БОБОХОНОВ: «ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАБЛИҒИҲО БОЗНИГАРӢ НАМЕШАВАД»
Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабарии имрӯз, 12-уми январ гуфт, бознигарии қарори Додгоҳи олӣ дар бораи экстремистӣ будани фаъолияти “Ҷамоати Таблиғ” дар кишвар ғайримумкин аст. Вай гуфт, “фаъолияти ин ҷамоат дар аксар кишварҳое, ки онҳо ҳузур доранд, фаъолияти экстремистӣ дониста шудааст ва имкон надорад, ки мо қарори худро бознигарӣ кунем”.
Ин дар ҳолест, ки чанде пештар Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ, аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, хоста буд, то ба ҳимояти пайравони Ҷамоати Таблиғ хезанд. Дар ҷавоб Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ гуфт, ки вай дар як нома аз мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ хостааст, то ин қарор бозбинӣ шавад. Зеро, ба гуфтаи оқои Кабирӣ, Ҷамоати Таблиғ иштибоҳан ба феҳристи созмонҳои мамнӯъ ва экстремистӣ дар Тоҷикистон ворид шудааст.
Бобоҷон Бобохонов дар идомаи сӯҳбаташ аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам сӯҳбат кард ва аммо гуфт, ки қисме аз ин ҷиноятҳо марбут ба дасисабозии миёни худи мақомоти интизомӣ, аз ҷумла Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ будааст. Зеро, ба таъкиди ӯ, баъзе аз кормандони ҳифзи ҳуқуқро худи Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ талош кардааст, ки барои пур кардани омор, ба истилоҳ, ба дом афтонад.
Дар ин нишасти хабарии худ Бобоҷон Бобoхонов ҳамчунин гуфт, парвандаи Ҳокишо Тиллоев, собиқ раҳбари ширкати “Тоҷикэйр”, ба Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ интиқол шудааст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, оқои Тиллоев ба сирқати амволи давлатӣ дар замони раҳбарии худ муттаҳам мешавад ва тафтиши парвандаи ӯ ҳам марбут ба Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ будааст.
Каюмарси Ато, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1526-bobokhonov-karor-dar-borai-tablighihoboznigari-nameshavad.html