ФАТТОҲ САИДОВ: "КАСЕ БЕПУЛ АФВ НАШУДААСТ"
Раиси ожонси мубориза бо фасод мегӯяд аксари аҳкоми афв дар нисбати зиндониёни тоҷик бар ивази пул амалӣ мешаванд. Фаттоҳ Саидов, дар нишасти матбуотии рӯзи сешанбе 26 январ дар посух ба саволи марбут ба вуҷуди ришваситонӣ бар авази амалӣ шудани аҳкоми афв ба зиндониён гуфт: "Ҳеҷ чиз аз чашми мардум пинҳон намемонад ва мо ҳам мебинем. Қариб ягон маврид аз ин авфҳо бе харҷи иловагӣ сурат намегирад!"
Вай афзуд, ки чандин парванда дар се моҳи гузашта ба қазоёъи амалӣ кардани Қонуни афв вобаста будааст. Вай аз ҷумла гуфт, боздошти бархе мақомоти ноҳияи Восеъ ва Ҷиликӯл ва қозии ноҳияи Фирдавсӣ дар робита ба ришваситонӣ барои татбиқи қонуни афв сурат гирифтааст. Оқои Саидов ҳамчунин гуфт, ки маҳз фаъолияти кормандони ожонсӣ дар ошкор кардани ҷиноёти марбут ба татбиқи Қонуни афв "нофаҳмиҳо байни ожонсӣ ва дигар мақомот"-ро ба бор овардааст.
Ин дар ҳолест, ки Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуъотии ахири худ кормандони ожонсии мубориза бо фасодро ба таҳрики кормандонаш ба ҷиноят ва сипас боздошти онҳо муттаҳам карда буд.
Вай гуфт, ки дар соли гузашта чаҳор корманди ниҳоди вай ба иртикоби ҷароим боздошт шудаанд. Вале, ба гуфтаи оқои Бобохонов дар ду маврид ин кормандон аз сӯйи маъмурони Ожонси мубориза бо фасод "ба иртикоби ҷароим таҳрик (провокатсия) шудаанд."
Оқои Саидов ин иттиҳомотро бепоя хонд ва гуфт, ки кулия тасмимот ва фаъолияти кормандони ожонсӣ дар қиболи кормандони додситонӣ дар ҷаҳорчуби қонун сурат гирифтааст. Ожонси мубориза бо фасод дар соли 2009 дар кул алайҳи 84 корманди интизоми парванда боз кардааст, ки аксари ин парвандаҳо ба додгоҳҳо ирсол шудаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1617--q-q.html