ИНТИХОБИ ЗУҲУРОВ ҚАДАМЕ БА ПЕШ ХОҲАД БУД
Ба таваҷҷӯҳи роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва ашхоси алоҳидае, ки номзадиашонро дар интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ пешбарӣ кардаанд, мерасонем, ки онҳо аз саҳифаҳои сомонаи «Рӯзгор» барои таблиғи барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоб ва номзадҳои хеш бидуни мушкилӣ метавонанд истифода намоянд. Лутфан маводҳоро ба почтаи электронии мо дар шакли дар барномаи Word таҳиягардида бифиристед. Чанд лаҳза пеш аз тариқи почтаи электронии хеш мо мақолаи Қосими Бекмуҳаммадро таҳти унвони «Интихоби Зуҳуров қадаме ба пеш хоҳад буд» гирифтем ва инак онро пешкашатон менамоем.
Фикр намекунам, ки арзёбиҳои коршиносон аз он ки раиси ояндаи Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров хоҳад буд, беасос бошанд. Зеро, ба истилоҳ, ҳам биография ва ҳам география барои расидан ба ин ҳадаф ба вай кӯмак мекунанд.
Ва ин нукта, ки яке аз мушовирини раиси ҷумҳур дар рӯзи таътил барои муаррифии Шукурҷон Зуҳуров дар ҳавзаи шумораи 12-и ноҳияи Рашт ҳозир шуд, ҳикоят аз ҷиддияти мавзӯъ ва воқеӣ будани чунин пешбиниҳоро дорад.
Вале ба назари банда муҳимтар ин аст, ки Шукурҷон Зуҳуров дар миёни чанд нафар номзадҳои эҳтимолӣ интихоби муваффақтаре хоҳад буд. Чаро ки ҳам таҷрубаи хуби роҳбарӣ дорад ва ҳам аз шохисҳои сифатие бархурдор аст, ки барои масъули сатҳи миллӣ лозим мебошад.
Онҳое, ки дар солҳои мухталиф ҳамкори Шукурҷон Зуҳуров буданд, дар канори заҳматкашӣ ва эҳсоси масъулият дар баробари анҷоми умур, тамкин, хештандорӣ ва мантиқгароиро аз вижагиҳои хоси вай медонанд. Аҷиб аст, ки тибқи маъмул, замоне ба мусоҳиб зикр нагардидани ному насаб тазмин дода мешавад, аз ёдоварии камбудиҳо ва заъфҳои шахсии ин ё он мақоми расмӣ (алабатта ба истиснои чанд нафари сатҳи олӣ) парҳез намекунанд.
Вале ба зеҳни мусоҳибони мо тақрибан мавриди манфие дар робита ба шахсияти Шукурҷон Зуҳуров нарасид, ки худ ба худ баҳои баланд аст. Раёсати эҳтимолии вай ба нақш ва ҷойгоҳи Маҷлиси намояндагон таъсири мусбат хоҳад гузошт.
Нахустин талошҳои шохаи мустақили қудрати расмӣ нишон додани парлумон маҳз дар замони фаъолияти ҳайати нави Маҷлиси намояндагон анҷом хоҳад шуд ва дар сурати интихоби Шукурҷон Зуҳуров ба унвони раиси он, ин раванди таҳаввул, ки ниёзи рушди давлатдории миллии мост, ба таври тадриҷӣ ва ҳадафманд ҷараён хоҳад гирифт.
Ҷудо аз мавзӯи дар раёсати Маҷлис қарор гирифтан ё нагирифтани Шукурҷон Зуҳуров, бидуни тардид, вакил будани вай ба суди қонунгузории миллии Тоҷикистон аст. Хулоса, бархилофи хеле аз интихобҳо ва интисобҳое, ки дар мавриди раҳбарони сатҳи миллӣ ва бахусус вазоратҳо сурат мегирад ва аз он дар доираи коршиносон ва ё кормандони соҳаи марбута ба унвони «пой кӯфтан дар як ҷой» ва ҳатто бадтар аз он - «қадаме ба ақиб» ёд мешавад, омадани Шукурҷон Зуҳуров ба раёсати Маҷлиси намояндагон қатъан қадаме ба пеш хоҳад буд.
Қосими Бекмуҳаммад, махсус барои «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1623-2010-01-26-20-37-16.html