13:55:51 02-уми Июни 2025 сол

ИНТИҚОДИ ШАРИПОВ АЗ "ФУРӮШИ ИҶБОРИИ" САҲОМИ "РОҒУН"

Раиси Ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия” дар номае ба Президент Раҳмон аз наҳваи ба гуфтаи ӯ иҷбории фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун” башиддат интиқод кардааст.  Ба гуфтаи Каромат Шарипов, афроди машкуке дар манотиқи мухталифи Русия аз номи Президент Раҳмон муҳоҷиронро ба харидории ин саҳмияҳо маҷбур мекунанд.

 

Оқои Шарипов аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хостааст, ки фурӯши ин саҳмияҳоро ба танзим дароварад. Ба эътиқоди оқои Шарипов, наҳваи фурӯши ин саҳмияҳо дар Русия бо меъёрҳои ахлоқӣ муғоир аст. Дар номаи худ оқои Шарипов ба мавориди фурӯши ин саҳмияҳо дар вилояти Краснодари Русия ишора карда ва менависад, ки “афроде аз номи Шумо (Президент Раҳмон) муҳоҷиронро бо таҳдид ба харидории ин саҳмияҳо маҷбур месозанд.”

 

Раиси Ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия” аз Президент Раҳмон хостааст: “Шумо ба унвони ҳомии шаҳрвандони тоҷик дар кадом кишваре, ки онҳо дар он қарор надошта бошанд, бояд ин муҳоҷиронро аз чунин таҳдидҳо ҳифз кунед.”

 

Оқои Шарипов таъкид карда, ки Ҷунбиши "Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия” аз даъвати Президент Раҳмон барои харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун” пуштибонӣ мекунад. Раёсати ин созмон ба давлати Тоҷикистон пешниҳод кардааст барои ҳар як хонаводаи тоҷике, ки пайвандони онҳо дар Русия ҷони худро аз даст додаанд, ба маблағи сад сомонӣ саҳмия харидорӣ кунад.

 

Ҳамчунин, ин созмон тасмим дорад барои ҳар як нафар аз куҳансарбозони ҷанги солҳои 1941-1945, ҳар як донишҷӯйи тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунад ва ҳар як зиндонии тоҷик, ки дар маҳбасҳои Русия ба сар мебарад, як саҳмияи садсомонӣ харидорӣ кунад.

 

Ба навиштаи оқои Шарипов, ин пешниҳод ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шудааст, вале то ҳол ин ҷунбиш посухе дар ин замина дарёфт накардааст. Вай таъкид кардааст, ки ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ҳамчунон аз ҳамкорӣ бо ин созмон сарфи назар мекунанд.

 

Ба эътиқоди Каромат Шарипов, давлати Тоҷикистон ба ҷойи истифода аз нерӯи ин созмон барои таблиғи саҳоми нерӯгоҳи “Роғун” нафаронеро ба Русия эъзом кардааст, ки “наҳваи таблиғоти онҳо мӯҷиби нигаронии муҳоҷирони тоҷик шудааст.”

 

Оқои Шарипов дар номаи худ ҳамчунин хабар додааст, ки ҳатто Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар масҷиди марказии Маскав дар чорчӯби корзори интихоботӣ харидории самияҳои нерӯгоҳи “Роғун”-ро таблиғ мекунад.

 

Ба навиштаи вай, муҳоҷирони тоҷик дар номаҳои худ, ки ба Ҷунбиши муҳоҷирони корӣ мефиристанд, аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар тақвими вақти намоз, ки ҳамчун шабнома тавзеъ мешавад, даъват кардааст, “ки маболиғи худро барои "Роғун" дареғ надоранд.”

 

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 29 январ дар ҷаласаи солонаи кобинаи давлати ин кишвар дастур додааст, ки барои назорат бар харҷи маболиғи аз фурӯши саҳмияҳои “Роғун” ба даст омада як кумисиюни ҷамъиятӣ таъсис дода шавад. Таъкид шудааст, ки ба узвияти ин кумисиюн бояд намояндаҳои созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои гурӯҳӣ интихоб шаванд.

 

Президент Раҳмон ҳамчунин хостааст, ки иттилоъ дар бораи маблағи аз фурӯши саҳмияҳои “Роғун” ба даст омада бояд дар ҳар 10 рӯз як бор эълом шавад. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 6 январ ба ин сӯ дар ин кишвар ба маблағи ҳудуди 670 милюн сомонӣ саҳмияҳои “Роғун” харидорӣ шудаанд.

 

Ин дар ҳолест, ки наҳваи иҷбории фурӯши ин саҳмияҳо мавриди нигаронии ҷомеъаи Тоҷикистон шудааст.

 

Дар ҳафтаи гузашта Шариф Раҳимзода, раиси Бонки милли Тоҷикистон, барои бори нахуст эълом дошт, ки мақомоти бархе аз навоҳӣ “ба хотири худнамоӣ мардумро ба харидории ин саҳмияҳо маҷбур мекунанд. Вале ин амр мухолифи дархости Президент Раҳмон дар бораи ихтиёрӣ будани ин амр аст.”

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1639--q-q-qq.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854