ҶАЛАСАИ СОЛОНАИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН
Дар ҷаласаи солонаи давлати Тоҷикистон аз фаъолияти вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои дигари давлатӣ дар соли 2009 натиҷагирӣ мешавад.
Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҷаласа соъати ҳашти субҳи рӯзи ҷумъаи 29-уми январ оғоз шуд ва он таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, идома дорад. Мавзӯъи аслии он натиҷагирӣ аз рушди иқтисодӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон дар соли 2009 будааст. Тибқи ин хабар, то кунуни бархе аз вузарои Тоҷикистон, аз ҷумла вазири рушди иқтисод ва тиҷорати ин кишвар, аз фаъолияти ниҳодҳои хеш дар соли гузашта гузориш додаанд.
Дар ин ҷаласа вазирон ва раҳбарони идораҳои давлатӣ, раҳбарони вилоятҳо ва руасои навоҳии мухталифи Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Ба гуфтаи иддае аз коршиносон, дар ҷаласоти қаблии давлат раиси ҷумҳурии Тоҷикистон маъмулан тағйироти кодрӣ дар кобинаи худро роҳандозӣ мекард ва аз ин рӯ ба ақидаи онҳо, интизор меравад дар ҷаласаи имрӯз низ Президент Раҳмон иддае аз мақомотро барканор кунад.
Раванди тағйироти кодрӣ дар кобинаи давлати Тоҷикистон қабл аз фарорасии соли ҷадиди мелодӣ оғоз ёфта ва ҳамчунин руасои бархе аз навоҳии кишвар низ табдил шудаанд.
Гузашта аз ин, бархе аз раҳбарони вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ба феҳрасти номзадҳои ҳизби ҳоким ба интихоботи порлумонӣ шомил шудаанд ва бо дарназардошти имкони пирӯзии онҳо, интизор меравад ба ин симатҳо афроди дигаре таъйин шаванд.
Вале бо таваҷҷуҳ ба ин нукта, ки ҷаласаи солонаи давлати Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад дошт, ба эҳтимоли зиёд, фармонҳо дар бораи тағйироти кодрӣ аз сӯйи раиси ҷумҳурӣ рӯзи шанбе содир хоҳанд шуд.
Телевизиюни давлатии Тоҷикистон маъмулан аз раванди ҷаласаҳои солонаи давлат гузоришҳои тӯлоние таҳия мекунад ва шоми ҳамон рӯз намоиш медиҳад. Интизор меравад шоми имрӯз низ чунин гузорише пахш шавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1634-2010-01-29-08-01-45.html