ДОДСИТОНИ КУЛЛИ ТОҶИКИСТОН БАРКАНОР ШУД
Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармоне Бобоҷон Бобохоновро аз симати Додситони кулли Тоҷикистон сабукдӯш карда ва Шерхони Салимзодаро ҷойгузини вай кардааст. Қаблан гузориш шуда буд, ки дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон раиси ҷумҳурӣ додситони кул ва раиси Додгоҳи олии Тоҷикистонро ба хотири навоқис дар корашон, аз ҷумла дар иртибот бо мушкилоти вобаста ба заминфурӯшӣ, башиддат интиқод кардааст.
Бобоҷон Бобохонов, ки тайи даҳ соли ахир дар симати Додситони кулли Тоҷикистон фаъолият дошт, аз чеҳраҳои бонуфуз дар ин кишвар ба шумор мерафт. Дар даврони додситонии вай чанд тан аз чеҳраҳои саршиноси даврони ҷанги дохилӣ ва аз мақомоти давлати Тоҷикистон, аз ҷумла Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, боздошт ва равонаи зиндон шудаанд.
Зимнан, Шерхони Салимзода чанде пеш мушовири давлатии раиси ҷумҳур дар умури ҳуқуқӣ таъйин шуда буд. То он замон оқои Салимзода раёсати Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Дар замони раёсати вай дар ин ожонс ихтилофоте миёни ин ниҳод ва Додситонии кул, ки бештар ба салоҳиятҳои онҳо марбут буда, буруз кард.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1643-2010-01-30-12-18-51.html