ДАЪВАТИ ҒАЙРИНАВБАТИИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 30-уми январ, соати 16:00 баъд аз зуҳри вақти Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти раисҷумҳур, президент Раҳмон ҳамин рӯз дар ин бора фармон содир кард. Дар бораи сабаби даъвати ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва рӯзномаи кори он маълумот дода намешавад. Дар ҳоли ҳозир, рӯзи дуввуми ҷаласаи васеъи солонаи ҳукумати Тоҷикистон зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, идома дорад ва интизор меравад, дар он баъзе тағйироти кадрӣ ба вуқӯъ ояд.
Дар рӯзи аввали ҷаласа раиси Додгоҳи олӣ ва додситони кулли Тоҷикистон барои камбуд ва нуқсонҳо дар фаъолияти корияшон аз ҷониби раисҷумҳур шадидан интиқод шунида буданд.
Мувофиқи қонун барканорӣ ва таъини раҳбарони Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон бо пешниҳод ва тасдиқи Маҷлиси миллӣ сурат мегирад. Аз ин рӯ, бештари коршиносон ҳадс мезананд, ки даъвати ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ низ ба масъалаҳои тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон рабт дорад.
Маҷлиси миллӣ палатаи болоии порлумони Тоҷикистон мебошад ва аз 33 узв иборат аст. Ҳашт узви Маҷлиси миллӣ аз ҷониби президент таъин мешавад ва боқимондаашон интихоб мегарданд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1645-2010-01-30-17-02-01.html