13:10:28 02-уми Июни 2025 сол

ИСТЕЪФОИ ХАЙРИНИСО ВА ЧАНД МАҚОМИ ДИГАР

Дар рӯзи дуввуми ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати ҳукумати кишварчанд тағйироти дигар низ ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилоъи дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Шерхон Салимзода аз вазифаи мушовири давлатии президент дар масоили сиёсати ҳуқуқӣ озод гардид ва ба ҷои Бобоҷон Бобохонов ба маснади додситонии кулли Тоҷикистон нишаст. Бобоҷон Бобохонов аз ин вазифа ба нафақа рафт.

 

Имрӯз ҳамчунин бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон як қатор мансабдорони дигар, ки аз ҷониби ҲХДТ номзад ба вакилии порлумон пешниҳод шудаанд, аз мансабҳои худ барканор шуданд. Ҳамин гуна, Шермуҳаммади Шоҳиён курсии раиси Шӯрои адлияро ба ҳамакнун собиқ муовини аввали раиси Додгоҳи Олӣ Зафар Азизов дод. Хайринисо Юсуфӣ бо курсии раҳбари Кумитаи кор бо занон ва оила хайрухуш кард ва Низом Қосим дигар мудири шабакаи телевизионии кӯдакони "Баҳористон" нест. Раиси Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд Мунаввар Кенҷаева низ аз вазифа озод шуд.

 

Азизмад Имомов аз муовинати аввали вазири адлия, Сайфулло Гиёев аз муовинати раиси Додгоҳи Олӣ, Маҳмадшариф Ҳақдодов аз муовинати вазири саноат ва энержӣ барканор шуданд. Бар илова, раисҷумҳури Тоҷикистон Абдусамеъ Додобоевро аз курсии муовини аввали Додситонии кулл ва Юсуфалӣ Муродовро аз курсии муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии кишвар барканор кард, якеро бо сабаби ба кори дигар гузаштан ва дигареро бо сабаби ба нафақа баромадан. Рустам Баротов аз вазифаи мудири Маркази идораи лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ бо сабаби бемасъулиятӣ озод шуд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1647-2010-01-30-17-28-25.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854