ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН РИСОЛАТИ ТАЪРИХӢ ДОРАНД
Танҳо Тоҷикистон
шарики воқеии Қирғизистон аст
- Дар робита ба ин мавзӯъ нақши худи кишварҳои минтақа ва махсусан Тоҷикистону Қирғизистон чигуна тасаввур мешавад?
- Тавре мову шумо медонем, дар Осиёи Марказӣ сатҳи дохилии ихтилофот вуҷуд дорад, ки умдаи он ба рақобати Қазоқистон ва Узбакистон барои пешвоии минтақа иртибот гирифта, мусалламан на танҳо ба Қирғизистон, балки Тоҷикистон низ таъсир мегузорад. Солҳои рушди мустақилонаи кишварҳои минтақа нишон дод, ки аз он фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворие, ки замоне дар Шӯравӣ вуҷуд дошт, ҳоло танҳо ҷуз шиор чизе боқӣ намондааст.
Дар баробари Қирғизистон ва Тоҷикистон кор гирифтан аз сиёсати асосёфта ба зӯр ба як таҷрубаи маъмули даврони пасошӯравӣ мубаддал шудааст. Фишорҳои пайваста аз тарафи Узбакистон ва Қазоқистон дар робита ба таҳвили маводи энержӣ ба ин ду кишвар, масоилу мушкилоти марзӣ, ҳамчунин кӯшиши таҳмили низоми барои Қирғизистон ва Тоҷикистон зиёнбори фаъолияти таъсисоти асосии гидротехникӣ ба сурати бисёр возеҳу рушан муносиботи мавҷуд дар минтақаро бозгӯ мекунад. Дар чунин шароит Қирғизистон ба ин натиҷаи воқеӣ мерасад, ки дар Осиёи Марказӣ ба истиснои Тоҷикистон шарики дигаре надорад, ки битавонад барояш муносиботи дорои ҳуқуқи баробар ва одилонаро замонат диҳад.
Ин воқеият, ки Туркия ва Эрон ба унвони ду маркази таърихии нуфуз рӯи Осиёи Марказӣ натавонистаанд аз зарфияти худ барои эҷоди фазои васеъи иртиботу ҳамкорӣ миёни мардумони аз назари нажодӣ, фарҳангӣ ва динӣ ба ҳам наздики минтақа истифода кунанд, ин ҳақро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ медиҳад, ки худашон бар асоси қаробати тамаддунӣ ибтикори роҳандозии раванди наздиксозии фарҳангӣ ва сиёсии давлатҳоеро ба даст гиранд, ки ба ҳавзаи иштирокоти форсҳо ва туркҳо мутааллиқ мебошанд.
Ин нақшро ду халқи қадими минтақа - тоҷикҳо ба унвони намояндаи нажоди қадими форс ва қирғизҳо ба унвони намояндаи нажоди қадими турк дар Осиёи Марказӣ метавонанд бар ӯҳда бигиранд. Ин ду халқ ҳаққи таърихӣ доранд, то ибтикор ба ташкили чунин форумро бикунанд ва аз ин тариқ дар рушди ҳамкорӣ ба хотири шукуфоии мутақобилу муштараки кишварҳои мутааллиқ ба тамаддуни умумӣ саҳм бигиранд. Худи вазъ Қирғизистону Тоҷикистонро ба миёнҷигарии байни ду маркази ёдшудаи нуфуз водошта, зарурати воқеии ташкили абзор ва механизми коршиносиву машваратӣ дар заминаи ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ миёни мардумони нажоди турк ва форс ба манзури субот ва рушду шукуфоии муштаракро ба миён меоварад. Қирғизистону Тоҷикистон бояд рисолати таърихии худро иҷро кунанд.