02:48:20 01-уми Июни 2025 сол

ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН РИСОЛАТИ ТАЪРИХӢ ДОРАНД

Мусоҳибаи Қосими Бекмуҳаммад бо Эсен Усубалиев, муовини раиси

Маркази мустақили таҳлилӣ ва мутолиотии «Дин, ҳуқуқ ва сиёсат» (Қирғизистон)

 

- То ҷое банда иттилоъ дорам, Маркази мустақили таҳлилӣ ва мутолиотии «Дин, ҳуқук ва сиёсат» ва шахсан худи Шумо муддатҳо боз рӯи тарҳи нави ба истилоҳ геополитикие, ки дар он Қирғизистон ва Тоҷикистон дорои нақши фавқулъода фаъол хоҳанд буд, кор мекунед. Имкон дорад, ки дар мавриди ҷузъиёти он барои хонандагони маҷалла иттилоъ бидиҳед?

 

- Зимнан Шумо нахустин рӯзноманигоре мебошед, ки ба истиснои ҳамкорони Маркази мо дар бораи ин тарҳ иттилоъ касб мекунед ва агар андеша ва дидгоҳҳои мо мавриди таваҷҷуҳ ва ҳимояти дӯстони тоҷик ва бахусус мақомоти расмӣ ва ниҳодҳои мутолиотии Тоҷикистон қарор бигирад, ҷои қадрдонӣ ва ташаккур хоҳад дошт. Таври маълум, даврони «кашфи» Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ нишон дод, ки сиёсатҳои бархе аз кишварҳои тавонманд, ки бо мардумони минтақа дорои алоиқу иртиботи таърихӣ, фарҳангӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ мебошанд, рақобат ва ҳамчашмӣ барои нуфуз дар Осиёи Марказиро ба бор овард, ки дар натиҷа на танҳо дар заминаи иртиботи кишварҳои тозаистиқлол бо ҷаҳони хориҷ, балки дар мавриди ҳамкориҳои дохилии онҳо низ мушкилоти фаровоне эҷод гардид.

 

Масалан, Туркия бо доштани умумияти қавмӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ бо бештари мардумони минтақа натавонист ба ҳастаи асосии ҳамгироии иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил шавад. Вуҷуд надоштани марзи муштарак бо минтақа ва ҳамчунин нажодмеҳвар будани сиёсати пантуркизм, ки худ ба худ ширкати Тоҷикистонро ба унвони намояндаи нажоди форс истисно мекард, амалан имкони ба муваффақият даст ёфтан дар Осиёи Марказиро надошт.

 

Вале ҳамзамон сиёсати Эрон, ки ҳадафи тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро дунбол мекунад, алорағми талошҳои кишварҳои ғарбӣ барои маҳдуд намудани он, боз ҳам тавонистааст батадриҷ хислати собит касб кунад ва дар заминаҳои мухталифи равобити худ бо Осиёи Марказӣ аз дурнамои рушди муносиб бархурдор гардад. Албатта, дар ин росто бояд муровидоти нажодиву фарҳангӣ ва динии миёни Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мадди назар қарор дода шавад.

 

Дар маҷмӯъ муносиботи Туркияву Эрон бо минтақа, ки ҳарду дорои қаробати нажодӣ, фарҳангӣ ва динӣ бо мардумони Осиёи Марказӣ мебошанд, муваффақ арзёбӣ мешавад, вале боз ҳам то ҳанӯз натавонистааст мабно ва асосеро барои ҳамкории воқеӣ миёни мардумони на танҳо аз назари нажодӣ, балки фарҳангиву динӣ ба ҳам наздик, омода созад. Ҳам Туркия ва ҳам Эрон дар паи пиёда кардани сиёсате ҳастанд, ки манофеи старатегии онҳо тақозо менамояд.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854