ПЕШНИҲОДҲОИ ЗАРИФӢ ДАР ИҶЛОСИ ЛАНДАН
Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар иҷлоси байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон, ки дар Ландан баргузор мешавад, ба сармоягузорон панҷ тарҳ пешниҳод мекунад.
Вай рӯзи чаҳоршанбеи 27 январ Истонбулро дар раъси ҳайъате аз мақомоти тоҷикистонӣ ба қасди Ландан тарк кард. Ҳамроҳхон Зарифӣ ҷониби Тоҷикистонро дар иҷлоси байналмилалии Афғонистон муъаррифӣ мекунад. Оқои Зарифӣ барои ширкат дар ин иҷлос, ки дар он намояндагони кишварҳои мухталиф назарот ва пешниҳодҳои худро барои истиқрори субот ва амният дар Афғонистон ироа мекунанд, бо бастае иборат аз панҷ тарҳи иқтисодии муштарак ба Ландан сафар кард.
Ҳарчанд мавзӯъи музокира ва муъомила бо гурӯҳҳои Толибон дар Афғонистон ва барномаи ҷадиди Ҳомид Карзай дар заминаи мусолеҳа бо Толибон аз мавзӯъоти муҳимми матруҳа дар иҷлоси Ландан хоҳад буд, вазири умури хориҷии Тоҷикистон қабл аз сафар гуфт: "Мо дар ин масъала дахолат карда наметавонем."
Қарор аст раиси ҷумҳурии Афғонистон дар иҷлоси Ландан аз тарҳи ҷадиди мусолеҳа бо Толибон дифоъ кунад. Ин тарҳ шомили шароите ба мисли ҷалби аъзои муътадили гурӯҳи Толибон ба кор дар муассисоти давлатӣ будааст. Ба назар мерасад, ки ҳарчанд Тоҷикистон аз ин пешниҳоди давлати Карзай зиёд хушҳол нест, вале эътирозе низ нисбат ба ин масъала надорад.
Ҳамроҳхон Зарифӣ дар ин бора дар нишасти хабарии ахири худ гуфта буд: "10-12 сол пеш, қариб тамоми дунё омода буд Толибонро ба расмият бишносад, вале мо мухолиф будем. Ҳоло низ сиёсати давлати мо дар қиболи Толибон иваз нашудааст. Вале мо ба давлати Карзай эътимод дорем ва тасмимгирӣ дар ин масъала вазифаи давлати Афғонистон аст."
Вай афзуд, ки ҳадафи Тоҷикистон аз ширкат дар иҷлоси Ландан ироаи бастае аз тарҳҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорон барои анҷоми онҳо дар Тоҷикистон ва Афғонистон аст.
Ин баста шомили тарҳҳои зерин аст:
- Эҳдоси роҳи оҳан аз Туркманистон ба Тоҷикистон аз тариқи Мазори Шарифи Афғонистон;
- Бунёди роҳи утумубилгард аз Тоҷикистон ба Туркманистон аз тариқи Мазори Шариф;
- Кашидани лӯлаҳои гоз аз Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Афғонистон;
- Тарҳи САSA 1000 барои эҳдоси хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути қаламрави Афғонистон;
- Тарҳи кашидани хатти интиқоли барқи 220 КВ аз Тоҷикистон ба Кундузи Афғонистон.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи телевизиюни давлатии Афғонистон, ахиран мақомоти зирабти ин кишвар ва Ӯзбакистон дар шаҳри Мазори Шариф созишномаеро дар бораи эҳдоси роҳи оҳан аз шаҳри Ҳайратони Ӯзбакистон то Мазори Шариф имзо кардаанд.
Иҷлоси байналмилалии Ландан дар мавриди Афғонистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки рӯзи сешанбеи 26 январ мақомот ва раҳбарони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар нишасти Истонбул мавзеъҳои худро ҳамоҳанг карданд. Дар ин нишаст руасои ҷумҳури Туркия ва Покистон, муъовини нахуствазири Эрон ва мақомоти баландпояи кишварҳои дигари минтақа, Русия ва Омрикову Бритониё ширкат доштанд.
Ҳомид Карзай пас аз анҷоми ин нишаст гуфтааст, ки кишварҳои минтақа дар ин нишаст аз тарҳи ҷадидаш дар заминаи мусолеҳа бо Толибон пуштибонӣ карданд. Вай афзудааст, ки қасд дорад барои иҷрои ин барнома аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар иҷлоси Ландан, ки рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад, кумаки молӣ дархост кунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1624-2010-01-27-15-56-25.html