоировро аз раёсати шаҳри Қурғонтеппа барканор ва ба ҷойи ӯ Шарифхон Самиевро кафили раёсати ин шаҳр таъйин кардааст.

 

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармонҳое дигар Зиёратшо Саъдуллоро аз раёсати ноҳияи Нуробод, дар шарқи ин кишвар, барканор ва Сайдамир Сиёмардовро ба ҷойи ӯ таъйин кардааст. Ҳамчунин, Бег Қурбонов аз раёсти ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон барканор ва Фотеҳ Аминов ҷойгузини ӯ шудааст. Ҳамроқул Ёров низ аз раёсати шаҳри Норак сабукдӯш ва Хайрулло Сафаров ба ин симат мансуб шудааст.

 

Дар ин миён, бештари ин афрод шахсиятҳои чандон шинохтае дар ҷомеъаи Тоҷикистон нестанд, вале Шарифхон Самиев аз афроди мавриди таваҷҷуҳи умумӣ дар кобинаи Президент Раҳмон аст. Вай ду сол пеш, замоне ки раиси ширкати "Барқи тоҷик" буд, мавриди интиқодҳои шадиди расонаҳои маҳаллӣ қарор гирифт. Сипас оқои Раҳмон дар ҷаласае расмӣ ӯро ихтор дод ва дар ҷаласае дигар ба хотири фаъолиятҳои номуассир ва ё "ноуҳдабароӣ" ӯро аз ин мақом барканор кард.

 

Баъдтар ӯ ба таври ғайримунтазирае ба раёсати нерӯгоҳи "Норак" мансуб шуд, ҳарчанд мунтақидон мегуфтанд дар даврони раёсати ӯ дар ширкати "Барқи тоҷик" миқдори зиёде аз нерӯи барқи тавлидотӣ дар ҳамин нерӯгоҳ ба сирқат рафта буд.

 

Ба ин тартиб, оқои Самиев дар ин симат низ дер напойид, вале соҳибназарон мегӯянд интисоби вай ба шаҳрдории Қурғонтеппа бад-он маънист, ки вай аз ҷумлаи "одамони худӣ" буда ва оқои Раҳмон намехоҳад ӯро аз ҳалқаи наздикон куллан ба дур бияндозад. Ба ҳар ҳол, Қурғонтеппа бо ҳудуди 90 ҳазор ҷамъият пас аз Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб аз шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва маркази бузургтарин вилоят дар ҷануби ин кишвар аст.

 

Мунтақидони сиёсатҳои кодрии Президент Раҳмон бо ишора ба тағйироти тоза мегӯянд, ки вай боз ҳам ба равиши пешини худ, яъне "ҷойивазкунии кодрҳо" бар мабнои маҳал ва ё садоқатпарастӣ идома медиҳад ва аз ин гуна сиёсатҳо то кунун суде ба мардум нарасидааст. Худи оқои Раҳмон, ки шояд барои ҳалли масоили кодрӣ чорае ҷуз ин кор намебинад, соле пеш дар як ҷаласа гуфта буд, ки "дигар дар кисаам кадр намондааст."

 

Зимнан, ин аввалин иқдомот дар заминаи тағйироти кодрӣ дар ҳайъати давлати Тоҷикистон дар соли 2010 ва дар остонаи интихоботи порлумонии 28 феврал аст, ки бархеҳо интизор доранд ин тағйирот дар ҳафтаҳои оянда низ идома ёбад. Ҳадс зада мешавад раиси ҷумҳури Тоҷикистон мехоҳад бархе аз афроди худ дар ҳукумати иҷроияро дар порлумон ҷой бидиҳад ва ин тағйироти кодрӣ ба ҳадафи тақвияти нуфузи раиси ҷумҳур дар порлумон сурат мегирад.

 

Таваққӯъоти бештари мардум ин аст, ки дар остонаи интихоботи порлумонӣ тағйироти ҷиддие дар кобинаи Президент Раҳмон сурат бигирад ва аз ҷумла, афроди баландпоя ва наздик ба раиси ҷумҳур, ки солиёни зиёде симатҳои умдаи давлатиро дар даст доштаанд, барканор шаванд ва ҳадаф аз тағйироти кодрӣ тағйир дар сиёсатҳои раҳбарӣ низ бошад.

 

Вале таҳлилгарони масоили кодрӣ дар вуқӯъи чунин амре ибрози тардид мекунанд ва мегӯянд барои ин кор иродаи сиёсии кофӣ лозим аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1519-oghozi-taghiyroti-kadri-dar-kobinai-rahmon.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854