ШЕРХОН САЛИМЗОДА ДОДСИТОНИ КУЛ ШУД
Хабаргузории расмии Ховар менависад, имрӯз бо як амри раисҷумҳури Тоҷикистон Шерхон Салимзода додситони кулли кишвар таъйин шуд. Дар ин мақом ӯ Бобоҷон Бобохоновро иваз кард. Ш. Салимзода 53 сол дошта, зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон аст.
Баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ӯ аз оғози солҳои 1980 ба ҳайси ҳуқуқшинос, муовини додситон ва муфаттиш дар манотиқи Кӯлобу Бадахшон, додситони ноҳияи Фрунзеи пойтахт ва баъдан прокурори шаҳри Душанбе (солҳои 1998-2002) ифои вазифа кардааст. Баъди ин ӯ ба ҳайси вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон кор карда, соли 2005 раҳбарии кумитаи Маҷлиси намояндагонро оид ба қонун ба дӯш доштааст.
Марҳилаи шиносоии бештари кори ӯ дар чашми ҷомеаи Тоҷикистон ба соли 2007 мувофиқ меояд. Дар таърихи 10-уми январи он сол ӯ раҳбарии Оҷонсии тозаташкили мубориза бо фасод ва ҷиноятҳои коррупсионии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт. Вале баъди ду соли кор дар ин вазифа дар баробари ситоиш аз муборизаи ҳамаҷониба зидди фасод дар сохторҳои мухталифи давлатӣ, аммо интиқодҳо ҳам ба ҷониби ин ниҳоди давлатӣ зиёд шуд, ки тавони мубориза бо фасоду ришватро дар сатҳи мақомоти баландпояи давлатӣ надорад.
Ҳамзамон, муносиботи ду ниҳод - Оҷонсии мбуориза бар зидди фасод зери раҳбарии вақти Шерхон Салимзода ва додситонии кул бо раҳбарии Бобоҷон Бобохонов дар ҳоли таниш қарор дошт. Ин таниш пас аз барканории оқои Салимзода аз раисии Оҷонсӣ ва таъини ӯ ба мақоми мушовири давлатии президент дар масоили сиёсати ҳуқуқӣ низ хомӯш нанишаст ва ахиран Бобоҷон Бобохонов ба унвони додситони кулли Тоҷикистон кормандони Оҷонсии мубориза бар зидди фасодро ба провокатсия нисбат ба кормандони додситонӣ муттаҳам карда буд.
Аз курсиҳои ҳукуматӢ ба порлумон
Имрӯз ҳамчунин бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон як қатор мансабдорони дигар, ки аз ҷониби ҲХДТ номзад ба вакилии порлумон пешниҳод шудаанд, аз мансабҳои худ барканор шуданд.
Ҳамин гуна, Шермуҳаммади Шоҳиён курсии раиси Шӯрои адлияро ба ҳамакнун собиқ муовини аввали раиси Додгоҳи Олӣ Зафар Азизов дод. Хайриниссо Юсуфӣ бо курсии раҳбари Кумитаи кор бо занон ва оила хайрухуш кард ва Низом Қосим дигар мудири шабакаи телевизионии кӯдакони "Баҳористон" нест.
Азизмад Имомов аз муовинати аввали вазири адлия, Сайфулло Гиёев аз муовинати раиси Додгоҳи Олӣ, Маҳмадшариф Ҳақдодов аз муовинати вазири саноат ва энержӣ барканор шуданд. Бар илова, раисҷумҳури Тоҷикистон Абдусамеъ Додобоевро аз курсии муовини аввали Додситонии кулл ва Юсуфалӣ Муродовро аз курсии муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии кишвар барканор кард.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1644-2010-01-30-12-26-43.html