06:10:09 04-уми Июни 2025 сол

ИНТИҚОДИ ДОДСИТОНИ КУЛ АЗ ОЖОНСИ МУБОРИЗА БО ФАСОД

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди ин кишвар додситонҳоро ба иртикоби ҷароим таҳрик мекунанд. Ба гуфтаи Бобоҷон Бобохонов, дар соли гузашта алайҳи чаҳор додситон дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ки ду мавриди он бо "таҳрики" маъмурони ин ожонс сурат гирифтааст.

 

Дар нишасти матбуъотии Додситонии кулли Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбеи 12 январ баргузор шуд, оқои Бобохонов хабар дод, ки мизони иртикоби ҷароим дар миёни маъмурони ниҳодҳои дигари интизомӣ дар Тоҷикистон низ дар ҳоли афзоиш аст. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, дар соли 2009 алайҳи 174 корманди ниҳодҳои интизомӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, 110 нафар аз онҳо маъмурони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мебошанд. Дар соли гузашта 27 афсари Вазорати дифоъ, панҷ корманди амниятӣ, се масъули Ожонси мубориза бо фасод, чаҳор корманди Кумитаи андоз, даҳ қозӣ ё судя, даҳ маъмури гумрук ва ду корманди Вазорати адлия ба иртикоби ҷароим муттаҳам шудаанд.

 

Бобоҷон Бобохонов ҳамчунин гуфт, ки дар соли гузашта чаҳор корманди додситонӣ низ ба иртикоби ҷароим боздошт шудаанд. Вале, ба гуфтаи вай, дар ду маврид ин кормандон аз сӯйи маъмурони Ожонси мубориза бо фасод "ба иртикоби ҷароим таҳрик (провокатсия) шудаанд."

 

Додситони кул дар ин замина ба мавориди боздошти маъмурони додситонӣ дар ноҳияҳои Ҷиликӯл ва Восеъ дар вилояти Хатлон ишора кард ва гуфт: “Кормандони Ожонси мубориза бо фасод қотилонро барои додани ришва ба додситонҳо водор карда, сипас додситонҳоро боздошт карданд.”

 

Ба эътиқоди оқои Бобохонов, чунин наҳваи мубориза бо фасод, муассир нест, зеро “агар кормандони ин Ожонс ҷинояткореро ошкор кардаанд, бояд онро боздошт ва ба пулис таҳвил диҳанд, на ин ки аз онҳо барои боздошти додситонҳо истифода кунанд.”

 

Ихтилофоти лафзӣ миёни Додситонии кул ва Шерхон Салимзода, раиси пешини Ожонси мубориза бо фасод дар соли гузашта буруз карда буд ва чунин ба назар мерасад, ки ин ихтилоф бо барканории оқои Салимзода аз ин симат низ рафъ нашудааст.

 

Оқои Бобохонов хабар дод, ки Додситонии кул таҳқиқи парвандаи Ҳокимшо Тиллоев, раиси пешини ширкати “ТоҷикЭйр”-ро анҷом дода ва азбаски иттиҳомоти ворида алайҳи вай ба фасод марбут аст, парвандаи ӯро барои идомаи таҳқиқ ба Ожонси мубориза бо фасод таҳвил додааст.

 

Ба гуфтаи вай, собит шудааст, ки оқои Тиллоев бо истифода аз маболиғи ширкат дар дараи Варзоб истахре (кӯле) маснуъӣ сохтааст, ки дар он "ҳатто қоиқҳо шино мекунанд." Вале ба гуфтаи оқои Бобохонов, сарнавишти ин парванда то ҳол рӯшан нест. Додситони кул афзуд, ки дар бораи ин мушкил раиси ҷумҳури Тоҷикистон огоҳ шудааст.

 

Афзоиши ҷароим

Дар ҳамин ҳол, Додситони кул хабар дод, ки дар соли гузашта дар Тоҷикистон мизони иртикоби ҷароим дар маҷмӯъ 6,4 дарсад афзоиш ёфтааст. Ба эътиқоди оқои Бобохонов, афзоиши мавориди қатл (11 дарсад) ва иртикоби ҷароим бо истифода аз силоҳ (12,5 дарсад) нигаронкунанда мебошад.

