ЗАРИФӢ ИНТИХОБОТРО «ИМТИҲОНИ ҶИДДӢ" НОМИД
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфт барои баргузории интихоботи шаффоф ва демократӣ дар кишвар ҳамаи заминаҳо мавҷуданд. Вай ин интихоботи порлумониро, ки қарор аст, 28-уми феврал баргузор шавад, "имтиҳони ҷиддӣ барои Тоҷикистон" унвон кард. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар ин мавзӯъ бо роҳбари ҳайати нозирони САҲА, ки имрӯз вориди Душанбе шудааст, сӯҳбат доштааст.
Ӯ афзуд, интихобот дар вазъи озод ва шаффоф хоҳад гузашт ва супориши раисҷумҳури Тоҷикистон ба сохторҳои маҳаллӣ ҷиҳати адами мудохила ба ҷараёни интихобот иҷро хоҳад шуд. Изҳороти Зарифӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳафтаи гузашта намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ба истиснои Ҳизби халқӣ-демократӣ, дар дидор бо фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ аз монеаҳои интихоботи шаффоф ва одилона шиква карданд, ҳарчанд низ эътироф намуданд, ки фурсати мусоиде барои як интихоботи озод вуҷуд дорад ва набояд аз даст дода шавад.
Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин ба мушкили ҳамлу нақли коло тавассути роҳи оҳани Узбакистон ба Тоҷикистон ишора кард ва гуфт, ин мушкил ангезаи сиёсӣ надорад. Ӯ изофа кард, ин мушкил на танҳо хоси Узбакистон аст, балки дар роҳи оҳани Туркманистон низ вуҷуд дорад ва ба зарфият ва имконоти шабакаҳои роҳи оҳан бастагӣ дорад.
Соҳибкорон шикоят кардаанд, ки зиёда аз 1000 вагон моли муҳими онҳо дар истгоҳҳои роҳи оҳани Узбакистон якуним моҳ ба ин сӯ боздошта шудааст ва масъулони роҳи оҳани Узбакистон сабаби ин таъхирро шарҳ намедиҳанд. Ҷаноби Зарифӣ боз хабар дод, ки Тоҷикистон дар имсол мизбони нишасти Созмони Кофанронси Исломӣ хоҳад буд ва дар он иштироки вазирони корҳои хориҷӣ аз сад кишвар дар назар аст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1564--l-q-.html