 

Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, дар соли гузашта мавориди иртикоби ҷароими марбут ба қочоқи маводди мухаддир (15,5 дарсад), роҳзанӣ (14,3 дарсад) ва иртикоби ҷароим аз сӯйи гурӯҳҳои ҷиноятпеша (9,5 дарсад) афзоиш ёфтааст.

 

Ба эътиқоди Бобоҷон Бобохонов, раванди афзоиши мизони ҷароим дар чанд соли ахир мушоҳида мешавад. Вай афзуд: “Соле чанд дарсад зиёд мешавад, баъд як сол камтар мешавад, вале дар маҷмӯъ ин амр ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст.”

 

Оқои Бобохонов дар бораи сабабҳои эҳтимолии афзоиши ҷароим дар Тоҷикистон чизе нагуфт, вале бархе аз коршиносон ин амрро бо асароти буҳрони иқтисодии соли гузашта, аз ҷумла бозгашти зиёди муҳоҷирон ба ватан ва афзоиши бекорӣ иртибот медиҳанд.

 

Оқои Бобохонов дар ин нишасти матбуъотӣ ҳамчунин хабар дод, ки назорат бар иҷрои фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фурӯши саҳоми нерӯгоҳи “Роғун” ба дӯши вай вогузор шудааст.

 

Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки касе ҳақ надорад нафари дигареро ба харидории ин саҳмияҳо ба сурати иҷборӣ водор созад. Вай афзуд: “То ҳол ба мо ҳеҷ шикояти расмие дар ин замина ворид нашудааст. Вале агар чунин иттилоъе пайдо шуд, ҳатман ба он расидагӣ хоҳем кард.”

 

Ҷамоъати таблиғ - гурӮҳе ифротгаро?

Дар ин нишасти хабарӣ оқои Бобохонов гуфт, ки дар соли гузашта дар Тоҷикистон алайҳи се нафар аз шаҳрвандон дар робита бо узвияти онҳо дар Алқоъида парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вай хабар дод, ки ҳоло ин парвандаҳо таҳқиқ мешаванд.

 

Ҳамчунин, дар соли гузашта алайҳи ҳафт нафар аз пайравони Салафия дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Зимнан, додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи душанбеи 11 январ муҳокимаи ин афрод ба раҳбарии домулло Сироҷиддинро оғоз кардааст.

 

Дар соли 2009 дар Тоҷикистон, ба гуфтаи оқои Бобохонов, ҳамчунин алайҳи нӯҳ нафар аз аъзои эҳтимолии Ҳизбуттаҳрир ва чаҳор мазнун ба узвият дар Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вай афзуд, ки чанд парванда алайҳи беш аз сад нафар аз пайравони Ҷамоъати таблиғ низ, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон аз соли 2003 ба ин сӯ мамнӯъ аст, боз шудааст.

 

Дар робита бо баҳсҳое дар матбуъот, ки оё ин гурӯҳ воқеъан тундрав ё ифротгаро аст, оқои Бобохонов гуфт, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон пайравони ин гурӯҳ ифротгаро дониста мешаванд ва ӯ ҳеч далелеро барои лағви ҳукми Додгоҳи олӣ дар мавриди мамнӯъияти ин гурӯҳ намебинад.

 

Ин дар ҳолест, ки пештар Акбари Тӯраҷонзода, аз рӯҳониёни саршинос ва узви порлумон, дар суханрониҳои худ хостори раҳоии пайравони "Ҷамоъати таблиғ" шуд ва гуфт, ки онҳо ифротгаро нестанд ва ҷуз таблиғи ислом кори дигаре, ки ғайриқонунӣ бошад, накардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1532-intikodi-dodsitoni-kul-az-ojonsii-muboriza-bo-fasod.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854